1 Мӯсо
33 Яъқуб назар андохта дид, ки бародараш Эсов бо 400 мард ба пешвози ӯ омада истодааст.+ Яъқуб кӯдаконро байни Леё, Роҳел ва ду каниз тақсим кард.+ 2 Ӯ канизон ва кӯдаконашонро дар пеш,+ Леё ва кӯдаконашро баъди онҳо+ ва Роҳелу+ Юсуфро аз қафои онҳо гузошт. 3 Худаш бошад, пешопеши онҳо рафт ва роҳравон ҳафт бор таъзим карда, ба бародараш наздик шуд.
4 Эсов ба пешвози Яъқуб давид, ӯро оғӯш карду бӯсид ва ҳар дуяшон гиря карданд. 5 Вақте Эсов чашмонашро бардошт ва занону кӯдаконро дид, чунин гуфт: «Инҳо кистанд?» Яъқуб ҷавоб дод: «Инҳо фарзандони бандаат ҳастанд, ки Худо ба вай ато кард».+ 6 Он гоҳ канизон ҳамроҳи фарзандонашон пеш омада, таъзим карданд. 7 Леё низ ҳамроҳи фарзандонаш пеш омада, таъзим кард. Дар охир Юсуфу Роҳел низ омаданду таъзим карданд.+
8 Эсов гуфт: «Ин ҳама мардум ва гову молеро, ки дар роҳ дидам, бо кадом мақсад фиристодӣ?»+ Яъқуб дар ҷавоб гуфт: «То ки дар назари хоҷаам писанд афтам».+ 9 Эсов гуфт: «Ман чизу чораи зиёде дорам, бародарам.+ Молу мулкат аз они худат». 10 Лекин Яъқуб гуфт: «Илтимос, бародарам, агар дар назарат писанд афтода бошам, ин туҳфаро аз дасти ман бигир, чунки ман онро барои он овардам, то рӯйи туро бубинам. Бароям дидани рӯйи ту мисли дидани рӯйи Худо буд, зеро ту маро бо чеҳраи кушод қабул кардӣ.+ 11 Илтимос, ин туҳфаеро*, ки ба ту овардам, аз ман қабул кун,+ чунки Худо ба ман лутфу марҳамат кард ва ҳама чизи лозимаро дод».+ Ӯ гаштаву баргашта илтимос кард ва бародараш туҳфаи ӯро қабул кард.
12 Сипас Эсов гуфт: «Биё ба роҳ бароем ва ман пешопеши ту меравам». 13 Лекин Яъқуб гуфт: «Хоҷаам медонад, ки кӯдакон хурду нозуканд+ ва ҳамчунин гӯсфандону говон бо бачаҳояшон бо мананд. Агар онҳоро як рӯз ҳам бидавонам, тамоми чорво мемирад. 14 Бигзор хӯҷаинам пешопеши бандааш равад, ман бошам, суръати чорво ва кӯдаконро ба назар гирифта оҳистатар меравам, то даме ки назди хоҷаам ба Сеир бирасам».+ 15 Эсов гуфт: «Биё баъзе аз одамони худро бо ту монам». Яъқуб гуфт: «Ташвиш кашидан чӣ даркор? Барои ман дар назари хоҷаам писанд омадан бас аст». 16 Эсов он рӯз роҳи Сеирро пеш гирифт.
17 Яъқуб ба Суккӯт+ равона шуд ва дар он ҷо барои худ хона ва барои чорвояш соябонҳо сохт. Аз ин рӯ вай он ҷоро Суккӯт* номид.
18 Яъқуб аз Фаддони Арам+ баромада, сиҳату саломат ба шаҳри Шакем,+ ки дар замини Канъон+ ҷойгир аст, расид ва дар наздикии шаҳр хайма зад. 19 Ӯ 100 қесито* дода, аз писарони Ҳамӯр, падари Шакем, порчаи заминеро, ки дар он хайма зада буд, харид.+ 20 Ӯ дар он ҷо қурбонгоҳе сохта, онро «Худо Худои Исроил аст» номид.+