1 Мӯсо
23 Соро 127 сол зиндагӣ кард.+ 2 Соро дар Қирят-Арбаъ,+ яъне Ҳебрӯн,+ дар замини Канъон,+ аз олам гузашт ва Иброҳим барои ӯ гиряву нола кард. 3 Сипас Иброҳим аз пеши ҷасади занаш бархост ва ба писарони Ҳит+ сухан ронда гуфт: 4 «Ман дар байни шумо ғариб ва мусофир ҳастам.+ Дар замини худ ба ман ҷое барои гӯронидан диҳед, то ман занамро гӯронам». 5 Он гоҳ писарони Ҳит ба Иброҳим ҷавоб доданд: 6 «Эй хоҷаамон, моро гӯш кун. Ту дар байни мо сардоре аз ҷониби Худо* ҳастӣ.+ Ту метавонӣ занатро дар беҳтарин мақбараи мо гӯронӣ ва ҳеҷ яки мо мақбараашро аз ту дареғ намедорад».
7 Он гоҳ Иброҳим аз ҷояш хеста, ба мардуми он сарзамин, яъне ба писарони Ҳит,+ таъзим кард 8 ва гуфт: «Агар шумо розӣ бошед, ки ман мурдаро дар ин ҷо гӯронам, Афрӯни писари Сӯҳарро розӣ кунед, 9 то ғори Макфелоро, ки аз они ӯст ва дар канори заминаш ҷойгир аст, ба ман бифурӯшад. Бигзор ӯ онро дар шоҳидии шумо бо нархи пуррааш+ бифурӯшад, то ман ҷое барои гӯронидан дошта бошам».+
10 Афрӯни ҳиттӣ бошад, дар байни писарони Ҳит нишаста буд. Ӯ дар ҳузури писарони Ҳит ва дар назди ҳамаи онҳое, ки ба дарвозаи шаҳр+ медаромаданд, ба Иброҳим гуфт: 11 «Не, эй хоҷаам! Ба сухани ман гӯш кун: ман ҳам замин ва ҳам ғореро, ки дар он аст, дар шоҳидии фарзандони қавми худ ба ту медиҳам. Мурдаро дар он ҷо гӯрон». 12 Он гоҳ Иброҳим ба мардуми он сарзамин таъзим кард ва 13 дар шоҳидии одамон ба Афрӯн гуфт: «Агар розӣ бошӣ, ба гапи ман гӯш кун: ман ба ту нархи пурраи ин заминро медиҳам. Онро аз дасти ман бигир, то ки ман мурдаро дар он гӯронда тавонам».
14 Афрӯн ба Иброҳим чунин гуфт: 15 «Эй хоҷаам, ба сухани ман гӯш деҳ. Ин замин 400 сиқл* нуқра арзиш дорад, лекин ин барои ману ту чӣ аҳамияте дорад? Мурдаро дар он ҷо гӯрон». 16 Иброҳим ба сухани Афрӯн, ки дар шоҳидии писарони Ҳит гуфт, гӯш дод ва ба вай 400 сиқл* нуқраро, аз рӯйи вазне, ки савдогарон қабул карда буданд, баркашида, дод.+ 17 Бо ҳамин замини Афрӯн, ки дар назди Макфело, дар рӯ ба рӯйи Мамре ҷойгир буд — худи замин, ғоре, ки дар он аст, ва дарахтони он, 18 дар шоҳидии писарони Ҳит ва ҳамаи онҳое, ки ба дарвозаи шаҳр медароянд, аз они Иброҳим дониста шуд. 19 Баъд аз ин Иброҳим зани худ Сороро дар ғоре, ки дар замини Макфело, дар рӯ ба рӯйи Мамре аст, яъне дар Ҳебрӯн, дар сарзамини Канъон, гӯронид. 20 Ҳамин тавр замин ва ғореро, ки дар он буд, писарони Ҳит ба Иброҳим доданд, то ӯ мурдаро дар он гӯронад.+