1 Мӯсо
20 Иброҳим аз он ҷо+ ба сарзамини Негеб кӯчид ва байни Қодешу+ Шур+ сокин шуд. Вақте ӯ дар Ҷарор+ зиндагӣ мекард*, 2 чун пештара дар бораи зани худ Соро чунин гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст».+ Абималики подшоҳи Ҷарор одам фиристод, то Сороро назди вай оранд.+ 3 Шабона Худо ба хоби Абималик даромад ва ба вай гуфт: «Ту ҳатман аз барои ин зан, ки гирифтаӣ, мемирӣ,+ чунки ӯ шавҳар дорад ва зани марди дигар аст».+ 4 Абималик ҳанӯз бо вай ҳамхоб нашуда буд, барои ҳамин гуфт: «Яҳува, наход ту халқи бегуноҳро* несту нобуд кунӣ? 5 Магар худи Иброҳим ба ман нагуфт: “Вай хоҳари ман аст”? Соро ҳам чунин гуфт: “Ӯ бародари ман аст”. Ман дилу нияти пок доштам ва намедонистам, ки кори баде карда истодаам». 6 Он гоҳ Худо дар хоб ба ӯ гуфт: «Ман медонам, ки дилу ниятат пок буд, барои ҳамин намондам, ки ту ба вай даст расонӣ ва бар зидди ман гуноҳ кунӣ. 7 Акнун ин занро ба шавҳараш баргардон, чунки он мард пайғамбар аст.+ Ӯ дар ҳаққи ту дуо мегӯяд+ ва ту зинда мемонӣ. Лекин, агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва аҳли хонаводаат мемиред».
8 Абималик саҳари барвақт хест ва тамоми ғуломони худро даъват кард. Ӯ ба онҳо ҳамаи ин суханонро нақл кард ва онҳо ба тарсу ҳарос афтоданд. 9 Абималик Иброҳимро даъват карда гуфт: «Ин чӣ коре буд, ки бо мо кардӣ? Ман ба ту чӣ бадӣ кардам, ки ту ман ва тамоми мамлакатамро ба ин гуноҳи азим гирифтор кардӣ? Ин коре, ки дар ҳаққи ман кардӣ, нодуруст буд». 10 Абималик боз ба Иброҳим гуфт: «Барои чӣ ту ин тавр кардӣ?»+ 11 Иброҳим гуфт: «Ман фикр кардам, ки дар ин ҷой аз Худо наметарсанд ва маро аз барои занам мекушанд.+ 12 Ғайр аз ин, вай, дар ҳақиқат, хоҳари ман аст. Мо аз як падар таваллуд шудаем, лекин аз як модар не ва ӯ зани ман шуд.+ 13 Вақте Худо маро аз хонаи падарам ба сарзамини бегона фиристод,+ ман ба занам гуфтам: “Аз рӯйи меҳру вафо, ба ҳар ҷое ки биравем, дар бораи ман чунин гӯй: “Ӯ бародари ман аст”».+
14 Абималик ба Иброҳим гӯсфандону говон ва ғуломону канизон дод ва ҳамчунин занаш Сороро ба ӯ баргардонд. 15 Абималик боз ба ӯ гуфт: «Замини ман дар пеши туст. Дар ҳар ҷое ки хоҳӣ, зиндагӣ кун». 16 Ба Соро бошад, гуфт: «Ман ба бародарат+ 1000 сиқл нуқра медиҳам. Ин дар назари ҳамаи онҳое, ки бо ту ҳастанд, ва дар назари ҳамаи одамон аломати покдомании туст* ва ту аз бадномиву шармандагӣ пок ҳастӣ». 17 Иброҳим ба Худо дуо гуфт ва Худо Абималик, зани ӯ ва канизонашро шифо дод ва онҳо фарзанддор шуданд, 18 зеро Яҳува ба хотири Соро, зани Иброҳим, тамоми занони хонаводаи Абималикро нозой карда буд.+