1 Мӯсо
29 Баъд аз ин Яъқуб сафари худро давом дода, ба сарзамини мардуми Шарқ рафт. 2 Ӯ дар саҳро чоҳеро дид ва дар назди он чоҳ се рама гӯсфанд хобида буд. Гӯсфандонро ҳар вақт аз он чоҳ об медоданд. Даҳани чоҳ бошад, бо санги калоне пӯшонида шуда буд. 3 Вақте ҳама рамаҳоро дар он ҷо ҷамъ меоварданд, сангро аз даҳани чоҳ яктарафа мекарданд ва рамаҳоро об дода, сангро боз ба ҷояш мегузоштанд.
4 Яъқуб аз чӯпонон пурсид: «Бародаронам, шумо аз куҷоед?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Мо аз Ҳоррон+ ҳастем». 5 Яъқуб аз онҳо пурсид: «Оё шумо Лобони+ набераи Ноҳӯрро+ мешиносед?» Онҳо гуфтанд: «Бале, мешиносем». 6 Он гоҳ ӯ гуфт: «Вай сиҳату саломат аст?» Чӯпонон ҷавоб доданд: «Бале, саломат аст. Ана, духтараш Роҳел+ бо рамаи гӯсфандон меояд». 7 Яъқуб ба онҳо гуфт: «Ҳозир ҳанӯз нисфирӯзист. Ҳоло вақти ҷамъ кардани рама нест. Гӯсфандонро об диҳед ва баъд онҳоро ба чаро баред». 8 Онҳо дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд: «То даме ки ҳама рамаҳо ҷамъ нашаванд, мумкин нест, ки сангро яктарафа кунем. Ҳамин ки онҳо ҷамъ шаванд, сангро яктарафа мекунем».
9 Ӯ ҳанӯз гап мезад ки, Роҳел бо рамаи падараш омад, чунки вай чӯпони рама буд. 10 Вақте Яъқуб Роҳел, духтари тағояш Лобон, ва рамаи тағояшро дид, дарҳол наздик шуда, сангро аз даҳони чоҳ яктарафа кард ва гӯсфандони тағояш Лобонро об дод. 11 Яъқуб Роҳелро бӯсиду бо овози баланд гирист. 12 Яъқуб ба Роҳел гуфт, ки ӯ хешованди* падараш ва писари Ривқо аст. Роҳел давида, ин хабарро ба падараш расонд.
13 Ҳамин ки Лобон+ дар бораи хоҳарзодааш Яъқуб шунид, ба пешвозаш давид. Ӯ Яъқубро ба оғӯш гирифта, бӯсид ва ба хонааш овард. Яъқуб ба Лобон ҳар он чиро, ки бо ӯ рӯй дод, нақл кард. 14 Лобон ба вай гуфт: «Ту гӯшту устухони ман ҳастӣ». Пас аз ин Яъқуб як моҳи пурра бо вай монд.
15 Баъд Лобон ба Яъқуб гуфт: «Акнун “мо хешем”+ гуфта, муфт ба ман хизмат мекунӣ? Ба ман бигӯй, ки музди меҳнатат чист?»+ 16 Лобон ду духтар дошт. Номи калонӣ Леё буду номи хурдӣ Роҳел.+ 17 Чашмони Леё нур надошт. Роҳел бошад, духтари хеле дилкашу зебо буд. 18 Яъқуб, ки ба Роҳел дил баста буд, чунин гуфт: «Ман тайёрам, ки барои духтари хурдиат Роҳел ҳафт сол ба ту хизмат кунам».+ 19 Лобон дар ҷавоб гуфт: «Духтарамро ба ту диҳам беҳтар аст, назар ба он ки ба каси дигаре. Бо ман бимон». 20 Ҳамин тавр Яъқуб барои Роҳел ҳафт сол хизмат кард+ ва, азбаски Роҳелро дӯст медошт, ҳафт сол дар назараш мисли якчанд рӯз намуд.
21 Яъқуб ба Лобон гуфт: «Муҳлати хизматам буд шуд. Зани маро ба ман бидеҳ, то бо вай оиладор шавам*». 22 Он гоҳ Лобон тамоми мардуми он ҷоро даъват карда, базм орост. 23 Аммо, вақте шаб шуд, ӯ ба назди Яъқуб духтараш Леёро овард, то бо вай ҳамхоб шавад. 24 Лобон ба духтараш Леё хизматгори худ Зилфоро дод, то канизи вай шавад.+ 25 Вақте саҳар шуд, Яъқуб дид, ки бо Леё хоб рафтааст! Ӯ ба Лобон гуфт: «Ин чӣ коре буд, ки бо ман кардӣ? Магар ман барои Роҳел ба ту хизмат накардам? Барои чӣ ту маро фиреб додӣ?»+ 26 Лобон бошад, дар ҷавоб гуфт: «Дар ҷойи мо духтари хурдиро пеш аз калонӣ ба занӣ намедиҳанд. 27 Ин ҳафтаро бо Леё гузарон. Баъд аз ин ман ба ту духтари дигарамро ҳам медиҳам ва барои ӯ ту ҳафт соли дигар хизмат мекунӣ».+ 28 Яъқуб ҳамин тавр кард ва он ҳафтаро бо Леё гузаронд. Баъд аз ин Лобон духтараш Роҳелро низ ба вай ба занӣ дод. 29 Лобон ба духтараш Роҳел хизматгори худ Билҳоро+ дод, то канизи+ вай шавад.
30 Яъқуб бо Роҳел ҳамхоб шуд ва Роҳелро аз Леё бештар дӯст медошт. Яъқуб барои Роҳел ҳафт соли дигар хизмат кард.+ 31 Вақте Яҳува дид, ки шавҳараш Леёро дӯст намедорад*, ба вай фарзанд ато кард*.+ Роҳел бошад, нозой буд.+ 32 Леё ҳомила шуд ва писаре таваллуд карда, ӯро Реубен*+ ном ниҳод ва гуфт: «Яҳува азоби маро дид+ ва акнун шавҳарам маро дӯст хоҳад дошт». 33 Ӯ боз ҳомила шуда, писаре таваллуд кард ва гуфт: «Яҳува оҳи маро шунид, ки шавҳарам маро дӯст намедорад ва ба ман бори дигар писар ато кард». Барои ҳамин Леё писарашро Шимъӯн*+ номид. 34 Леё бори дигар ҳомила шуда, писаре таваллуд кард ва гуфт: «Ин дафъа шавҳарам ба ман мепайвандад, чунки барояш се писар таваллуд кардам». Аз ин рӯ вай писарашро Левӣ*+ ном ниҳод. 35 Леё боз ҳомила шуда, писаре зоид ва гуфт: «Ин дафъа ман Яҳуваро ситоиш мекунам». Барои ҳамин ӯ писарро Яҳудо*+ ном ниҳод. Баъд аз ин Леё аз зоидан бозмонд.