ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 феврал саҳ. 20-24
  • Ман ҳеҷ гоҳ тани танҳо набудам

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ман ҳеҷ гоҳ тани танҳо набудам
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • НАМУНАИ ВОЛИДОНАМ
  • ТАНҲОӢ ДАР ТАЪЙИНОТҲОИ ДУШВОР
  • ПАПУА-ГВИНЕЯИ НАВ
  • ОИЛАИ ХУРДАКАКУ СЕРКОР
  • МУСИБАТ, ТАНҲОӢ ВА ШОДИИ ДУБОРА
  • ДАСТИ ЁРӢ КӮТОҲ НЕСТ
  • «Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Барои пайрави Масеҳ шудан аз баҳри бисёр чиз гузаштам
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 феврал саҳ. 20-24
Анҳелито Балбуа

САРГУЗАШТ

Ман ҳеҷ гоҳ тани танҳо набудам

НАҚЛ КАРД АНҲЕЛИТО БАЛБУА

ДАР ҳаёт мо бисёр вақт худро танҳо ҳис мекунем: вақте наздиконамон аз дунё чашм мепӯшанд, вақте дар ҷойҳои бегона мусофир мешавем ва тоқаю танҳо мемонем. Ман ҳамаи ин чизҳоро аз сар гузарондаам, лекин ба гузашта назар карда, мебинам, ки ҳеҷ гоҳ танҳо набудам. Биёед нақл кунам, ки чаро ба чунин хулоса омадам.

НАМУНАИ ВОЛИДОНАМ

Падару модарам пайрави сахти дини католикӣ буданд. Вақте онҳо аз Китоби Муқаддас фаҳмиданд, ки номи Худо Яҳува аст, ҳар дуяшон Шоҳидони боғайрати Яҳува гаштанд. Падарам дигар ҳайкалҳои Исоро наметарошид. Ба ҷойи ин маҳорати дуредгарияшро истифода бурда, таҳхонаамонро ба Ибодатгоҳ табдил дод. Он аввалин Ибодатгоҳе буд, ки дар Сан-Хуан-дел-Монте, ноҳияи тобеи шаҳри Манила, пойтахти Филиппин сохта шуд.

Бо волидонам ва аҳли оилаам

Соли 1952, баъди ба дунё омадани ман, волидонам ба ман низ, мисли чор акаю се апаам, дар бораи Яҳува таълим медоданд. Ҳамин ки калонтар шудам, падарам ба ман мегуфт, ки ҳар рӯз як боби Китоби Муқаддасро хонам. Худаш бошад, аз рӯйи адабиётҳои гуногун бо ман омӯзиш мегузаронд. Волидонам баъзан нозирони сайёр ва ходимони Байт-Илро дар хонаамон меҳмондорӣ мекарданд. Саргузашту нақлҳои онҳо ба ҳар яки мо хурсандию қувват мебахшид. Ин суҳбатҳои гарму ҷӯшон моро ҳавасманд кард, ки хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввали ҳаётамон монем.

Ман аз имони волидонам бисёр чизро омӯхтам. Баъди он ки модарам аз дасти касалӣ аз олам гузашт, соли 1971 ману падарам хизмати пешравиро сар кардем. Баъдтар, соли 1973, вақте ман 20-сола будам, падарам низ аз дунё чашм пӯшид. Аз дарди ҷудоӣ ман худро тоқаю танҳо ҳис мекардам. Лекин умеди «мустаҳкаму устувор»-е, ки Китоби Муқаддас медиҳад, мисли лангар маро фикрану рӯҳан пойдор нигоҳ медошт (Ибр. 6:19). Каме баъди марги падарам маро дар ҷазираи дурдасти Корон, вилояти Палаван, пешрави махсус таъйин карданд.

ТАНҲОӢ ДАР ТАЪЙИНОТҲОИ ДУШВОР

Вақте ба Корон кӯчидам, ман 21-сола будам. Ман бачаи шаҳрӣ ки будам, аз шароити он ҷазира, аз бебарқӣ, беобӣ ва бемошинӣ азоб мекашидам. Дар он ҷо якчанд бародар буд, лекин ҳамроҳи пешрав надоштам ва баъзан танҳо хизмат мекардам. Як моҳи аввал дилам барои оила ва дӯстонам гум мезад. Шабҳо ба осмони пурситора нигоҳ карда, ашкҳоям шашқатор мешуд. Фикр мекардам, ки хизматамро монаму сарамро гирифта ба хона баргардам.

Дар он лаҳзаҳои танҳоӣ Яҳува ҳамрози ман буд ва ман диламро пок-покиза ба ӯ холӣ мекардам. Ман фикрҳои қувватбахшеро, ки аз Китоби Муқаддас ва адабиётамон хонда будам, ба ёд меовардам. Бисёр вақт Забур 19:14 ба ёдам меомад. Ман дарк мекардам, ки, агар дар бораи корҳою хислатҳои ба ӯ маъқул мулоҳиза ронам, Яҳува «Кӯҳпора ва Халосгари ман» мешавад. Мақолаи «Ту танҳо нестӣ» аз «Бурҷи дидбонӣ»a давои дардам гашт. Ман онро гаштаю баргашта мехондам. Он дақиқаҳо гӯё ман бо Яҳува яка ба яка будам ва имконияти бебаҳое доштам, ки дуо гӯям, омӯзиш кунам ва мулоҳиза ронам.

Аз вақти ба Корон омаданам каме нагузашта, маро пир таъйин карданд. Азбаски як худам пир будам, ҳар ҳафта Мактаби таълими мавъиза, вохӯрии хизматӣ, китобомӯзиш ва омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ»-ро мегузарондам. Як чиз аниқ буд: акнун вақти зиқшавӣ надоштам.

Хизмат дар Корон бобаракат буд ва бо гузашти вақт баъзе омӯзандаҳоям таъмид гирифтанд. Лекин ҳаётам ҳамеша сабзу хуррам набуд, душвориҳо ҳам доштам. Баъзан барои минтақаравӣ ним рӯз даркор буд ва намедонистам, ки шабро дар куҷо рӯз мекунам. Минтақаҳои ҷамоат бисёр ҷазираҳои хурдро низ дар бар мегирифт. Барои ба он ҷойҳо рафтан ман бисёр вақт дар тӯфону борон бо қаиқи мотордор сафар мекардам, лекин оббозӣ карда наметавонистам. Дар ҳамаи ин душвориҳоям паноҳгоҳам Яҳува маро устувор мегардонд. Баъдтар ман фаҳмидам, ки ӯ маро ба мушкилиҳои калонтари таъйиноти навам тайёр мекардааст.

ПАПУА-ГВИНЕЯИ НАВ

Соли 1978 маро ба Папуа-Гвинеяи Нав, шимоли Австралия, фиристоданд. Сар то сари Папуа-Гвинеяи Нав кӯҳсор буд ва масоҳаташ қариб чени Испониё буд. Вақте фаҳмидам, ки се миллион сокинони он ба зиёда аз 800 забон гап мезананд, даҳонам воз монд. Хушбахтона, қисми зиёди мардум бо забони маланезиягии пидҷинӣ гап мезаданд, ки одатан ток-писин меномиданд.

Маро муваққатан ба ҷамоати англисизабон дар пойтахт, дар Порт-Морсби, таъйин карданд. Лекин баъд ба ҷамоати ток-писин кӯчидаму дарси забон меомӯхтам. Ман чизҳои омӯхтаамро дар хизмат истифода мебурдам. Барои ҳамин забонро тезтар ёд гирифтам. Каме пас бо суханрониҳо баромад мекардам. Тасаввур кунед, аз кӯчиданам ба Папуа-Гвинеяи Нав як сол нагузашта, маро дар якчанд вилояти калон, ба ҷамоатҳои забонашон ток-писин нозири ноҳиявӣ таъйин карданд.

Азбаски ҷамоатҳо аз якдигар хеле дур буданд, ман бояд якчанд анҷуманҳои ноҳиявӣ ташкил карда, бисёр сафар мекардам. Вақтҳои аввал ман худро дар ҷойи бегона танҳо ҳис мекардам, зеро давлат, забон ва урфу одат бароям ҳама нав буд. Дар он ҷо кӯҳсор ва роҳҳои нообод бисёр ки буданд, ман қариб ҳар ҳафта бо ҳавопаймо сафар мекардам. Гоҳ вақт дар ҳавопаймои хурдакаке, ки шароит надошт, як худам мусофир будам. Ин парвозҳо мисли бо қаиқ шино карданам воҳиманок буданд.

Он вақтҳо одамони кам телефон доштанд, аз ин рӯ ман ба воситаи нома бо ҷамоатҳо гуфтушунид мекардам. Бисёр вақт ман пеш аз номаҳо расида мерафтам ва аз одамони маҳал дар бораи Шоҳидон пурсон мешудам. Ҳар боре пешвози гарму ҷӯшон ва миннатдории бародаронро медидам, ба ёд меовардам, ки ана барои чӣ ман ин қадар кӯшиш кардам. Ман дастгирии Яҳуваро бисёр дидаам ва ин дӯстии маро бо ӯ қавитар сохт.

Дар вохӯрии аввалин дар ҷазираи Бугенвил ҷуфте бо ханда ба лаб ба наздам омада гуфтанд: «Моро шинохтед?» Ман ба ин ҳамсарон дар Порт-Морсби хушхабарро расонда, омӯзиш сар карда будам ва баъд онҳоро ба як бародари маҳаллӣ супурдам. Ҳоло онҳо таъмид гирифта буданд. Ин яке аз баракатҳое буд, ки ман дар се соли дар Папуа-Гвинея Нав буданам, соҳиб гаштам.

ОИЛАИ ХУРДАКАКУ СЕРКОР

Бо Адел

Соли 1978, пеш аз он ки аз Корон равам, ман бо Адел ном хоҳари дӯстрӯю фидокоре шинос шудам. Ӯ пешрави доимӣ буду ду кӯдакаш, Самуэл ва Ширлиро, калон мекард. Ғайр аз ин, нигоҳубини модари пиронсолаш бар уҳдаи ӯ буд. Моҳи майи соли 1981 ман ба Филиппин баргашта, ба Адел оиладор шудам. Баъди оиладориямон мо пешрави доимӣ шудему аҳли оиларо нигоҳубин мекардем.

Дар Палаван бо Адел ва кӯдаконамон, Самуэл ва Ширли

Ҳарчанд ман оиладор будам, соли 1983 маро боз пешрави махсус таъйин карда, ба ҷазираи Линапакан, вилояти Палаван, таъйин карданд. Мо ҳамакаса ба ин минтақаи дурдасту бевоиз кӯчидем. Баъди як сол модари Адел аз дунё гузашт. Мо, ки бо хизмат банд будем, ба дарди ҷудоӣ тоб оварда тавонистем. Мо дар ҷазираи Линапакан чунон омӯзандагони бисёр пайдо кардем, ки онҳо ба вохӯрӣ омадан мехостанд. Аз ин рӯ ба мо Ибодатгоҳи хурдакаке даркор буд ва мо онро сохтем. Танҳо баъди се соли ба ин ҷо кӯчиданамон 110 нафар ба Шоми ёдбуд омаданд ва баъди рафтани мо бисёрашон таъмид гирифтанд.

Соли 1986 маро ба ҷазираи Кулион таъйин карданд, ба ҷое, ки махавиён зиндагӣ мекарданд. Баъди ин Аделро низ пешрави махсус таъйин карданд. Дар аввал мо хавотир будем, ки чӣ тавр ба одамоне, ки сару рӯяшон пур аз махав аст, мавъиза мекунем. Лекин воизони маҳал гуфтанд, ки онҳо табобат гирифтаанд ва хатари гузаштани ин беморӣ ками дар кам аст. Баъзе беморон ба хонаи як хоҳар ба вохӯриҳо меомаданд. Каме пас мо дарҳол одат кардему ба одамоне, ки худро радди Худою радди маърака ҳис мекарданд, хушхабарро мерасондем. Вақте бемороне, ки касалии сахт доштанд, мефаҳмиданд, ки рӯзе соҳиби саломатии комил мешаванд, чашмонашон аз шодӣ медурахшид. Дидани ин ба мо чӣ қадар хурсандӣ мебахшид (Луқ. 5:12, 13).

Зиндагӣ дар Кулион ба кӯдаконамон чӣ хел таъсир кард? Ману Адел аз Корон ду хоҳари ҷавонро даъват кардем, то кӯдаконамон зиқ нашаванду дӯстони хуб дошта бошанд. Самуэл, Ширли ва он ду хоҳар хизмати босамар доштанд. Вақте ману Адел бо волидон омӯзиш мегузарондем, онҳо бо кӯдаконашон омӯзиш мекарданд. Боре мо бо 11 оила омӯзиш карда будем. Каме баъдтар омӯзишамон чунон бисёр шуд, ки як ҷамоат ташкил кардан мумкин буд.

Харитаи вилояти Палаван, ки дар Филиппин ҷойгир аст. Дар харита вилояти Палаван, ки дар Филиппин аст. Дар он баъзе ҷойҳое оварда шудаанд, ки Анҳелито ва оилааш хизмат кардаанд: Корон, Кулион, Ҳалси, Марили ва ҷазираи Линапакан.

Вақтҳои аввал дар ин минтақа ман як худам пир будам. Аз ин рӯ филиал аз ман хоҳиш кард, ки барои ҳашт воизи Кулион ва нуҳ воизи деҳаи Марили, ки ба он ҷо бо қаиқ дар се соат расидан мумкин буд, вохӯриҳои ҳарҳафтаинаро гузаронам. Баъди вохӯриҳо мо оилавӣ аз кӯҳистон соатҳои зиёд роҳ рафта, ба деҳаи Ҳалси ба назди омӯзандаҳоямон мерафтем.

Охиру оқибат дар Марили ва Ҳалси ҳосил чунон зиёд гашт, ки дар ҳар дуи ин минтақа Ибодатгоҳ сохтем. Дар Линапакан бошад, бародарону шавқмандон масолеҳи зиёди сохтмонӣ оварда, дар бинокорӣ бисёр меҳнат карданд. Дар Ибодатгоҳи Марили 200 кас меғунҷид ва ҳатто онро калонтар кардан мумкин буд. Мо метавонистем баҳазур дар он ҷо анҷуман гузаронем.

МУСИБАТ, ТАНҲОӢ ВА ШОДИИ ДУБОРА

Соли 1993, вақте кӯдаконамон калон шуданд, дар Филиппин ман кори нозириро сар кардаму Адел маро ҳамроҳӣ мекард. Баъд соли 2000-ум маро таълим доданд, то дар Мактаб барои бародарони безан муаллим шавам. Ман худро барои ин кор тайёр намеҳисобидам, лекин Адел маро доим дилбардорӣ мекард. Ӯ ёдрас кард, ки бо қуввати Яҳува аз уҳдаи ин супоришам мебароям (Флп. 4:13). Адел аз таҷрибааш гап мезад, зеро ба саломатияш нигоҳ накарда хизматашро ба ҷо меовард.

Соли 2006, вақте ман муаллим будам, духтурон хабар доданд, ки Адел ба бемории Паркинсон гирифтор шудааст. Ҳуш аз сарамон парид! Вақте ман гуфтам, ки хизматамонро монда, аз пайи нигоҳубини ӯ мешавам, Адел гуфт: «Илтимос, духтуреро ёб, ки маро табобат кунад. Ман медонам, ки бо ёрдами Яҳува аз уҳдаи хизматамон мебароем». Шаш моҳи дигар ӯ бе шикваю шикоят хизматашро давом дод. Вақте ӯ аз пойи равон монд, бо аробачаи маъюбияш хизмат мекард. Вақте базӯр гап мезад, дар вохӯриҳо бо як ё ду даҳон гап ҷавоб медод. То дами маргаш, соли 2013, ба Адел бародару хоҳарон барои намунаи зебои устуворияш номаҳои миннатдорӣ менавиштанд. Ман бо Адел, ҳамроҳи содиқу меҳрубонам, 30 сол зиндагӣ кардам. Вақте ӯ ба хоби марг рафт, ман боз аз ғаму танҳоӣ азоб мекашидам.

Ман хости Аделро ба ҷо оварда, хизматамро давом медодам. Худамро саргарми хизмат карда, бо ҳисси танҳоӣ мубориза мебурдам. Аз соли 2014 то 2017 маро ба ҷамоатҳои тагалогзабон, дар давлатҳое, ки фаъолияти мо маҳдуд буд, таъйин карданд. Баъди ин ман ҷамоатҳои тагалогзабони Тайван, Иёлоти Муттаҳида ва Канадаро хабар гирифтам. Соли 2019 дар Ҳиндустону Таиланд ман Мактаби воизони хушхабарро бо забони англисӣ гузарондам. Ман аз ҳамаи ин таъйинотҳо хурсандӣ мегирифтам. Вақте бо хизмати Яҳува банд бошам, аз ман дида одами хушбахттаре нест.

ДАСТИ ЁРӢ КӮТОҲ НЕСТ

Ман ки дар ҳар таъйинотам бо бародару хоҳарон наздик мешудам, аз онҳо ҷудо шудан бароям дардовар буд. Дар ин вақтҳо пурра ба Яҳува такя карданро ёд мегирифтам. Дасти кумаки Яҳува ҳамеша ба ман мерасид. Ана барои чӣ ман ҳар як дигаргуниро бо оғӯшу дили кушода пешвоз мегирифтам. Имрӯз ман дар Филиппин пешрави махсус хизмат мекунам. Ман ба ҷамоати нав чунон одат кардаам, ки он бароям оилаи ғамхору мададгор гаштааст. Ғайр аз ин, вақте мебинам, ки Самуэл ва Ширли ба имони модарашон пайравӣ мекунанд, сарам ба осмон мерасад (3 Юҳ. 4).

Анҳелито бо дӯстонаш дар берун суҳбат доранд.

Ҷамоат бароям мисли оилаи ғамхор гашт

Ман дар ҳаёт бо бисёр озмоишҳо рӯ ба рӯ шудам, аз ҷумла дидам, ки чӣ тавр ҳамсари азизам аз бемории сахт азоб кашида мурд. Боз ба ман даркор буд, ки ба бисёр шароитҳои нав одат кунам. Лекин дар ҳамаи ин вазъиятҳо бо ду чашмам дидам, ки Яҳува «аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Кор. 17:27). Дасти Яҳува барои дастгириву қувват бахшидани хизматгоронаш кӯтоҳ нест, ҳатто, агар онҳо дар ҷойҳои дурдаст бошанд (Иш. 59:1). Ман ҳеҷ гоҳ танҳо набудам, зеро Кӯҳпораи ман Яҳува тамоми ҳаётам бо ман буд. Ман аз ӯ сар то по миннатдорам.

a Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми сентябри соли 1972 саҳ. 521–527 (англ.) нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан