Саволҳои хонандагон
«Фариштагони интихобшуда», ки дар 1 Тимотиюс 5:21 ном бурда мешаванд, кистанд?
Павлуси расул ба Тимотиюс, ки мисли худаш пири ҷамоат буд, чунин навишт: «Туро дар пеши Худо, Исои Масеҳ ва фариштагони интихобшуда қасам медиҳам, ки дастуроти додаамро бе ягон бадгумонӣ ё рӯйбинӣ риоя кунӣ» (1 Тим. 5:21).
Биёед дар аввал бинем, ки ин суханон ба кӣ дахл надоранд. Яқин аст, ки ин ҷо гап дар бораи 144 000 нафар намеравад. Вақте Павлус ба Тимотиюс навишт, масеҳиёни тадҳиншуда барои ҳаёти осмонӣ зинда намешуданд. Расулон ва дигар тадҳиншудагон ҳанӯз офаридаҳои рӯҳӣ нашуда буданд. Аз ин рӯ ибораи «фариштагони интихобшуда» ба онҳо ишора намекунад (1 Қӯр. 15:50–54; 1 Тас. 4:13–17; 1 Юҳ. 3:2).
Ин ибора ҳамчунин ба фариштагони беитоат дар замони Нӯҳ дахл надорад. Ин фариштагон Шайтонро тарафгирӣ намуда дев гаштанд. Исо бо девҳо муқобилат мекард (1 Мӯсо 6:2; Луқ. 8:30, 31; 2 Пет. 2:4). Дар оянда онҳо ба муддати 1000 сол ба чоҳи бетаг андохта мешаванд ва баъд аз ин ҳамроҳи Шайтон нест карда мешаванд (Яҳд. 6; Ошкор. 20:1–3, 10).
Аз афташ, «фариштагони интихобшуда», ки Павлус дар ин оят ном мебарад, фариштагоне дар осмон буданд, ки Худо ва Исои Масеҳро дастгирӣ мекунанд.
Дар осмон ҳазорон ҳазор фариштагони содиқ вуҷуд доранд (Ибр. 12:22, 23). Онҳо бо супоришҳои гуногун машғуланд (Ошкор. 14:17, 18). Масалан, як фаришта супориш гирифт, ки 185 000 сарбози ошуриро нобуд кунад (4 Подш. 19:35). Якчанд фариштаи дигар барои он таъйин шуданд, ки аз Подшоҳии Исо «ҳамаи касонеро, ки дигаронро пешпо медиҳанд ва ба корҳои бад даст мезананд», ҷамъ оранд (Мат. 13:39–41). Эҳтимол, баъзеи дигараш супориш гирифтаанд, ки «интихобшудагонро» ба осмон ҷамъ оранд (Мат. 24:31). Ба дигар фариштагон амр дода шудааст, ки моро дар ҳамаи роҳҳоямон нигаҳбонӣ кунанд (Заб. 91:11; Мат. 18:10; бо Матто 4:11 муқоиса кунед; Луқ. 22:43).
Аз афташ, «фариштагони интихобшуда», ки дар 1 Тимотиюс 5:21 ном бурда шудаанд, он фариштагонеянд, ки ба халқи Худо бо роҳҳои гуногун ёрӣ мерасонанд. Дар матни болои ин оят Павлус ба пирони ҷамоат маслиҳат медиҳад, ки сазовори ҳурмати бародару хоҳаронашон ҳастанд. Ӯ пиронро насиҳат мекунад, ки вазифаҳояшонро «бе ягон бадгумонӣ ё рӯйбинӣ риоя» кунанд ва дар ҳукму довариҳо шитобкорӣ накунанд. Онҳо вазифаи хеле ҷиддиро бар дӯш доранд. Охир, шоҳиди рафтори онҳо «Худо, Исои Масеҳ ва фариштагони интихобшуда» мебошанд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки супориши баъзе фариштаҳо ин аст, ки ба ҷамоат бо роҳҳои гуногун кумак кунанд, масалан, онро ҳимоя кунанд, кори мавъизаро назорат кунанд ва ба Яҳува хабар баранд (Мат. 18:10; Ошкор. 14:6).