ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 май саҳ. 14-19
  • Ҷӯёи шаҳре бошед, ки боқӣ мемонад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҷӯёи шаҳре бошед, ки боқӣ мемонад
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ТАКЯ БА ХУДО КУНЕД, Ӯ ҲЕҶ ГОҲ ШУМОРО НАМЕПАРТОЯД
  • БА ДАСТУРИ ПИРОН ГӮШ АНДОЗЕД
  • БАРОДАРДӮСТУ МЕҲМОНДӮСТ БОШЕД
  • ВОҚЕАҲОИ ОЯНДА
  • Мактубе барои замонҳои мо
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Ба якдигар наздик шудан бароямон некуст!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 май саҳ. 14-19

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 21

СУРУДИ 21 Пеш аз ҳама аз пайи Подшоҳии Худо бошед

Ҷӯёи шаҳре бошед, ки боқӣ мемонад

«Ҷӯёи шаҳре ҳастем, ки дар оянда барпо мегардад» (ИБР. 13:14).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки аз китоби Ибриён боби 13 барои ҳозир ва оянда чӣ дарс мегирем.

1. Мувофиқи пешгӯйии Исо бо Ерусалим чӣ рӯй медод?

ЯКЧАНД рӯз пеш аз маргаш Исои Масеҳ пешгӯйии дақиқе кард. Он бори аввал дар замони вайрон шудани Ерусалим ва ибодатгоҳаш иҷро гашт. Исо шогирдонашро огоҳ карда гуфт, ки Ерусалим як рӯз «дар иҳотаи лашкарҳо» мешавад (Луқ. 21:20). Ӯ ба онҳо гуфт, ки ҳамин ки Ерусалимро дар иҳотаи лашкарҳо бинанд, ҳар чӣ зудтар онро тарк кунанд. Ин вақте рӯй дод, ки лашкари Рум Ерусалимро гирд кард (Луқ. 21:21, 22).

2. Чӣ тавр Павлуси расул масеҳиёни Яҳудияву Ерусалимро ба воқеаҳои оянда тайёр кард?

2 Якчанд сол пеш аз он ки лашкари Рум Ерусалимро иҳота кард, Павлус ба масеҳиён номаи пуртаъсире навишт. Имрӯз мо онро чун Нома ба ибриён мешиносем. Дар он нома Павлус ба масеҳиёни Яҳудия ва Ерусалим маслиҳати муҳиме дод, ки онҳоро бояд ба воқеаҳои оянда тайёр мекард. Кадом воқеаҳо? Ерусалим бояд вайрон карда мешуд. Барои зинда мондан он масеҳиён бояд хонаву корашонро партофта мерафтанд. Дар бораи Ерусалим Павлус чунин навишт: «Дар ин ҷо шаҳре надорем, ки боқӣ монад». Ӯ боз гуфт: «Балки ҷӯёи шаҳре ҳастем, ки дар оянда барпо мегардад» (Ибр. 13:14).

3. «Шаҳре, ки таҳкурсии ҳақиқӣ» дорад чист ва чаро мо онро интизорем?

3 Масеҳиёне, ки қарор карданд Ерусалим ва Яҳудияро тарк намоянд, аз афташ, мазоқу масхара шуниданд. Лекин ин қарорашон ҳаёти онҳоро наҷот дод. Имрӯзҳо моро низ мазоқу масхара мекунанд, чунки мо ба одамон такя намекунему аз қафои пулу ҳаёти бароҳат нестем. Барои чӣ мо чунин мекунем? Мо медонем, ки ин ҷаҳон гузарон аст. Мо интизори Подшоҳии Худо ҳастем — «шаҳре, ки таҳкурсии ҳақиқӣ» дораду «дар оянда барпо мегардад»a (Ибр. 11:10; Мат. 6:33). Ҳар зерсарлавҳаи ин мақола ба як масъала бахшида шудааст. Мо мефаҳмем, ки 1) чӣ тавр масеҳиёни асри як аз рӯйи гуфтаи Павлус амал карда, ҷӯёи шаҳре гаштанд, ки «дар оянда барпо мегардад», 2) чӣ тавр Павлус онҳоро ба воқеаҳои оянда тайёр кард ва 3) мо аз маслиҳатҳои ӯ чӣ дарс мегирем.

ТАКЯ БА ХУДО КУНЕД, Ӯ ҲЕҶ ГОҲ ШУМОРО НАМЕПАРТОЯД

4. Чаро Ерусалим барои масеҳиён муҳим буд?

4 Ерусалим барои масеҳиён ҷойи муҳим буд. Дар он ҷо соли 33-юми милодӣ ҷамоати масеҳӣ барпо шуда буд ва Ҳайати роҳбарикунанда низ дар он ҷо буд. Инчунин масеҳиёни зиёд дар Ерусалим хонаву дар ва чизу чораи бисёр доштанд. Бо вуҷуди ин Исо пайравонашро огоҳ карда гуфт, ки онҳо бояд аз Ерусалим ва ҳатто аз Яҳудия гурехта раванд (Мат. 24:16).

5. Чӣ тавр Павлус масеҳиёнро ба воқеаи оянда тайёр кард?

5 Барои масеҳиёнро ба воқеаҳои оянда тайёр кардан Павлус диққати онҳоро ба чизи муҳим равона кард — назари Яҳува ба Ерусалим. Павлус ёдрас кард, ки дигар дар назари Яҳува ибодатгоҳ, коҳинӣ ва қурбониҳое, ки дар Ерусалим оварда мешуданд, муқаддас набуданд (Ибр. 8:13). Аксари мардуми шаҳр Масеҳро рад карданд. Ибодатгоҳи Ерусалим дигар маркази парастиши поки Яҳува набуд ва бояд нобуд мегардид (Луқ. 13:34, 35).

6. Чаро огоҳии Павлус, ки дар Ибриён 13:5, 6 омадааст, барои масеҳиён саривақтӣ буд?

6 Вақте Павлус ба ибриён нома навишт, Ерусалим шаҳри ободу шукуфон буд. Як нависандаи румии онвақта Ерусалимро «номдортарин шаҳри Шарқ» номида буд. Яҳудиён аз ҳар кунҷу канор барои ҷашн гирифтани идҳо ба он ҷо меомаданд. Ин ба шаҳр даромади калон меовард. Бешубҳа, дар чунин шароити хуб баъзе масеҳиён ҳам пули нағз кор мекарданд. Шояд, барои ҳамин Павлус чунин навишт: «Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед». Баъд ӯ аз Навиштаҳо ваъдаи пуртаъсири Яҳуваро иқтибос овард: «Туро ҳеҷ гоҳ намепартоям ва ҳеҷ гоҳ танҳо намемонам» (Ибриён 13:5, 6-ро хонед; 5 Мӯсо 31:6; Заб. 118:6). Барои масеҳиёне, ки дар Ерусалим ва Яҳудия зиндагӣ мекарданд, ин ёдоварӣ саривақтӣ буд. Барои чӣ? Чунки ба наздикӣ онҳо бояд хона, кор ва аксари чизу чораашонро партофта, аз шаҳр мерафтанд. Онҳоро зиндагии мушкил дар пеш буд.

7. Чаро мо бояд имрӯз боварамонро ба Яҳува қавӣ созем?

7 Дарс барои мо. Моро чӣ мушкилӣ дар пеш аст? «Азоби азим» ва анҷоми ин замона (Мат. 24:21). Мисли масеҳиёни асри як мо бояд ҳушёру тайёр бошем (Луқ. 21:34–36). Дар давоми азоби азим мо, шояд, баъзе ё тамоми чизу чораамонро аз даст диҳем. Дар он вақт ба мо имони қавӣ даркор аст, то бовар кунем, ки Яҳува моро ҳеҷ гоҳ намепартояд. Биёед ҳозир бо рафторамон нишон диҳем, ки ба кӣ такя мекунем. Аз худ пурсед: «Оё аз рафтору мақсадҳои ман маълум аст, ки ман на ба боигарӣ, балки ба Рӯзидеҳамон, Яҳува, такя мекунам?» (1 Тим. 6:17). Албатта, мо аз азобу сахтиҳои масеҳиёни асри як дарс гирифта метавонем, лекин ягон воқеаи гузашта ба «азоби азиме», ки моро дар пеш аст, баробар шуда наметавонад. Пас, ҳангоми сар задани азоби азим дастуроти аниқро аз куҷо мегирем?

БА ДАСТУРИ ПИРОН ГӮШ АНДОЗЕД

8. Исо ба пайравонаш чӣ дастур дод?

8 Чанд сол пас аз навишта шудани номаи Павлус ба ибриён лашкари Рум Ерусалимро гирд кард. Ин барои масеҳиён як нишона буд: онҳо бояд аз Ерусалим мегурехтанд, то ҳамроҳи он нобуд нагарданд (Мат. 24:3; Луқ. 21:20, 24). Лекин онҳо бояд ба куҷо мегурехтанд? Исо ба онҳо гуфта буд: «Ҳамаи онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд» (Луқ. 21:21). Дар гирду атрофи онҳо кӯҳ бисёр буд, лекин онҳо бояд маҳз ба кадом тараф равона мешуданд?

9. Чаро масъалаи ба кадом кӯҳ гурехтан барои масеҳиён осон набуд? (Ҳамчунин ба харита нигаред.)

9 Барои масеҳиён кадом кӯҳҳо дастрас буданд? Қаторкӯҳи Сомария, қаторкӯҳи Ҷалил, кӯҳи Ҳермӯн, қаторкӯҳи Лубнон ва қаторкӯҳи он тарафи дарёи Урдун. (Ба харита нигаред.) Баъзе шаҳрҳои он минтақаҳои кӯҳӣ макони бехатар метофт. Масалан, шаҳри Гамла дар пушти қуллаи баланди кӯҳи мушкилгузар паноҳ ёфта буд. Ба назари баъзе яҳудиён он шаҳр паноҳгоҳи беҳтарин аз душман буд. Лекин баъдтар як задухӯрди хунин байни яҳудиён ва румиён маҳз дар ҳамин шаҳр рӯй дод ва бисёре аз мардуми он ҷо кушта шудандb.

Дар харита баъзе кӯҳҳо ва шаҳрҳои Исроил дар асри як оварда шудаанд. Дар тарафи шимоли Ерусалим қаторкӯҳҳои Лубнон, Ҷалил, Сомария, Ҷилъод ва кӯҳи Ҳермӯну Тобӯр. Шаҳрҳои тарафи шимоли Ерусалим Гамла, Қайсария ва Пелла. Аз тарафи ҷануби Ерусалим қаторкӯҳҳои Аборим ва Яҳудо, ҳамчунин шаҳри Масада. Ҳамчунин дар харита тасвир ёфтааст, ки чӣ тавр аскарони Рум ҳаракат мекарданд ва яҳудиён кадом минтақаҳоро аз соли 67-ум то 73-юми милодӣ аз даст доданд.

Ҳарчанд барои паноҳ ёфтани масеҳиён кӯҳҳо бисёр буданд, зиндагӣ дар ҳамаи он кӯҳҳо бехатар набуд (Ба сархати 9 нигаред.)


10, 11. а) Яҳува, аз афташ, ба масеҳиён чӣ тавр дастур дода буд? (Ибриён 13:7, 17). б) Чаро ба масеҳиён зарур буд, ки ба мардони интихобшуда итоат кунанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

10 Маълум буд, ки Яҳува масеҳиёнро ба воситаи бародарони масъул дар ҷамоат роҳнамоӣ мекард. Таърихшинос Юсибиюс якчанд аср пас чунин навишт: «Аҳли ҷамоати Ерусалим ба дастури илоҳие, ки ба воситаи мардони интихобшуда гирифтанд, итоат карда, пеш аз ҷанг аз шаҳр кӯч бастанд ва дар вилояти Перея, дар шаҳри Пелла, паноҳ ёфтанд». Пелла гурезгоҳи беҳтарин метофт. Он начандон дур аз Ерусалим буд ва ба он ҷо рафтан мушкил набуд. Аксари мардуми шаҳр ғайрияҳудӣ буданд. Он макон аз таъсири яҳудиёни диндору озодихоҳ ва ҷангҳои онҳо бо румиён дур буд.

11 Масеҳиёне, ки ба маслиҳати Павлус гӯш дода, ба бародарони масъул итоат карданд, ба кӯҳ гурехтанд. (Ибриён 13:7, 17-ро хонед.) Дар натиҷа онҳо ҳаёти худро наҷот доданд. Он масеҳиён интизори шаҳре буданд, ки «таҳкурсии ҳақиқӣ» дошт (Ибр. 11:10). Таърих гувоҳ аст, ки Яҳува умедворони Подшоҳияшро тарк накард.

Гурӯҳи масеҳиёни асри як бо кӯчу борашон аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузаранд.

Ба Пелла гурехта, масеҳиён дар бехатарӣ буданд (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.)


12, 13. Яҳува дар замонҳои душвор халқашро чӣ тавр роҳнамоӣ мекунад?

12 Дарс барои мо. Яҳува ба воситаи онҳое, ки роҳбариро ба уҳда доранд, ба халқаш дастуроти аниқ медиҳад. Дар Навиштаҳо мисолҳои зиёде ҳастанд, ки чӣ хел Яҳува дар замонҳои сахт раҳнамоии халқашро ба уҳдаи мардони имондор гузошта буд (5 Мӯсо 31:23; Заб. 77:20). Имрӯз низ борҳои зиёд мо шоҳиди он гаштаем, ки Яҳува ба воситаи бародарони масъул ба халқаш роҳ нишон медиҳад.

13 Масалан, вақте вабои COVID-19 сар зад, бародарони масъул ба мо дастуроти аниқ доданд. Пирон дастур гирифтанд, ки чӣ хел ҷамъомадҳо ва хизматро ба роҳ монанд. Каме баъд аз сар задани ин вабо мо ба воситаи интернет, телевизон ва радио ба зиёда аз 500 забон анҷумани таърихие гузарондем. Дар он рӯзҳои вазнин мо бе ғизои рӯҳонӣ намондем. Дар натиҷа, пайванди ягонагии мо устувор монд. Мо бовар дорем, ки дар оянда Яҳува ба воситаи бародарони масъул дар ҳар мушкилӣ ба мо роҳи беҳтаринро нишон медиҳад. Мо фаҳмидем, ки такя ба Яҳува ва итоат ба дастурҳояш моро ба азоби азим тайёр мекунад. Боз чӣ кор кунем, ки дар ин замони тақдирсоз бохирадона рафтор кунем?

БАРОДАРДӮСТУ МЕҲМОНДӮСТ БОШЕД

14. Мувофиқи Ибриён 13:1–3 дар замони хароб гаштани Ерусалим ба масеҳиён кадом хислатҳо даркор буд?

14 Вақте азоби азим сар мезанад, ба мо аз ҳарвақта дида пайванди қавии муҳаббат даркор мешавад. Мо ба масеҳиёне, ки дар Ерусалим ва Яҳудия зиндагӣ мекарданд, пайравӣ карда метавонем. Онҳо ҳамеша якдигарро дӯст медоштанд (Ибр. 10:32–34). Лекин солҳои пеш аз вайрон гаштани Ерусалим оташи бародардӯстияшон бояд фурӯзонтару меҳмоннавозияшон зиёдтар мегаштc. (Ибриён 13:1–3-ро хонед.) Ин маслиҳат ба мо низ дахл дорад, зеро анҷоми ин замона наздик аст.

15. Чаро баъди аз Ерусалим баромадан масеҳиён бояд бародардӯстӣ ва меҳмондӯстӣ зоҳир мекарданд?

15 Вақте лашкари Рум Ерусалимро гирд кард ва баъд ногаҳон ба ақиб гашт, масеҳиён бо якта-нимта чизу чораашон аз шаҳр гурехтанд (Мат. 24:17, 18). Вақте онҳо ба кӯҳистон мерафтанд ва дар ҷойи нав зиндагияшонро сар мекарданд, ба кумаки якдигар муҳтоҷ буданд. Чунин «вақтҳои муҳтоҷӣ» барои бародардӯстӣ ва меҳмоннавозӣ фурсати хуб буданд (Тит. 3:14).

16. Мо ба ҳамимонони муҳтоҷ чӣ тавр муҳаббат карда метавонем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)

16 Дарс барои мо. Вақте ҳамимонони мо ба кумак муҳтоҷ мешаванд, мо аз муҳаббат ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекунем. Бисёр хизматгорони Худо ба онҳое, ки аз сабаби ҷангҳо ва офатҳои табиӣ гуреза шудаанд, ёрдами пулӣ ё рӯҳонӣ кардаанд. Хоҳаре аз Украина, ки аз сабаби ҷанг хонаашро тарк кардааст, чунин мегӯяд: «Бародарон бароямон дасти роҳнамову мададгори Яҳува буданд. Онҳо дар ҳама ҷо, дар Украина, Венгрия ва Германия моро гарм пешвоз мегирифтанд ва ба мо ёрдам мекарданд». Онҳое, ки ба бародару хоҳарон меҳмоннавозанд ва ба ёрияшон мешитобанд, дасти навозиши Яҳува мешаванд (Пнм. 19:17; 2 Қӯр. 1:3, 4).

Зану шавҳари пиронсол дар остонаи дарашон оилаи гурезаеро гарм пешвоз мегиранд. Он оила ҷомадон ва якчанд борхалта дорад.

Бародару хоҳароне, ки гуреза шудаанд, ба дастгирии мо муҳтоҷанд (Ба сархати 16 нигаред.)


17. Чаро муҳим аст, ки имрӯз бародардӯстӣ ва меҳмондӯстиро ёд гирем?

17 Бешубҳа, дар ояндаи наздик мо ба кумаки якдигар бештар муҳтоҷ мешавем (Ҳаб. 3:16–18). Ҳоло Яҳува моро таълим медиҳад, ки бародардӯстӣ ва меҳмоннавозиро қавитар гардонем. Дар азоби азим ин сифатҳо заруртар мешаванд.

ВОҚЕАҲОИ ОЯНДА

18. Мо чӣ тавр ба масеҳиёни асри як пайравӣ карда метавонем?

18 Чи хеле ки таърих нишон медиҳад, масеҳиёне, ки ба кӯҳистон гурехтанд, аз фоҷиае, ки ба сари Ерусалим омад, эмин монданд. Онҳо хонаву дар ва чизу чораашонро дар шаҳр партофта рафтанд, лекин Яҳува ҳеҷ гоҳ онҳоро напартофт. Дар бораи рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин? Мо ояндаро як ба як намедонем, лекин Исо гуфт, ки «тайёр бошед» (Луқ. 12:40). Инчунин мо дар бораи фикрҳо аз Нома ба ибриён андеша карда метавонем. Маслиҳатҳои Павлус ҳам ба асри як дахл доштанду ҳам ба рӯзҳои мо дахл доранд. Ғайр аз ин, Яҳува ваъда медиҳад, ки моро ҳеҷ гоҳ намепартояд ва танҳо намемонад (Ибр. 13:5, 6). Биёед ҷӯёи Подшоҳии Худо бошем — «шаҳре, ки боқӣ мемонад». Он гоҳ аз баракатҳои ҷовидонае, ки он меорад, лаззат мебарем (Мат. 25:34).

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Чаро бояд имрӯз ба Яҳува боварамонро қавӣ кунем?

  • Барои чӣ дар давоми «азоби азим» итоаткор будан ҳаётан зарур мешавад?

  • Барои чӣ бояд аллакай имрӯз бародардӯстӣ ва меҳмоннавозиро қавӣ кунем?

СУРУДИ 157 Суруди сулҳ

a Дар замонҳои қадим бисёр шаҳрҳо подшоҳи худро дошт ва ҳукумати алоҳида ба ҳисоб мерафт. Чунин шаҳрҳоро давлатшаҳр меномиданд (1 Мӯсо 14:2).

b Ин соли 67-уми милодӣ, каме баъди Яҳудияву Ерусалимро тарк кардани масеҳиён сар зад.

c Калимае, ки «бародардӯстӣ» тарҷума шудааст, ба дилбастагии хешу таборӣ ишора мекунад, лекин Павлус ин калимаро барои баён кардани меҳри бародару хоҳарон ба якдигар ба кор бурд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан