ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 феврал саҳ. 25-27
  • Аз вабои худбинӣ эҳтиёт шавед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз вабои худбинӣ эҳтиёт шавед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧӢ ХЕЛ ХУДБИНУ ХУДПАРАСТ НАШАВЕМ
  • Дар бораи худ бештар аз он чӣ лозим аст, фикр накунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • Яҳува одамони фурӯтанро қадр мекунад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Исо дар фурӯтанӣ намуна гузошт
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 феврал саҳ. 25-27
Марди ғазабноке бо коргари меҳмонхона беэҳтиромона гап мезанад. Одамон дар паси ӯ навбат истодаанд.

Аз вабои худбинӣ эҳтиёт шавед

ОЁ ПАЙ бурдаед, ки дар тамоми ҷаҳон одамон ҳавобаланд, худбин ва серноз шудаанд? Онҳо худро сазовори тамоми некиҳои ҷаҳон медонанд, мегӯйӣ гаҳвораашон аз осмон афтидааст. Китоби Муқаддас пешгӯйӣ кардааст, ки дар замонҳои охир вабои худбинию кӯрнамакӣ паҳн мешавад (2 Тим. 3:2).

Албатта, худбинӣ як чизи нав нест. Одаму Ҳавво худро довари неку бад қарор дода, бар сари худашону дигарон фалокат оварданд. Асрҳо пас подшоҳи Яҳудо Узиё бухурсӯзӣ дар ибодатгоҳро ҳаққи ҳалоли худ дониста, ба гуноҳи ҷиддӣ даст зад (2 Воқ. 26:18, 19). Фарисиёну саддуқиён бошанд, гумон мекарданд, ки бечуну чаро сазовори лутфу марҳамати Худоянд, танҳо ба он сабаб, ки аз насли Иброҳиманд (Мат. 3:9).

Мо дар миёни одамони худбину худхоҳ зиндагӣ дорем ва ин беморӣ ба мо низ гузашта метавонад (Ғал. 5:26). Ба сари мо чунин фикр роҳ ёфта метавонад, ки мо сазовори ягон имтиёз ё муносибати махсус ҳастем. Чӣ тавр аз ин тарзи фикр худро эҳтиёт кунем? Дар аввал, мо бояд нигоҳи Яҳуваро ба ин масъала фаҳмем. Ду принсипи Китоби Муқаддас ба мо кумак мекунад.

Фақат Яҳува қарор мекунад, ки мо ба чӣ ҳақ дорему ба чӣ не. Биёед якчанд мисолро дида бароем.

  • Дар оила шавҳар ба эҳтироми зан ҳақ дорад, зан бошад, ба муҳаббати шавҳараш (Эфс. 5:33). Зан ё шавҳар аз ҳамсараш талаб карда метавонад, ки ӯ танҳо ба вай таваҷҷуҳи ошиқона кунад (1 Қӯр. 7:3). Волидон ҳақ доранд аз фарзандонашон итоатро талаб кунанд ва фарзандон бояд аз падару модар муҳаббату дастгирии зиёд бинанд (2 Қӯр. 12:14; Эфс. 6:2).

  • Пирони ҷамоат сазовори эҳтироми моянд (1 Тас. 5:12). Аммо онҳо ҳақ надоранд бар сари бародару хоҳаронашон хӯҷаинӣ кунанд (1 Пет. 5:2, 3).

  • Яҳува ба ҳокимиятҳои инсонӣ ҳақ додааст, ки андоз ва иззату итоаткориро аз шаҳрвандонашон талаб кунанд (Рум. 13:1, 6, 7).

Худои меҳрубонамон ба мо аз он чӣ сазоворем, беҳад бештар медиҳад. Мо одамони гунаҳкорем. Барои ҳамин фақат як чизро сазоворем — маргро (Рум. 6:23). Лекин Яҳува аз меҳру вафояш ба мо баракатҳои беҳисоб медиҳад (Заб. 103:10, 11). Мо ҳеҷ яке аз ин баракатҳоро соҳиб нестем. Ӯ инро аз лутфу марҳаматаш мекунад (Рум. 12:6–8; Эфс. 2:8).

ЧӢ ХЕЛ ХУДБИНУ ХУДПАРАСТ НАШАВЕМ

Аз рӯҳияи ин ҷаҳон эҳтиёт шавед. Ба сари мо беихтиёр чунин фикр роҳ ёфта метавонад, ки мо назар ба дигарон сазовори некиҳои бештарем. Исо бо як мисоле фаҳмонд, ки ин чӣ тавр рӯй дода метавонад. Шахсе мардикор ҷамъ мекард ва дар охири рӯз ба ҳамаашон якдинорӣ музд дод. Баъзе мардикорон саҳари барвақт омада, рӯзи дароз дар таги офтоби тафсон заҳмат кашиданд. Дигарон танҳо як соат кор карданд. Одамоне, ки тамоми рӯз кор карданд, гумон карданд, ки сазовори музди бештаранд (Мат. 20:1–16). Исо бо ин мисолаш ба шогирдонаш чунин панд омӯхт: онҳо бояд бо неъматҳои додаи Худо қаноат кунанд.

Баъзе коргарони кирошуда аз мисоли Исо ба хӯҷаин норозигӣ баён мекунанд.

Коргароне, ки рӯзи дароз кор карданд, фикр мекарданд, ки назар ба дигарон пули зиёдтар мегиранд

Шукргузор бошед, на серталаб (1 Тас. 5:18). Павлуси расул ҳақ дошт аз бародарони Қӯринт хоҳиш кунад, ки ӯро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кунанд, аммо ӯ ин тавр накард (1 Қӯр. 9:11–14). Мо ҳам метавонем аз ӯ ибрат гирем. Биёед ба қадри ҳар як баракате, ки аз Яҳува мегирем, расем ва серталабу кӯрнамак нашавем.

Павлуси расул ва ду мард хайма тайёр мекунанд.

Павлуси расул аз дигарон талаб намекард, ки ба ӯ ёрдам кунанд

Хоксориро машқ диҳед. Вақте одам ҳавобаланд шудан мегирад, нозу каттагияш зиёдтар мешавад. Заҳри ҳавобаландӣ фақат як дору дорад: хоксорӣ.

Силсиларасм: 1. Пайғамбар Дониёл дар пиронсолияш. 2. Шаҳри қадимаи Бобил. 3. Дониёли ҷавон ва се дӯсти ибрияш.

Дониёли хоксор дар назари Яҳува шахси пурарзиш гашт

Пайғамбар Дониёл дар хоксорӣ намунаи босазое гузоштааст. Ӯ ашрофзода, хушрӯй, доно ва қобилиятнок буд. Ӯ метавонист худро аз дигарон як сару гардан боло гирад (Дон. 1:3, 4, 19, 20). Вале ӯ хоксор монд. Аз ин рӯ дар чашми Яҳува қиматбаҳо буд (Дон. 2:30; 10:11, 12).

Биёед аз вабои худбинию худпарастии ин ҷаҳон эҳтиёт шавем, аз баракатшуморӣ шодӣ ёбем ва барои лутфу марҳаматаш ба Яҳува шукргузор бошем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан