Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза», ки дар ҳафтаи аз 29-уми декабри с. 2014 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд.
Муносибати мо ба талаботи дар Такрори Шариат 14:1 овардашуда, ки чун нишонаи ғаму андӯҳ нисбати шахси мурда, захмдор кардани худро манъ мекунад, чӣ гуна аст? [3 нояб., w04-U 15.9. саҳ. 27, сарх. 4]
Мақсад аз он ки подшоҳони Исроил бояд қонуни Худоро нусхабардорӣ мекарданд ва онро «тамоми айёми зиндагии худ» мехонданд, дар чӣ буд? (Такр. Ш. 17:18–20) [3 нояб., w02-U 15.6. саҳ. 12, сарх. 4]
Барои чӣ гуфта шудааст, ки «барзагов ва харро якҷоя баста, шудгор накун» ва чӣ тавр аҳком оиди юғи бегона ба масеҳиён дахл дорад? (Такр. Ш. 22:10) [10 нояб., w03-U 15.10. саҳ. 32]
Барои чӣ «осиё ё санги болои онро ба гарав» гирифтан мумкин набуд? (Такр. Ш. 24:6) [17 нояб., w04-U 15.9. саҳ. 26, сарх. 3]
Исроилиён бояд бо кадом рӯҳия ба Худо итоат мекарданд ва чӣ бояд барои хизмат кардан ба Яҳува моро қувват бахшад? (Такр. Ш. 28:47) [24 нояб., w10 15.9. саҳ. 3, сарх. 4]
Дар Такрори Шариат 30:19, 20 кадом се талаботи асосӣ барои онҳое, ки ҳаётро интихоб мекунанд, оварда шудааст? [24 нояб., w10 15.2. саҳ. 2, сарх. 17]
Оё аз мо талаб карда мешавад, ки тамоми Китоби Муқаддасро — аз Ҳастӣ то Ваҳй нимовоз хонем? Фаҳмонед (Еҳ. 1:8, ТДН). [8 дек., w13 15.4. саҳ. 7, сарх. 4]
«Пешвои лашкари Худованд», ки дар Еҳушаъ 5:14, 15 ёдрас карда мешавад, кист ва мо аз ин чӣ тавр рӯҳбаландӣ мегирем? [8 дек., w04-U 1.12. саҳ. 9, сарх. 2]
Чӣ Охонро ба гуноҳ тела дод ва мо аз намунаи бади ӯ чӣ ибрат гирифта метавонем? (Еҳ. 7:20, 21) [15 дек., w10 15.4. саҳ. 1, сарх. 2, 5]
Чӣ тавр намунаи Колеб имрӯз моро рӯҳбаланд мекунад? (Еҳ. 14:10–13) [29 дек., w04-U 1.12. саҳ. 12, сарх. 2]