АЗ ХАЗИНАИ МО
Кошта шудани тухми ҳақиқат дар Португалия
КИШТӢ аз уқёнуси Атлантика гузашта ба самти Аврупо шино мекард. Яке аз мусофирони он Ҷорҷ Янг буд, ки аз Бразилия меомад. Ӯ дар бораи хизмати самарабахши худ дар Бразилия бо хурсандӣ мулоҳиза мерондa. Лекин дар рафти сафар бародар Янг инчунин оиди таъйиноти наваш фикр мекард. Ӯ бояд ба Испаниё ва Португалия сафар карда, коштани тухми ҳақиқатро сар мекард. Чунки ҳоло дар ин минтақаҳои калон хушхабар паҳн нашуда буд. Бародар Янг ният дошт, ки дар он ҷо барои баромад кардани Ҷорҷ Рутерфорд ҷойи мувофиқ ёбад, корҳои лозимаро ба анҷом расонад ва 300 000 рисоларо ба одамон тақсим кунад.
Ҷорҷ Янг ба бисёр ҷойҳо сафар мекард, то кори мавъизаро пеш барад
Дар натиҷаи инқилоби соли 1910 ҳокимияти подшоҳӣ дар Португалия сарнагун шуд ва таъсири калисои католикӣ ба мардум камтар гашт. Баъди ин, халқ озодии бештар ба даст оварда бошад ҳам, лекин дар мамлакат бесарусомониҳои шаҳрвандӣ давом меёфтанд. Барои ҳамин, вақте ки бародар Янг баҳори соли 1925 ба Португалия омад, дар Лиссабон вазъияти сиёсӣ то ҳол ноором буд.
Ҷорҷ Янг барои баргузор гаштани нутқи бародар Рутерфорд ҳама чиро омода кард. Лекин айнан ҳамон вақт аз тарафи ҳокимият бо сабаби шӯришҳои сиёсӣ вазъи ҳарбӣ эълон шуда буд. Котиби Ҷамъияти Китоби Муқаддас дар Бритониё ва хориҷа бародар Янгро огоҳ кард, ки ӯ бо муқобилияти зиёд дучор мешавад. Вале нигоҳ накарда ба ин, Ҷорҷ аз роҳбарони мактаби ба номи Камоэнс барои истифода бурдани варзишгоҳи он иҷозат пурсид ва онҳо розӣ шуданд.
Инак 13-уми май фаро расид, рӯзе ки бародар Рутерфорд бояд бо нутқ баромад мекард. Одамон бесаброна нутқи ӯро, ки «Чӣ тавр дар замин абадан зистан мумкин аст?» ном дошт, интизор буданд. Зеро дар плакатҳо ва рӯзномаҳо оиди он эълон навишта шуда буд. Мухолифони динӣ даррав дар рӯзномаи худ мақолаеро чоп карда, одамонро огоҳ карданд, ки «пайғамбарони бардурӯғ»-и навомадаро гӯш накунанд. Инчунин онҳо дар пеши дарвозаи варзишгоҳ истода, ба мардум ҳазорон брошураҳо тақсим мекарданд, ки дар онҳо таълимоти бародар Рутерфорд танқид ва сиёҳ карда шуда буд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар толор 2 000 одам ҷамъ шуд ва боз ҳамин қадар одамон аз сабаби ҷой нарасиданаш дар берун меистоданд. Барои ҳамин баъзе хоҳишмандон ҳатто ба зинапояҳои ресмонӣ ва дигар асбобҳои варзишӣ баромада, аз он ҷо тамошо мекарданд.
Мухолифон дар давоми гуфтани нутқ низ халал мерасонданд. Онҳо дод мезаданд ва курсиҳоро мешикастанд. Вале бародар Рутерфорд худро гум накарда, оромона ба болои миз баромад, то ки дигарон ӯро хуб шунаванд. Нутқи ӯ қариб то нисфи шаб давом кард. Баъди ба охир расидани он, зиёда аз 1 200 нафар шавқмандон ному суроғаи худро гузоштанд, то адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта ба онҳо фиристода шавад. Рӯзи дигар, дар рӯзномаи «У-Секулу» оиди нутқи бародар Рутерфорд мақолае нашр шуд.
Аз сентябри соли 1925 сар карда, дар Португалия маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» бо забони португалӣ ба нашр баромад (пештар он фақат дар Бразилия чоп мешуд). Тахминан он вақт як Тадқиқотчии Китоби Муқаддас Верҷилио Фергесен хост, ки аз Бразилия ба Португалия кӯчида, ба кори мавъиза кӯмак кунад. Солҳои пеш ӯ дар филиали хурди Бразилия бо бародар Янг ҳамкорӣ карда буд. Дере нагузашта, Верҷилио бо занаш Лизи ба Португалия кӯчиданд. Онҳо маҳз дар вақташ омаданд, чунки бародар Янг таъйиноти нав гирифта, ба наздикӣ бояд аз Португалия мерафт. Ӯ бояд ба дигар ҷойҳо, аз он ҷумла ба Иттиҳоди Шӯравӣ рафта хизматашро давом медод.
Иҷозатномае, ки ба Лизи ва Верҷилио барои истиқомат дар Португалия дода шуда буд, с. 1928
Вақте ки дар натиҷаи табаддулоти ҳарбӣ дар Португалия сохти давлатдории диктатурӣ ҷорӣ шуд, ба кори мавъиза зиддият пурзӯр шуд. Бародар Фергесен далерона амал намуда, гурӯҳи хурди Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ва фаъолияти онҳоро дастгирӣ мекард. Ӯ ҳаракат мекард, ки барои хонаашро чун ҷойи доимии вохӯриҳо истифода бурдан аз давлат иҷозат гирад. Моҳи октябри соли 1927 ба вай иҷозат дода шуд.
Дар соли якуми давлатдории диктатурӣ қариб 450 сокинони Португалия ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» обуна шуданд. Илова бар ин, ба воситаи рисолаю брошураҳо хушхабар дар тамоми гӯшаю канори империяи Поругалия — Ангола, ҷазираҳои Азор, Кабо-Верду, Тимори Шарқӣ, Гоа, Мадейра ва Мозамбик паҳн шуд.
Соли 1929 як боғбони хоксори португалӣ Мануэл да-Силва-Ҷордан ба Лиссабон омад. Ӯ вақти дар Бразилия зиндагӣ карданаш нутқи бародар Янгро шунида, даррав пай бурд, ки он садои ҳақиқат аст. Ӯ сахт хост, ки дар васеъ кардани кори мавъиза дар Португалия ба бародар Фергесен ёрӣ диҳад. Бо ин мақсад, Мануэл чун панҳкунандаи китоб (яъне пешрав) хизмат карданро сар кард. Вақте ки чоп ва паҳнкунии адабиёт дар Португалия хуб ба роҳ монда шуд, ҷамъомадҳои нав дар Лиссабон ривоҷу равнақ ёфтанд.
Соли 1934 ҳамсарон Фергесенҳо бояд ба Бразилия бармегаштанд. Лекин дар Португалия тухми ҳақиқат аллакай кошта шуда буд. Нигоҳ накарда ба он ки аз сабаби Ҷанги шарҳвандии Испаниё ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Аврупо нотинҷӣ буд, гурӯҳи бародарони содиқ дар Португалия тавонистанд, ки рӯҳан зинда монанд. Онҳо муддате ба лахчаи хомӯшшудаистода монанд буданд, лекин соли 1947, вақте ки Ҷон Кук баъди хатми мактаби Ҷилъод чун миссионер ба ин ҷо фиристода шуд, онҳо гӯё аз нав фурӯзон шуданд. Баъди ин, шумораи воизони Салтанат торафт зиёд шуд. Ва ҳатто вақте ки соли 1962 давлати Португалия фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро манъ кард, зиёд шудани шумораи воизон давом ёфт. Моҳи декабри соли 1974, вақте ки фаъолияти Шоҳидони Яҳува ба қайди давлатӣ гирифта шуд, шумораи воизон дар мамлакат зиёда аз 13 000 нафарро ташкил медод.
Имрӯз дар Португалия ва якчанд ҷазираҳое, ки сокинонаш бо забони португалӣ гап мезананд, аз он ҷумла ҷазираҳои Азор ва Мадейра, беш аз 50 000 воизони Салтанат хушхабарро мавъиза мекунанд. Дар байни ин воизон насли сеюми касоне мебошанд, ки нутқҳои таърихии бародар Рутерфордро соли 1925 гӯш карда буданд.
Мо аз Яҳува ва он бародарону хоҳарони содиқ, ки далерона «чун хизматгузори Исои Масеҳ... хушхабари Худоро ба халқҳои дигар» паҳн карда буданд, хеле миннатдорем (Рум. 15:15, 16). (Аз хазинаи мо дар Португалия.)
a Ба мақолаи «Ҳоло дар дарав кор бисёр аст» нигаред («Бурҷи дидбонӣ» аз 15 майи с. 2014, саҳ. 31, 32).