САРГУЗАШТ
Ман аз омӯхтан як замон ғофил набудам
МАН аз «Омӯзгори бузург»-ам Яҳува барои таълимаш аз замин то осмон миннатдорам (Иш. 30:20). Яҳува парастандагонашро ба воситаи Каломаш, Китоби Муқаддас, ба воситаи офаридаҳояш ва ташкилоташ таълим медиҳад. Ӯ ҳамчунин бо ёрии бародару хоҳарон моро таълим медиҳад. Ҳарчанд ман ба таги сад расидаам, то ҳол бо ҳамин роҳҳо аз Яҳува таълим мегирам. Биёед каме дар ин бора гап занам.
Бо оилаамон соли 1948
Ман соли 1927 дар шаҳраки хурди назди Чикагои Иллинойси ИМА таваллуд шудаам. Падару модарам панҷ фарзанд доштанд: Ҷета, Дон, ман Карл ва Ҷой. Ҳамаи мо мехостем, ки аз таҳти дил ба Яҳува хизмат кунем. Ҷета соли 1943 ба синфи дуюми Мактаби Ҷилъод рафт. Дон, Карл ва Ҷой бошанд, ба Байт-Или Бруклин, Ню-Йорк, рафтанд — Дон соли 1944, Карл соли 1947 ва Ҷой соли 1951. Намунаи хуби аҳли оилаам ба ман таъсири сахт гузошт.
ОИЛАИ МО РОСТИРО МЕФАҲМАД
Падару модарам Китоби Муқаддас ва Худоро дӯст медоштанд ва завқи каломхониро дар дили мо низ парварида буданд. Вале, вақте падарам ҳангоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон дар Аврупо хизмати сарбозиро ба анҷом расонд, дилаш аз калисоҳо монд. Вақте падарам зиндаю саломат аз ҷанг ба хона баргашт, модарам чун нишонаи шукргузорӣ ба падарам пешниҳод кард: «Карл, биё мисли пештара ба калисо меравем». Падарам ҷавоб дод: «Ман туро мебарам, вале худам намедароям». Модарам пурсид: «Барои чӣ?» Падарам ҷавоб дод: «Вақти ҷанг рӯҳониёне, ки пайрави як дину мазҳаб буданд, аз ду тарафи муқобил истода, сарбозонро дуо медоданд. Магар Худо тарафдори ҳар ду ҷониб буд?»
Баъдтар, вақте модарам дар калисо буд, ду Шоҳиди Яҳува ба хонаи мо омаданд. Онҳо ба падарам адабиёти омӯзишии дуҷилдаеро, ки «Рӯшноӣ» ном дошт, пешкаш карданд. Он китоби Ошкорсозиро тафсир мекард. Шавқи падарам бедор шуду он китобҳоро гирифт. Вақте модарам китобҳоро дид, хонданашонро сар кард. Чанде пас ӯ эълонеро дар рӯзнома дид. Дар он омӯзиши Китоби Муқаддас дар асоси китоби «Рӯшноӣ» пешкаш мегардид. Вақте модарам ба он ҷо рафт, зани калонсоле дарро кушод. Китоби «Рӯшноӣ» дар даст модарам аз ӯ пурсид: «Шумо ҳамин китобҳоро меомӯзед?» Он зан ҷавоб дод: «Ҳа, духтарам, биё даро». Ҳафтаи дигар модарам мо, кӯдаконро, ҳамроҳаш гирифт. Аз ин пас мо ҳамакаса ба он ҷо мерафтем.
Дар яке аз вохӯриҳо баранда аз ман хоҳиш кард, ки Забур 144:15-ро хонам. Дар он гуфта мешавад, ки парастандагони Яҳува хушбахтанд. Ин ба ман хеле маъқул шуд. Ду ояти дигар низ ба дилам рафта расиданд. Яктояш 1 Тимотиюс 1:11 аст. Дар он гуфта мешавад, ки Яҳува «Худои хушбахт» аст. Дуюмаш, Эфсӯсиён 5:1. Он моро даъват мекунад, ки «ба Худо пайравӣ» кунем. Ман хулоса кардам, ки ҳар чӣ аз дастам меояд, барои Офаридгорам мекунам ва аз ин хурсандӣ мегирам. Охир, хизмат кардан ба Худоям як шарафи нотакрорест. Ин фикрҳо сутуни зиндагониям гаштанд.
Наздиктарин ҷамоат 32 километр дуртар, дар Чикаго, ҷойгир буд. Вале мо доим ба вохӯриҳо мерафтему дониши ман дар бораи Китоби Муқаддас рӯз ба рӯз меафзуд. Дар ёд дорам як рӯз баранда аз Ҷета хоҳиш кард, ки ҷавоб диҳад. Ба ҷавоби вай гӯш дода, ман фикр кардам: «Ман ҳам инро медонистам, барои чӣ дастамро набардоштам, ки ҷавоб диҳам». Аз он вақт сар карда ман тайёрӣ медидаму ҷавоб тайёр мекардам. Ману бародару хоҳаронам рушди рӯҳонӣ кардан гирифтем. Соли 1941 ман таъмид гирифтам.
ДАР АНҶУМАНҲО АЗ ЯҲУВА ТАЪЛИМ МЕГИРАМ
Анҷумани соли 1942, ки дар Кливленди Оҳаё гузашт, дар ёдам нақш бастааст. Бародару хоҳарон зиёда аз 50 ҷойи гуногуни Иёлоти Муттаҳида ба воситаи телефон ба ин барнома пайваст шуда буданд. Оилаи мо дар хаймаҳо, дар як ҷое меистоданд, ки бародарон онро иҷора гирифта буданд. Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар авҷ буду одамон Шоҳидони Яҳуваро чап гирифта буданд. Бегоҳӣ ман дидам, ки бародарони зиёд мошинҳояшонро гирдогирди хаймагоҳ қаторак монданд. Рӯйи мошинҳояшон ба берун аз хаймагоҳ равона буд. Онҳо маслиҳат карданд, ки дар даруни ҳар як мошин як нафар истода, шабона посбонӣ мекунад. Агар ягон чиз рӯй медод, ҳар як нафар дар мошин бонги хатар мезад ва чароғакҳои мошинашонро дар мегиронданд. Ҳамин тавр, агар касе ҳамла мекард, онҳо бар чашмашон рӯшанӣ зада ва бонги баланд бароварда, ҳамлагаронро саргуму бесаришта мекарданд. Ҳамчунин овози мошинҳоро шунида, дигар бародарон ба ёрияшон шитофта метавонистанд. Инро дида ба худ гуфтам: «Халқи Яҳува дар ҳар як масъала тайёрии нағз мебинад». Ҳамин тавр ман бо дили пур хоби беғам рафтам ва шабона чизе рӯй надод.
Чандин сол пас ин анҷуманро ба ёд оварда, ман дарк намудам, ки дар рафтору гуфтори модарам нишонаи хавотириву тарсро надидам. Ӯ аз таҳти дил ба Яҳува ва ташкилоташ такя намуд. Ман ин намунаи хуби ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.
Каме пас аз анҷуман модарам пешрави доимӣ шуд. Аз ин рӯ вай ба суханрониҳо дар бораи хизмати пурравақт диққати махсус медод. Вақте хона мерафтем, модарам дар роҳ чунин гуфт: «Ман мехоҳам хизмати пешравиямро давом диҳам, вале ҳам аз уҳдаи ину ҳам аз уҳдаи кори хона бароям баромадан душвор аст». Аз ин рӯ ӯ аз мо кумак пурсид. Мо розӣ шудем. Модарамон ба ҳар якамон як ё ду ҳуҷра супорида, хоҳиш кард, ки пеш аз хӯроки саҳарӣ онро рӯбучин кунем. Баъди ба мактаб рафтани мо ӯ ҳар як ҳуҷраро тафтиш карда медид, ки он тозаву озода аст ё не ва сипас ба хизмат мерафт. Модарам инсони серкор буд, вале ҳеҷ гоҳ ба фарзандонаш беаҳамиятӣ намекард. Вақте мо ҳангоми нисфирӯзӣ хона гушна меомадем, модарам аллакай он ҷо буд ва ба мо ғамхорӣ мекард. Баъзе рӯзҳо баъд аз мактаб омадан мо якҷоя бо модарамон ба хизмат мерафтем, ҳамин тавр мо, каме ҳам бошад, хизмати пешравиро чашидем.
САР КАРДАНИ ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТ
Дар 16-солагиям хизмати пешравиро сар кардам. Ҳарчанд падарам ҳанӯз Шоҳиди Яҳува набуд, ӯ аз ҳоли хизматам пурсон мешуд. Як бегоҳӣ ман ба ӯ гуфтам, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёдам ягон омӯзанда наёфтаам. Каме истода, ман аз падарам пурсидам: «Шумо мехоҳед ман ҳамроҳатон омӯзиш кунам?» Ӯ лаҳзае истода фикр карду гуфт: «Чаро не, биё мекунем». Аввалин омӯзандаи ман падарам буд. Сарам ба осмон расида буд.
Мо китоби «Ҳақиқат шуморо озод мекунад»-ро меомӯхтем. Дар рафти омӯзиш ман пай бурдам, ки бо ёрии падарам ман ҳам омӯзанда ва ҳам омӯзгори беҳтар шуда истодаам. Боре баъди хондани як сархат ӯ аз ман пурсид: «Ман фаҳмидам ин китоб чӣ мегӯяд. Вале аз куҷо медонӣ, ки гуфтаҳои он дурустанд?» Ман ҷавоби ин саволро намедонистам, барои ҳамин ба вай гуфтам: «Ман ҳозир ин суханонро исбот карда наметавонам, вале то омӯзиши навбатӣ ҷавобашро ҳатман меёбам». То дафъаи оянда ман оятҳоеро ёфтам, ки фикри сархатро тасдиқ мекарданд. Аз он вақт сар карда ман ба омӯзишҳо беҳтар тайёрӣ медидаму таҳқиқ карданро омӯхтам. Ҳамин тавр ҳам худам рушди рӯҳонӣ кардам, ҳам падарам. Ӯ чизҳои фаҳмидаашро ба кор бурда, соли 1952 таъмид гирифт.
МАҚСАДҲО БАРОИ ДОНИШГИРӢ
Ман дар синни 17-солагӣ зиндагии алоҳидаро сар кардам. Он вақт Ҷетаa миссионер шуда буду Дон ходими Байт-Ил. Ҳар дуяшон таъйиноташонро дӯст медоштанд. Ин ҳам ҳаваси маро бедор кард. Барои ҳамин ман ҳам варақаи хизмат дар Байт-Ил, ҳам Мактаби Ҷилъодро пур кардам ва масъаларо ба дасти Яҳува супурдам. Дар натиҷа маро соли 1946 ба Байт-Ил даъват карданд.
Тӯли солҳои зиёд дар Байт-Ил ман таъйинотҳои гуногун доштам ва бисёр чизро ёд гирифтам. Дар 75 соли хизматам дар Байт-Ил ман дар омода кардани китобҳо ва ҳисобу китоб ёрдам медодам. Ҳамчунин ман нозукиҳои хариду фурӯшро ёд гирифтам. Аз ҳама муҳимаш ин буд, ки ман имкон доштам дар Байт-Ил аз ибодатҳои пагоҳӣ ва суханрониҳои Байт-Ил баҳра барам.
Дар мактаби пирон дарс мегӯям
Ман ҳамчунин аз додарам Карл меомӯхтам, ки соли 1947 ба Байт-Ил омад. Ӯ омӯзандаву омӯзгори олии Китоби Муқаддас буд. Боре ман суханронӣ доштам ва аз Карл ёрдам пурсидам. Ман ба вай фаҳмондам, ки маълумоти бисёре ҷамъ овардаам, вале намедонам онро чӣ тавр истифода барам. Ӯ бо як савол ҳалли инро ба ман нишон дод. Ӯ пурсид: «Ҷоэл, мавзуи ту чист?» Ман мақсади ӯро фаҳмидам: бояд маълумотеро, ки бо мавзуъям мувофиқ аст, истифода бараму дигараша партоям. Ман ин дарсро ҳеҷ гоҳ аз ёд набаровардам.
Барои дар Байт-Ил хушбахт будан мо бояд дар кори мавъиза нағз иштирок кунем. Баъзан дар хизмат воқеаҳои рӯҳбахшу шодиафзо рӯй медиҳанд. Боре дар ёд дорам, як бегонӣ дар Бронкси шаҳри Ню-Йорк ҳамроҳи як бародар хизмат мекардем. Мо пеши як зане омадем, ки маҷаллаҳои «Бедор шавед» ва «Бурҷи дидбонӣ»-ро қабул карда буд. Мо худро муаррифӣ кардем ва гуфтем: «Ин бегонӣ мо аз Китоби Муқаддас ҳақиқатҳои шодибахшро ба одамон мерасонем». Ӯ гуфт: «Агар дар бораи Китоби Муқаддас бошад, дароед». Мо дар бораи Подшоҳии Худо ва дунёи нав якчанд оятро хонда, онҳоро муҳокима кардем. Ин ба дили вай зан таъсир карду ҳафтаи оянда ӯ якчанд дӯсташро даъват кард, ки дар суҳбат иштирок кунанд. Баъдтар ӯву шавҳараш хизматгорони содиқи Яҳува гаштанд.
АЗ ҲАМСАРАМ МЕОМӮЗАМ
Пеш аз занамро ёфтан ман даҳ сол дар ҷустуҷӯйи ҳамсари мувофиқ будам. Чӣ дар ин кор ба ман кумак кард? Ман дуо гуфта дар бораи ин савол фикр мекардам: «Баъд аз оиладор шудан ман чӣ кор кардан мехоҳам?»
Бо Мэри дар хизмати нозирӣ
Баъд аз анҷумани соли 1953 дар Майдони Янки ман хоҳареро бо номи Мэри Аниол вохӯрдам. Ӯ ва Ҷета дар синфи дуюми Мактаби Ҷилъод хонда буданд. Мэри дар кори миссионерияш апаи маро ҳамроҳӣ мекард. Мэри бо як завқ дар бораи таъйинотҳояш дар ҷазираҳои Кариб нақл мекард ва мегуфт, ки дар тӯли солҳо ӯ бо кӣ омӯзиши Китоби Муқаддас гузарондааст. Якдигарро беҳтар шинохта, мо дидем, ки мақсадҳоямон як аст. Меҳру дилбастагиямон ба якдигар зиёд шуду апрели соли 1955 мо оиладор шудем. Мэри аз чанд ҷиҳат атои Яҳува ва намунаи ибратомӯз буд. Кадом таъйиноте, ки ба ӯ месупурданд, ӯ бо шодию хурсандӣ онро ба ҷо меовард. Ӯ инсони меҳнаткаш, ғамхори одамон буд ва кори Подшоҳиро ҳамеша дар ҷойи аввали зиндагияш мегузошт (Мат. 6:33). Ӯ маро се соли нозири ноҳиявӣ буданам ҳамроҳӣ кард ва соли 1958 ҳар дуямонро ба Байт-Ил даъват карданд.
Ман аз Мэри бисёр чизро омӯхтам. Масалан, дар аввалҳои оиладориямон мо қарор кардем, ки якҷоя Китоби Муқаддасро хонда, 15 оятро ҳар дафъа дида мебароем. Мо бонавбат якпорчаиро хонда, дар бораи корбурди он дар зиндагиямон фикрамонро мегуфтем. Мэри бисёр вақт фикрҳоеро ба ман мегуфт, ки аз Мактаби Ҷилъод ё хизмати миссионерияш омӯхта буд. Ин суҳбатҳоямон ба ман хирад мебахшиданд ва кумак мекарданд, ки ҳангоми суханрониҳо ва хабаргирии хоҳарон фикрҳои хубу қувватбахшро гӯям (Пнм. 25:11).
Зани азизам Мэри соли 2013 аз олам чашм пӯшид. Ман бесаброна интизори онам, ки ӯро дар дунёи нав бубинам. То он вақт мехоҳам аз Яҳува таълим гирифтанро давом диҳам ва ба ӯ бо тамоми дил такя кунам (Пнм. 3:5, 6). Ман доим тасаввур мекунам, ки халқи Яҳува дар дунёи нав бо чӣ кор машғул мешаванд. Аз ин ман оромию шодӣ меёбам. Ман бовар дорам, ки дар он ҷо мо аз Омӯзгори бузургамон чизҳои нав ба навро омӯхтан мегирем. Худоямро барои таълими бебаҳо ва лутфи беандозааш ҳазорон бор шукр мегӯям.
a Саргузашти Ҷета Суналро аз «Бурҷи дидбонӣ» 1-уми марти соли 2003, саҳ. 23–29 (рус.) ёфта метавонед.