1 Мӯсо
36 Ин аст таърихи Эсов, яъне Адӯм.+
2 Эсов аз духтарони Канъон барои худ зан гирифт. Инҳоянд занҳои ӯ: Одо,+ духтари Элӯни ҳиттӣ,+ Оҳалибамо,+ духтари Ано, набераи Сибъӯни ҳиввӣ, 3 ва Босмат,+ духтари Исмоил, хоҳари Набоют.+
4 Одо барои Эсов Алифозро ба дунё овард, Босмат Реуилро
5 ва Оҳалибамо Яуш, Яълом ва Қӯраҳро+ ба дунё овард.
Ҳамаи инҳо писарони Эсов буданд, ки дар замини Канъон зода шуданд. 6 Баъд аз ин Эсов занон, писарон, духтарон ва тамоми аҳли хонавода, рама, тамоми чорпоёни худ ва тамоми молу мулкашро, ки дар замини Канъон ҷамъ оварда буд,+ гирифта, ба замини дигар рафт ва аз бародари худ Яъқуб дуртар сокин шуд,+ 7 зеро чизу чораи онҳо чунон зиёд шуда буд, ки замине, ки онҳо дар он мезистанд*, аз бисёрии чорвояшон барои ҳар дуяшон камӣ мекард. 8 Эсов дар кӯҳистони Сеир+ ҷой гирифт. Эсов ҳамон Адӯм аст.+
9 Ин аст таърихи Эсов, падари адӯмиён, ки дар кӯҳистони Сеир зиндагӣ мекарданд.+
10 Ин аст номҳои писарони Эсов: Алифоз, ки ӯро занаш Одо таваллуд карда буд, ва Реуил, ки ӯро зани дигараш Босмат ба дунё оварда буд.+
11 Писарони Алифоз инҳоянд: Темон,+ Ӯмор, Сафӣ, Ҷаътом ва Қеназ.+ 12 Тимнаъ суррияи* Алифози писари Эсов гардид ва барои Алифоз Амолеқро+ ба дунё овард. Ҳамаи инҳо писарони Одои зани Эсов буданд.
13 Инҳоянд писарони Реуил: Наҳат, Зораҳ, Шаммо ва Миззо. Ҳамаи инҳо писарони Босмати+ зани Эсов буданд.
14 Инҳоянд писарони Оҳалибамои зани Эсов, духтари Ано, набераи Сибъӯн, ки онҳоро барои Эсов таваллуд карда буд: Яуш, Яълом ва Қӯраҳ.
15 Инҳоянд мироне, ки аз насли Эсов+ ба дунё омаданд: писарони Алифоз, ки писари калонии Эсов буд: мир Темон, мир Ӯмор, мир Сафӣ, мир Қеназ,+ 16 мир Қӯраҳ, мир Ҷаътом ва мир Амолеқ. Ҳамаи ин мирон писарони Алифоз+ буданд, ки дар замини Адӯм ба дунё омаданд. Онҳо писарони Одо буданд.
17 Инҳоянд писарони Реуили писари Эсов: мир Наҳат, мир Зораҳ, мир Шаммо ва мир Миззо. Ҳамаи ин мирон писарони Реуил буданд, ки дар замини Адӯм+ ба дунё омаданд. Онҳо писарони Босмати зани Эсов буданд.
18 Инҳоянд писарони Оҳалибамои зани Эсов: мир Яуш, мир Яълом ва мир Қӯраҳ. Ҳамаи ин мирон писарони Оҳалибамои зани Эсов, духтари Ано, буданд.
19 Ҳамаи ин мирон писарони Эсов, яъне Адӯм,+ буданд.
20 Инҳоянд писарони Сеири ҳӯрӣ, ки дар он сарзамин зиндагӣ мекарданд:+ Лӯтон, Шӯбол, Сибъӯн, Ано,+ 21 Дишӯн, Эсар ва Дишан.+ Ҳамаи ин мирони ҳӯрӣ аз насли Сеир дар сарзамини Адӯм ба дунё омаданд.
22 Писарони Лӯтон Ҳӯрӣ ва Ҳемом буданд. Хоҳари Лӯтон бошад, Тимнаъ+ буд.
23 Инҳоянд писарони Шӯбол: Алвон, Монаҳат, Эбол, Шафӣ ва Ӯном.
24 Инҳоянд писарони Сибъӯн:+ Айё ва Ано. Ин ҳамон Аноест, ки ҳангоми дар биёбон бонӣ кардани харони Сибъӯни падараш, чашмаи оби гармро ёфт.
25 Инҳоянд фарзандони Ано: Дишӯн ва Оҳалибамои духтари Ано.
26 Инҳоянд писарони Дишӯн: Ҳамдон, Ашбон, Итрон ва Карон.+
27 Инҳоянд писарони Эсар: Билҳон, Заъвон ва Ақон.
28 Инҳоянд писарони Дишан: Ус ва Арон.+
29 Инҳоянд мирони ҳӯрӣ: мир Лӯтон, мир Шӯбол, мир Сибъӯн, мир Ано, 30 мир Дишӯн, мир Эсар ва мир Дишан.+ Ин аст номҳои мирони ҳӯрӣ, ки дар замини Сеир буданд.
31 Ҳанӯз вақте исроилиён подшоҳе надоштанд, инҳо дар замини Адӯм+ подшоҳӣ мекарданд:+ 32 Балаи писари Баӯр дар Адӯм ҳукмронӣ мекард ва номи шаҳраш Динҳоба буд. 33 Вақте Балаъ мурд, Юбоби писари Зораҳ, ки аз Басра буд, ба ҷойи ӯ ҳукмрон шуд. 34 Пас аз марги Юбоб Ҳушом, ки аз замини темониён буд, ба ҷойи ӯ ҳоким гашт. 35 Пас аз марги Ҳушом ба ҷойи ӯ Ҳадад писари Бадад, ки мидёниёнро+ дар замини Мӯоб шикаст дода буд, ҳукмрон гашт. Номи шаҳри ӯ Авит буд. 36 Пас аз марги Ҳадад Самло, ки аз Масреқо буд, ба ҷояш ҳукмрон шуд. 37 Пас аз марги Самло Шоул, ки аз Раҳабӯти назди дарёи бузург буд, ба ҷойи ӯ ҳукмрон шуд. 38 Пас аз марги Шоул Баал-Ҳонон, писари Акбӯр, ба ҷойи ӯ ҳукмрон шуд. 39 Пас аз марги Баал-Ҳонони писари Акбӯр ба ҷойи ӯ Ҳадар ҳукмрон шуд. Шаҳри ӯ Фоу ном дошт ва занаш Маҳитабъили духтари Матради духтари Мезоҳоб буд.
40 Ин аст номҳои мироне, ки аз насли Эсов ба дунё омадаанд, мувофиқи хонаводаҳо ва мувофиқи ҷойи зисташон: мир Тимнаъ, мир Алво, мир Ятет,+ 41 мир Оҳалибамо, мир Эло, мир Финӯн, 42 мир Қеназ, мир Темон, мир Мибсор, 43 мир Маҷдиил ва мир Иром. Инҳоянд мироне, ки аз насли Адӯм ба дунё омадаанд, мувофиқи ҷойи зист ва маконашон.+ Ин аст насли Эсов падари адӯмиён.+