Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза», ки дар ҳафтаи аз 25-уми феврали с. 2013 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Дар барномаи такрори мавзӯъҳо санае илова карда шудааст, ки дар он фикри манфиатбахш дида баромада мешавад.
1. Чаро Исо гуфт, ки «мотамзадагон» хушбахт хоҳанд шуд? (Мат. 5:4) [7 янв., w09-U 15.2, саҳ. 6, сарх. 6]
2. Дар дуое, ки Исо ба шогирдонаш чун намуна дод, «моро ба озмоиш дучор накун» гуфтани ӯ чӣ маъно дошт? (Мат. 6:13) [7 янв., w04-U 1.2, саҳ. 16, сарх. 13]
3. Чаро Исо гуфт, ки пеш аз он ки шогирдонаш мавъиза карда, ҳамаи шаҳрҳоро тай кунанд, «Писари Одам хоҳад омад»? (Мат. 10:23) [14 янв., w10 15.9, саҳ. 6, сарх. 12; w88-U 15.8, саҳ. 22, сарх. 6]
4. Исо дар масали оиди донаи хардал овардааш диққатро ба кадом ду чиз равона кард? (Мат. 13:31, 32) [21 янв., w08-U 15.7, саҳ. 17, 18, сарх. 3–8]
5. «Агар руҷӯъ накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Малакути Осмон нахоҳед даромад» гуфта, Исо чиро таълим додан мехост? (Мат. 18:3) [28 янв., w07-U 1.2, саҳ. 9, 10, сарх. 3, 4]
6. «Ту гуфтӣ» гуфтани Исо чӣ маъно дошт? (Мат. 26:63, 64) [11 фев., w11-U 1.6, саҳ. 18]
7. Чаро Исо «оғои рӯзи шанбе» номида шудааст? (Марқ. 2:28) [18 фев., w08-U 15.2, саҳ. 28, сарх. 7]
8. Барои чӣ Исо ба модар ва бародарони худ тавре ҷавоб дод, ки дар Марқӯс 3:31–35 навишта шудааст ва мо аз ин чӣ дарс мегирем? [18 фев., w08-U 15.2, саҳ. 29, сарх. 5]
9. Чаро Исо, чуноне ки дар Марқӯс 8:22–25 навишта шудааст, марди нобиноро яку якбора шифо надод ва мо аз ин чӣ омӯхта метавонем? [25 фев., w00-U 15.2, саҳ. 17, сарх. 7]
10. Мо аз он ки Исо дар ҷавоб ба эътирози Петрус чӣ гуна муносибат кард, чӣ меомӯзем? (Марқ. 8:32–34) [25 фев., w08-U 15.2, саҳ. 29, сарх. 6]