Як саволи одӣ
Мери ва шавҳараш Ҷонa дар ҷое зиндагӣ доранд, ки ба он ҷо бисёр коргарон аз Филиппин меоянд. Онҳо кӯшиш мекунанд ба ин мардуми хориҷӣ хушхабарро расонанд. Ҳангоми вабои COVID-19 Мери на фақат дар мамлакати худ, балки дар дигар мамлакатҳои ҷаҳон омӯзишро бо одамони зиёд сар кард. Ӯ ин корро чӣ тавр кард?
Мери ба омӯзандаҳояш як савол медод: «Оё касеро мешиносед, ки омӯзиши Китоби Муқаддас барояш шавқовар бошад?» Агар онҳо «ҳа» ҷавоб медоданд, ӯ боз мепурсид: «Шумо маро бо онҳо шинос карда метавонед?» Ҳамин як саволи одӣ бисёр натиҷаҳои хуб меовард. Охир, одамоне, ки Китоби Муқаддасро қадр мекунанд, мехоҳанд чизи фаҳмидаашонро ба аҳли оила ва дӯстонашон нақл кунанд. Ин савол чӣ самараҳои хуб овард?
Мери бо чор шиноси омӯзандааш, Ҷасмин, омӯзиши Китоби Муқаддас сар кард. Ба яке аз онҳо, ки Кристина ном дошт, омӯзиш чунон маъқул шуд, ки вай аз Мери хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш дар як ҳафта ду бор омӯзиш кунад. Вақте Мери аз Кристина пурсид, ки ягон шиносаш хоҳишманди омӯзиш ҳаст ё не, вай чунин ҷавоб дод: «Биё ман туро бо дӯстонам шинос кунам». Баъди якчанд ҳафта Кристина Мериро бо чор дӯсташ шинос кард, ки хоҳишманди омӯзиши Китоби Муқаддас буданд. Баъдтар Кристина Мериро бо дигар дӯстонаш шинос кард. Мери ҳамин саволро ба онҳо низ доду бо шиносҳои онҳо низ ошно шуд.
Кристина боз мехост аъзои оилааш низ, ки дар Филиппин зиндагӣ мекунанд, Китоби Муқаддасро омӯзанд. Аз ин рӯ ӯ бо духтараш, Андрея суҳбат кард. Дар аввал, Андрея фикр кард: «Шоҳидони Яҳува як сектаанд. Онҳо ба Исо бовар надоранд ва фақат Аҳди Қадимро истифода мебаранд». Вале баъди як бор омӯзиш кардан ӯ фикрашро дигар кард. Вақти омӯзишҳо ӯ аз таҳти дил чунин мегуфт: «Чизе, ки Китоби Муқаддас гӯяд, рост аст!»
Баъди чанде Андрея Мериро бо ду дӯсташ ва як ҳамкораш шинос кард ва он ҳамкораш омӯзишро сар кард. Ҳамчунин Мери бехабар буд, ки Анҷела, холаи нобинои Андрея, ба омӯзишҳояшон гӯш медиҳад. Як рӯз Анҷела аз Андрея хоҳиш кард, ки ӯро бо Мери шинос кунад, то бо вай ҳам омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронад. Ба Анҷела он чизе, ки аз Китоби Муқаддас мефаҳмид, маъқул буд. Дар зарфи як моҳ ӯ бисёр оятҳоро аз ёд карду хоҳиш кард, ки бо ӯ дар як ҳафта чор бор омӯзиш кунад. Бо ёрии Андрея Анҷела ба воситаи видео ба вохӯриҳо пайваст шудан гирифт.
Боре Мери фаҳмид, ки шавҳари Кристина, Ҷошуа, вақти омӯзиш кардани занаш ин сӯ, он сӯ, гашта, ба омӯзишҳояшон гӯш медиҳад. Мери аз вай пурсид, ки оё мехоҳад ба онҳо ҳамроҳ шавад. Ҷошуа гуфт: «Ман фақат гӯш мекунам, лекин ба ман савол надеҳ. Савол диҳӣ, баромада меравам». Дар панҷ дақиқаи аввали омӯзиш Ҷошуа назар ба занаш, Кристина, саволҳои бештар дод ва мехост суҳбатҳои рӯҳониро давом диҳад.
Бо як саволи одӣ Мери бо одамони зиёде омӯзиши Китоби Муқаддас сар кард. Ӯ чандтояшро ба дигар бародару хоҳарон супорид. Ҳамагӣ Мери дар чор мамлакат 28 омӯзиши Китоби Муқаддас сар кард.
Ҷасмин, аввалин омӯзандае, ки дар ин мақола аз ӯ ёдовар шудем, апрели соли 2021 таъмид гирифт. Кристина майи соли 2022 таъмид гирифт ва ба Филиппин баргашта, ҳамроҳи оилааш зиндагӣ мекунад. Ду омӯзандаи дигар низ, ки шиносҳои Кристина буданд, таъмид гирифтанд. Анҷела якчанд моҳ пас таъмид гирифт ва ҳоло пешрави доимӣ хизмат мекунад. Шавҳари Кристина, Ҷошуа, ва духтараш Андрея дар қатори дигар омӯзандагон пешравии хуб карда истодаанд.
Дар асри як хушхабар дар миёни хешу табор ва дӯстон тез паҳн мешуд (Юҳ. 1:41, 42а; Кор. 10:24, 27, 48; 16:25–33). Шумо ҳам аз омӯзанда ё шавқмандатон пурсед: «Ягон касеро мешиносӣ, ки омӯзиши Китоби Муқаддас барояш шавқовар бошад?» Кӣ медонад, ки бо ҳамин як саволи одӣ шумо чӣ қадар омӯзиш сар мекунед!
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.