Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза», ки дар ҳафтаи аз 30 апрели с. 2012 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Дар барномаи такрори мавзӯъҳо санае илова карда шудааст, ки дар он фикри манфиатбахш дида баромада мешавад, ҳамин тавр иштирокчиёни мактаб тадқиқот гузаронида метавонанд.
1. Барои чӣ китоби Ирмиё ба мо фоиданок аст? [5 март, si-U саҳ. 143, сарх. 36]
2. Чӣ тавр имрӯз Яҳува моро аз таъқибот халосӣ дода метавонад? (Ирм. 1:8) [5 март, w05-U 15.12 саҳ. 23, сарх. 18]
3. Кай ва чӣ тавр тадҳиншудагон ба «тариқҳои қадимӣ» баргаштанд? (Ирм. 6:16) [12 март, w05-U 1.11, саҳ. 24, сарх. 12]
4. Чаро гуфтан мумкин аст, ки имрӯз «баласон (балзам) дар Ҷилъод» ҳаст? (Ирм. 8:22) [19 март, w10-U 1.6, саҳ. 22, сарх. 3 — саҳ. 23, сарх. 4]
5. Ба кадом маъно Яҳува доварии эълон кардаашро ботил мекунад ё аз он пушаймон мешавад? (Ирм. 18:7, 8) [2 апр., jr-U, саҳ. 151, замима]
6. Чӣ тавр Яҳува Ирмиёро «саргарм [фиреб, ТДН]» кард ва мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем? (Ирм. 20:7) [2 апр., jr-U, саҳ. 36, сарх. 8]
7. Оё амри дар ин оят навишташуда ҳуқуқи Исои Масеҳро оиди мерос гирифтани тахти Довуд рад намуд? (Ирм. 22:30) [9 апр., w07-U 15.03, саҳ. 10]
8. Барои чӣ Яҳува ба халқи қадимии худ гуфта метавонист, ки «туро бо марҳамат ба Худ ҷалб намудам»? (Ирм. 31:3) [23 апр., jr-U, саҳ. 142, сарх. 8 — саҳ. 145, сарх. 11]
9. Ба кадом маъно қонуни Худо дар дилҳо навишта шудааст? (Ирм. 31:33) [23 апр., w07-U 15.3, саҳ. 11, сарх. 2]
10. Бо кадом мақсад барои як шартнома ду нусха тайёр карда шуда буд? (Ирм. 32:10–15) [30 апр., w07-U 15.3, саҳ. 11, сарх. 3]