ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp21 № 3 саҳ. 4-5
  • Ояндаи шумо дар асл ба чӣ вобаста аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ояндаи шумо дар асл ба чӣ вобаста аст?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • КАДОМ КОРҲО?
  • ОЁ ИН МАШҒУЛИЯТҲО, ДАР АСЛ, БА ОДАМОН КУМАК МЕКУНАНД?
  • Аз оянда хотирҷамъ будан — орзуи ҳамагон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Оё барои ояндаи хушбахт доштан инсони хуб будан басанда аст?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Оё маълумоти олӣ ва пул кафолати ояндаи дурахшон буда метавонанд?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
wp21 № 3 саҳ. 4-5
Расмҳо: 1. Фолбине аз рӯйи қарта занеро фол мекушояд. 2. Асбоби фолбинӣ. 3. Зане барои хешованди марҳумаш хӯрок ва гул оварда, бухур месӯзонад.

Ояндаи шумо, дар асл, ба чӣ вобаста аст?

Бисёр одамон бовар доранд, ки кадом қувваҳои ноаёне ба ояндаи онҳо таъсир мерасонанд. Бинобар ин барои беҳтар гардондани ояндаи худ онҳо ба баъзе корҳо даст мезананд.

КАДОМ КОРҲО?

СИТОРАШИНОСӢ: Баъзеҳо бовар доранд, ки ояндаи инсон ба он вобаста аст, ки ҳангоми таваллуд шуданаш ситораҳои осмон дар кадом тартиб ҷойгир буданд. Аз ин рӯ барои худро аз хатарҳои оянда эмин доштан ё комёб гаштан толеъ мебинанд.

ФОЛБИНӢ: Ба ақидаи баъзеҳо назди фолбин равӣ, ӯ мегӯяд, ки барои чӣ ин ё он чиз ба сарат омадааст ва бояд чӣ кор кунӣ. Онҳо бовар доранд, ки агар сабаби рӯйдодро фаҳмӣ, роҳи ҳаллашро ёфта муваффақ мегардӣ.

ПАРАСТИШИ АҶДОДОН: Инчунин ҳастанд онҳое, ки ба ақидаашон барои худро муҳофизат намудан ё соҳиби баракат гаштан розигии гузаштагон ё як қатор худоёнро ба даст овардан лозим. Вэн, ки аз Ветнам аст, мегӯяд: «Ман бовар доштам, ки агар розигии гузаштагонро ба даст орам, ҳаётам беҳтар мегардад ва ба аҳли хонаводаам ояндаи дурахшонро муҳайё мегардонам».

РЕИНКАРНАТСИЯ: Бисёр одамон ихлос доранд, ки баъд аз марг инсон боз таваллуд мешавад ва ҳамин хел ҳаёташ гаштаю баргашта давом меёбад. Ба ақидаи онҳо ҳар неку баде, ки бо онҳо рӯй медиҳад, ба он вобаста аст, ки дар ҳаёти пешинаашон чӣ кор мекарданд.

Ногуфта намонад, ки бисёр одамон чунин ақидаҳоро ҳурофотпарастӣ меҳисобанд. Вале ҳамзамон ба фолбинӣ, илму амал ва дигар корҳо даст мезананд. Онҳо «аз карнайчӣ як пуф» гуфта, ин корҳоро бо нияти фаҳмидани ояндаашон мекунанд.

ОЁ ИН МАШҒУЛИЯТҲО, ДАР АСЛ, БА ОДАМОН КУМАК МЕКУНАНД?

Оё касоне, ки ба ин корҳо даст мезананд, соҳиби ҳаёти осуда ва ояндаи дурахшон гаштаанд?

Бинед Ҳау ном марди ветнамӣ чӣ мегӯяд. Пеш ӯ аз ситорашиносӣ, фолбинӣ ва парастиши аҷдодон роҳнамоӣ меҷуст. Оё ӯ комёбӣ ба даст овард? Ҳау мегӯяд: «Ман бе як тин мондам, қарздор шудам. Дар оилаам душвориҳо пайдо шуданд. Асабҳоям бошанд, хароб гаштанд».

Чоменг, ки аз давлати Тайван мебошад, инчунин ба ситорашиносӣ, реинкарнатсия, толеънома, фолбинӣ ва ибодати аҷдодон ихлос дошт. Вале баъд аз тадқиқ кардани ин гуна мавзӯъҳо ӯ ба хулоса омад: «Ман дарк намудам, ки чунин таълимот ва урфу одатҳо дар асл ба ҳамдигар муқобил буда сари одамро гаранг мекунанд». Масалан, пешгӯйие, ки ситорашиносон мекунанд, аксар вақт хато мебарояд. Дар мавриди таълимоти реинкарнатсия бошад, ба хулоса омадам, ки агар ҳаёти пешинаи шахс дар ёдаш набошад, пас, чӣ тавр ӯ дар ҳаёти наваш ислоҳ шуда хушбахтӣ ба даст оварда метавонад?»

«Ман дарк намудам, ки чунин таълимот ва урфу одатҳо дар асл ба ҳамдигар муқобил буда сари одамро гаранг мекунанд» (ЧОМЕНГ, ТАЙВАН).

Чи хеле ки Чоменг, Ҳау ва дигарон фаҳмиданд, ояндаи мо ба толеъ, ситорашиносӣ, парастиши аҷдодон ва реинкарнатсия вобаста нест. Пас, магар мо ояндаамонро дигар карда наметавонем?

ҚАРОРИ ДУРУСТ БАРОВАРДАН АҲАМИЯТ ДОРАД

Рост аст, ки бисёр чизеро, ки дар ҳаётамон рӯй медиҳад, мо идора карда наметавонем. Ҳамзамон аз таҷриба гуфта метавонем, ки қарорҳое, ки қабул мекунем, ба ояндаамон таъсир мекунад. Масалан, ҳангоми сар задани COVID-19 мо дастонамонро мешӯем ва ниқоб мепӯшем, зеро ин тавр карда худро муҳофизат мекунем. Хулоса, қарорҳоямон аҳамият дорад.

Албатта, барои натиҷаи хуб ба даст овардан қарорҳоямон бояд хирадмандона бошад. Қариб 2000 сол пеш устоди бохираде ин фикрро ин тавр ба қалам овардааст: «Он чӣ одам мекорад, ҳамонро медаравад»a.

Бисёр одамон фикр мекунанд, ки барои ояндаи дурахшон доштан маълумоти олӣ ва пули бисёр даркор. Онҳое, ки аз пайи ин чизҳоянд, магар комёбӣ ба даст меоранд?

a Ин суханон аз Китоби Муқаддас, аз Ғалотиён 6:7, гирифта шудаанд. Фикри ба ин монанд дар ҳикмати шарқие омадааст: «Харбуза шинонӣ харбуза мегирӣ, ғаладона шинонӣ ғаладона».

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан