ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w22 июн саҳ. 14-19
  • Муҳаббат бар тарс ғолиб меояд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Муҳаббат бар тарс ғолиб меояд
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Зерсарлавҳаҳо
  • ТАРС АЗ ОН КИ ОИЛААМОНРО ТАЪМИН КАРДА НАМЕТАВОНЕМ
  • ОДАМТАРСӢ
  • ТАРС АЗ МАРГ
  • БАР ТАРСИ ХУД ҒОЛИБ МЕОЕМ!
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
w22 июн саҳ. 14-19

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 26

Муҳаббат бар тарс ғолиб меояд

«Яҳува бо ман аст, нахоҳам тарсид» (ЗАБ. 118:6).

СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»

ПЕШГУФТОРa

1. Баъзе вазъиятҳое, ки моро ба тарс оварда метавонанд, кадоманд?

ДАР ҳаёт ҳар гуна вазъият рӯй дода метавонад. Масалан, Нестер ва ҳамсараш Марияb мехостанд доираи хизматашонро васеъ кунанд. Онҳо мефаҳмиданд, ки барои ин бояд ҳаёташонро одитар гардонанд, лекин метарсиданд, ки бо пули кам хушбахт намешаванд. Вақте Бенямин таъмид гирифта Шоҳиди Яҳува шуд, дар давлаташон ба фаъолиятамон зиддият нишон медоданд. Бенямин дарк мекард, ки бо озор рӯ ба рӯ шуда метавонад, вале ӯ бештар аз он хавотир буд, ки аъзои оилааш дини нави ӯро чӣ хел қабул мекарда бошанд. Ба хоҳар Валери бошад, духтурон гуфтанд, ки ӯ намуди хавфноки саратон дорад. Ба ӯ духтуреро, ки эътиқодашро ба назар гирифта ӯро ҷарроҳӣ карда метавонист, ёфтан душвор буд. Аз ин рӯ ӯ тарсид, ки мемирад.

2. Чаро мо бояд кӯшиш кунем, ки ба тарс дода нашавем?

2 Оё шумо чунин тарсу хавотирӣ доштаед? Бисёрамон дорем. Лекин, агар мо тарсамонро идора накунем, қарорҳои нодуруст мебарорем, ки дар навбати худ ба муносибатамон бо Яҳува таъсири манфӣ мерасонад. Шайтон маҳз ҳаминро мехоҳад. Ӯ тарсамонро истифода бурда тавре карда метавонад, ки мо ба қонунҳои Худо беитоат мешавем — ҳатто ба амраш дар бораи паҳн кардани хушхабар (Ошкор. 12:17). Шайтон бадкор, бераҳм ва пурқудрат аст. Бо вуҷуди ин мо худро аз ӯ муҳофизат карда метавонем. Чӣ тавр?

3. Чӣ ба мо кумак мекунад, ки бар тарсамон ғолиб оем?

3 Агар мо боварӣ дошта бошем, ки Яҳува моро дӯст медорад ва бо мо аст, аз ҳамлаҳои Шайтон ҳеҷ гоҳ наметарсем (Заб. 118:6). Барои мисол, нависандае, ки Забур 118-ро ба қалам овардааст, бо вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ шуда буд: Ӯ душманони зиёд дошт, ҳатто аз қатори одамони соҳибқудрат (оятҳои 9 ва 10), ба ӯ фишор меоварданд (ояти 13), инчунин Яҳува ӯро танбеҳ дода буд (ояти 18). Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ чунин сароид: «Нахоҳам тарсид». Чаро забурнавис дар дил чунин оромӣ дошт? Зеро ӯ шубҳае намекард, ки Яҳува ӯро танбеҳ диҳад ҳам, ӯро дӯст медорад ва ҳама вақт тайёр аст ба ӯ мадад расонад (Заб. 118:29).

4. Агар боварӣ дошта бошем, ки Яҳува моро дӯст медорад, аз кадом ҷиҳатҳо бар тарс ғолиб омада метавонем?

4 Мо бояд боварии комил дошта бошем, ки Яҳува шахсан моро дӯст медорад. Чунин боварӣ кумак мекунад, ки аз се ҷиҳат бар тарс ғолиб оем: 1) тарс аз он ки оилаамонро таъмин карда наметавонем, 2) одамтарсӣ ва 3) тарс аз марг. Шахсоне, ки дар сархати аввал дар бораашон гуфта будем, бар тарсҳои худ ғолиб омаданд, чунки заррае ҳам шубҳа намекарданд, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад.

ТАРС АЗ ОН КИ ОИЛААМОНРО ТАЪМИН КАРДА НАМЕТАВОНЕМ

Бародаре бо писарчааш моҳӣ сайд карда истодааст.

Бародаре бо писарчааш барои пеш бурдани зиндагии худ моҳӣ сайд карда истодааст (Ба сархати 5 нигаред.)

5. Чӣ гуна вазъиятҳо сабаби ташвишу хавотирии сардори оила шуда метавонад? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

5 Сардорони оила кӯшиш мекунанд, ки аҳли хонаводаашонро аз ҷиҳати моддӣ таъмин кунанд (1 Тим. 5:8). Агар шумо сардори оила бошед, мумкин дар давоми пандемия қариб буд, ки коратонро аз даст додед. Эҳтимол, шумо тарсидед, ки чӣ тавр оилаи худро бо хӯрок ва ҷойи зист таъмин мекунед. Инчунин хавотир шудед, ки агар коратонро аз даст диҳед, дигар ягон кор намеёбед. Ё мисли Нестор ва Мария, ки дар сархати аввал дар бораашон гуфта будем, шумо шояд фикр мекардед, ки агар даромади оилаатон кам шавад, хушбахт намешавед. Бояд гуфт, ки Шайтон ба воситаи чунин тарсҳо бисёр касонро аз роҳ задааст.

6. Шайтон кӯшиш мекунад, ки моро ба чӣ боварӣ бахшад?

6 Шайтон кӯшиш мекунад, то моро боварӣ бахшад, ки Яҳува парвои моро надорад ва дар таъмин кардани оилаамон ба мо кумак намекунад. Ба ин дурӯғи Иблис дода шуда масеҳӣ фикр карда метавонад, ки корашро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз даст диҳад, ҳатто агар он ба муносибаташ бо Яҳува зарар расонад.

7. Исо моро ба чӣ боварӣ мебахшад?

7 Исо, ки Падарашро аз ҳама беҳтар медонад, моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува «ҳатто пеш аз он ки чизеро талаб [кунем]», ниёзамонро медонад (Мат. 6:8). Бале, Исо медонад, ки Яҳува тайёр аст ниёзҳои моро қонеъ гардонад. Ҳар яки мо узви оилаи Яҳува мебошем. Барои ҳамин шубҳае надорем, ки чун Сардори оила Яҳува ҳатман мувофиқи 1-ум Тимотиюс 5:8 амал мекунад.

Хоҳаре бо духтарчааш ҷомашӯӣ мекунад. Бародаре бо занаш ба онҳо хӯрок оварда истодаанд.

Яҳува ниёзҳои моро қонеъ мегардонад. Ӯ ба воситаи ҳамимононамон моро дастгирӣ карда метавонад (Ба сархати 8 нигаред.)d

8. а) Чаро мо набояд тарсем, ки оилаамонро таъмин карда наметавонем? (Матто 6:31–33). б) Чӣ хел мо аз ҳамсароне, ки ба хоҳар хӯрок оварда истодаанд, ибрат гирифта метавонем? (Ба расм нигаред.)

8 Агар мо шубҳа накунем, ки Яҳува моро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ наметарсем, ки бе ризқу рӯзӣ мемонем. (Матто 6:31–33-ро хонед.) Яҳува Таъмингари меҳрубон ва дасткушод аст. Ӯ дар рӯйи замин на танҳо чизҳоеро офарид, ки барои зинда мондани мо муҳиманд, Яҳува аз муҳаббат рӯйи заминро бо чизҳое пур кард, ки ба мо ҳаловат мебахшанд (1 Мӯсо 2:9). Баъзан ҳатто агар танҳо чизҳои зарурӣ ба мо дастрас бошанд, хуб мебуд шукр карда дар ин дасти Яҳуваро бинем (Мат. 6:11). Мо набояд фаромӯш кунем, ки чӣ қурбоние аз ҷиҳати моддӣ накунем, он дар муқоиса бо баракатҳое, ки Яҳува имрӯз ва дар оянда ба мо медиҳад, ҳеҷ аст. Нестор ва Мария инро дарк карданд (Иш. 65:21, 22).

9. Шумо аз намунаи Нестор ва Мария чӣ меомӯзед?

9 Нестор ва Мария дар Колумбия ҳаёти бароҳат доштанд. Онҳо мегӯянд: «Мо мехостем доираи хизматамонро васеъ гардонем, лекин метарсидем, ки агар даромадамон кам шавад, хушбахт намешавем». Чӣ ба онҳо кумак кард, ки тарсро аз худ дур кунанд? Нестор ва Мария мулоҳиза ронданд, ки чӣ қадар Яҳува онҳоро баракат додааст. Ҳамин тавр, вақте дилпур шуданд, қарор карданд, ки аз корҳое, ки маоши хуб мегирифтанд, даст мекашанд. Онҳо хонаашонро фурӯхта ба минтақае кӯчиданд, ки ба воизон ниёз буд. Ҳоло онҳо дар бораи ҳаёташон чӣ мегӯянд? Нестор қайд мекунад: «Мо иҷрошавии Матто 6:33-ро дар ҳаёти худ мебинем. То ҳол ягон бор аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ накашидаем ва ҳозир ҳаёти хушбахтона ба сар мебарем».

ОДАМТАРСӢ

10. Чаро табиист, ки одамон аз якдигар метарсанд?

10 Аз замоне, ки Одаму Ҳавво зидди Худо исён бардоштанд, одамон ба якдигар бадӣ мекунанд (Пандгӯ 8:9). Масалан, ҳокимиятдорон аз мансабашон суиистифода мекунанд, ҷинояткорон ба корҳои бад даст мезананд, кӯдакони бетартиб бошанд, ҳамсинфонашонро ғам медиҳанд, баъзеҳо ҳатто дар оилаи худ ба зӯроварӣ даст мезананд. Барои ҳамин ҷойи тааҷҷуб нест, ки одамон аз якдигар метарсанд. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр Шайтон ин тарсро бар манфиати худ истифода мебарад.

11, 12. Чӣ тавр Шайтон одамтарсиро зидди мо истифода мебарад?

11 Шайтон ба воситаи одамтарсӣ тавре мекунад, ки мо паҳн кардани хушхабар ва ибодати Яҳуваро бас кунем. Зери таъсри ӯ ҳокимиятдорон фаъолияти моро манъ карда халқи Худоро озор медиҳанд (Луқ. 21:12; Ошкор. 2:10). Дар ин дунёи Шайтон бисёр одамон дар бораи мо овозаҳои дурӯғро паҳн мекунанд. Дигарон ба ин овозаҳо бовар намуда моро масхара ё ҳатто латукӯб карда метавонанд (Мат. 10:36). Мо аз ин усулҳои Шайтон ба ҳайрат намеоем, медонем, ки ӯ онҳоро аллакай дар асри як ба кор мебурд (Кор. 5:27, 28, 40).

Бародаре ба ҷамъомад рафта истодааст, волидонаш бошад, аз пасаш доду вой мекунанд.

Ҳатто агар аъзои оилаамон ба мо зиддият нишон диҳанд, Яҳува ҳама вақт моро дӯст хоҳад дошт (Ба сархатҳои 12–14 нигаред.)e

12 Тарс аз ҳокимиятдорон ягона тири Шайтон нест, ки моро ба нишон гирифтааст. Баъзеҳо назар ба латукӯб шудан бештар аз он метарсанд, ки аъзои оилаашон ба эътиқоди онҳо чӣ тавр муносибат мекунанд. Онҳо аҳли хонаводаашонро дӯст медоранд, барои ҳамин мехоҳанд, ки ҳақиқатро донанд ва инчунин Яҳуваро дӯст доранд. Бинобар ин, вақте аъзои оилаашон дар бораи Худои ҳақиқӣ ва халқаш гапҳои сахт мегӯянд, онҳо зиқ мешаванд. Бояд гуфт, ки дар баъзе мавридҳо аъзои оилае, ки пеш зид буданд, баъдтар ҳақиқатро қабул карданд. Вале раваду онҳо аз мо рӯ гардонанд-чӣ? Мо чӣ кор мекунем?

13. Агар аъзои оила аз мо рӯй гардонад, чӣ тавр боварӣ ба муҳаббати Худо ба мо кумак мекунад? (Забур 27:10).

13 Суханоне, ки дар Забур 27:10 навишта шудаанд, дили моро гарм мекунанд. (Оятро хонед.) Агар мо дар ёд дорем, ки Яҳува то чӣ андоза моро дӯст медорад, хешовандонамон аз мо рӯ гардонанд ҳам, ноумед намешавем. Мо боварӣ дорем, ки Яҳува барои истодагариамон ба мо мукофот медиҳад. Ҳеҷ кас мисли ӯ аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ ва рӯҳонӣ дар бораи мо ғамхорӣ карда наметавонад. Бенямин, ки дар борааш дар боло гуфта будем, ҳақ будани ин суханонро аз ҳаёти худ медонад.

14. Шумо аз Бенямин чӣ дарс мегиред?

14 Вақте Бенямин Шоҳиди Яҳува шуд, дарк мекард, ки бо озору азият рӯ ба рӯ шуда метавонад. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр донистани он ки Яҳува ӯро дӯст медорад, ба Бенямин кумак кард, ки одамтарсиро аз худ дур кунад. Ӯ мегӯяд: «Шоҳидони Яҳуваро беҳад озор медоданд, лекин ман назар ба озору азият аз зиддияти оилаам бештар метарсидам. Хавотир будам, ки Шоҳиди Яҳува шавам, падарам зиқ мешавад, аҳли хонаводаам бошанд, аз ман дилхунук мегарданд». Бо вуҷуди ин, Бенямин шубҳа намекард, ки Яҳува онҳоеро, ки дӯст медорад, танҳо намемонад. Бенямин давом медиҳад: «Ман мулоҳиза мерондам, ки чӣ тавр Яҳува ба хизматгоронаш ҳангоми бепулӣ, бадгумонӣ ва фишори атрофиён кумак мекунад. Медонистам, ки агар бо Яҳува бимонам, ӯ маро баракат медиҳад. Вақте маро якчанд бор ҳабс ва ҳатто латукӯб карданд, ман худ дидам, ки Яҳува хизматгори бовафояшро танҳо намегузорад ва ниёзҳои ӯро ҳатман қонеъ мегардонад». Имрӯз Яҳува Падари меҳрубон ва халқаш бошад, аъзои оилаи Бенямин мебошанд.

ТАРС АЗ МАРГ

15. Чаро аз марг тарсидан табиист?

15 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки марг душман аст (1 Қӯр. 15:25, 26). Бале, танҳо фикр дар бораи марг моро ба изтироб меорад, махсусан, вақте ягон шахси наздикамон бемор аст. Чаро мо аз марг метарсем? Зеро Яҳува моро барои ҳаёти ҷовидонӣ офаридааст (Пандгӯ 3:11). Лекин ҳамзамон тарс аз марг кумак мекунад, ки мо ҳаётамонро муҳофизат кунем. Масалан, ба туфайли ин ҳиссиёт мо кӯшиш мекунем, ки хӯроки фоиданок хӯрем, ба варзиш машғул мешавем, агар лозим ояд, ба духтур муроҷиат карда дору менӯшем ва инчунин ба ҳар гуна корҳое, ки ҳаётамонро зери хатар мегузорад, даст намезанем.

16. Чӣ тавр Шайтон тарсамонро аз марг истифода мебарад?

16 Шайтон медонад, ки мо ҳаётамонро қадр мекунем. Ҳамзамон ӯ моро туҳмат карда мегӯяд, ки барои нигоҳ доштани ҳаёти худ мо тайёрем аз баҳри ҳама чиз, аз ҷумла муносибатамон бо Яҳува гузарем (Айюб 2:4, 5). Ин дурӯғ аст! Вале азбаски Шайтон онест, ки «метавонад сабаби марг шавад», ӯ кӯшиш мекунад, ки тарсамонро аз марг истифода бурда, моро ба беитоатӣ тела диҳад (Ибр. 2:14, 15). Баъзан одамон зери таъсири ӯ мегӯянд, ки агар аз имонамон рӯ нагардонем, моро мекушанд. Инчунин, вақте саломатиамон бад мешавад, ӯ аз ин фурсат истифода бурда моро ба кардани корҳое тела медиҳад, ки зидди хости Худоянд. Масалан, духтурон ё аъзои оилаамон, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, маҷбур мекунанд, ки хун гузаронем. Инчунин ягон кас моро водор карда метавонад, то табобатеро интихоб кунем, ки зидди қонунҳои Худо аст.

17. Мувофиқи Румиён 8:37–39 чаро мо набояд аз марг тарсем?

17 Албатта, мо мурдан намехоҳем, вале агар бимирем, медонем, ки марг моро аз муҳаббати Яҳува ҷудо карда наметавонад. (Румиён 8:37–39-ро хонед.) Яҳува дӯстони аз дунё гузаштаашро дар ёдаш нигоҳ медорад, гӯё ки онҳо зинда бошанд (Луқ. 20:37, 38). Ӯ ташнаи он аст, ки онҳоро ба ҳаёт баргардонад (Айюб 14:15). Яҳува моро бо нархи гарон харид, то «соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ» гардем (Юҳ. 3:16). Мо боварӣ дорем, ки ӯ моро беҳад дӯст медорад. Барои ҳамин, ҳатто агар касалии марговар шавем, аз Яҳува дур нахоҳем шуд, баръакс, ба ӯ таваккал намуда тасаллӣ, хирад ва қувват мегирем. Валери ва шавҳараш ҳамин хел карданд (Заб. 41:3).

18. Шумо аз намунаи Валери чӣ омӯхтед?

18 Дар 35-солагиаш духтурон ба Валери гуфтанд, ки як намуд бемории саратон дорад, ки хеле хатарнок аст. Аҳамият диҳед чӣ тавр муҳаббат ба ӯ кумак кард, ки аз тарси марг халос шавад. Валери мегӯяд: «Вақте мо фаҳмидем, ки ман беморам, ҳаётамон дар як лаҳза дигар шуд. Маро бояд фавран ҷарроҳӣ мекарданд, вале аз сабаби он ки ба гузарондани хун розӣ набудам, бисёр духтурон маро ҷарроҳӣ кардан нахостанд. Ман сахт тарсидам, лекин азм кардам, ки чизе нашавад, хун намегузаронам. Яҳува дар ҳаёт ба ман бисёр некӣ кардааст. Барои ҳамин ман ба худ гуфтам: “акнун навбати ман омад, ки муҳаббатамро ба ӯ нишон диҳам”. Ҳар боре ки хабари нохуш мешунидам, бештар азм мекардам, ки Яҳуваро ҷалол дода, намегузорам, ки Шайтон ғолиб ояд. Оқибат маро бе истифодаи хун ҷарроҳӣ карданд. Ҳарчанд имрӯз то ҳол саломатиам хуб нест, Яҳува минбаъд низ ба мо ғамхорӣ мекунад. Масалан, пеш аз он ки дар бораи бемориам фаҳмидам, дар охири ҳафта дар вохӯрӣ мақолаеро мутолиа мекардем, ки “Далерона бо душвориҳои имрӯза мубориза баред” ном доштc. Он мақола ба ман беҳад қувват бахшид. Мо онро гаштаю баргашта мехондем. Чунин мақолаҳо, аз ҷумла хизмат ва вохӯриҳо, ба ману шавҳарам қувват ва оромӣ мебахшиданд, то қарори дуруст барорем».

БАР ТАРСИ ХУД ҒОЛИБ МЕОЕМ!

19. Ба наздикӣ чӣ рӯй медиҳад?

19 Дар саросари ҷаҳон хизматгорони Яҳува бо ёрии ӯ мушкилиҳои зиёдро паси сар мекунанд ва дар муҳориба бо Шайтон ба ӯ тан намедиҳанд (1 Пет. 5:8, 9). Шумо низ дар ин муҳориба муваффақ буда метавонед. Ба наздикӣ Яҳува ба Исо амр медиҳад, ки ҳамроҳи 144 000 подшоҳон «корҳои Иблисро вайрон кунад» (1 Юҳ. 3:8). Баъд аз он хизматгорони Худо дигар аз чизе наметарсанд ва ба даҳшат намеоянд (Иш. 54:14; Мико 4:4). Вале то омадани он замон мо бояд ҷадал намуда бар тарс ғолиб оем.

20. Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки бар тарси худ ғолиб оем?

20 Мо бояд минбаъд низ бовариамонро қавӣ гардонем, ки Яҳува моро дӯст медорад ва муҳофизат мекунад. Инчунин фикр карда метавонем, ки чӣ тавр Яҳува дар гузашта хизматгоронашро дастгирӣ карда буд ва чӣ тавр имрӯз дар вазъиятҳои мушкил шахсан моро дастгирӣ мекунад. Бале, бо ёрии Яҳува мо ҳатман бар тарси худ ғолиб меоем! (Заб. 34:4).

ЧӢ ХЕЛ МУҲАББАТ КУМАК МЕКУНАД, ТО...

  • хавотир нашавем, ки оилаамонро таъмин карда метавонем?

  • бар одамтарсӣ ғолиб оем?

  • аз тарси марг халос шавем?

СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард

a Тарс ҳиссиёти табииест, ки моро аз хатар муҳофизат мекунад. Вале ҳама вақт ба тарс дода шудан хатарнок аст. Барои чӣ? Шайтон ин ҳиссиётамонро зидди худамон ба кор бурда метавонад. Барои ба тарс ғолиб омадан бисёр кӯшиш кардан даркор. Чӣ аз ин ҷиҳат кумак карда метавонад? Дар ин мақола мо мефаҳмем, ки агар дилпур бошем, ки Яҳува моро дӯст медорад ва дар тарафи мо аст, бар тарс ғолиб меоем.

b Баъзе номҳо иваз шудаанд.

c Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми октябри соли 2012, саҳ. 7–11 нигаред.

d ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳамсарон ба хоҳаре хӯрок меоранд.

e ШАРҲИ РАСМҲО: Волидони бародаре намехоҳанд, ки ӯ ба Яҳува хизмат кунад, вале ӯ аз дастгирии Худо дилпур аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан