1 Мӯсо
8 Худо Нӯҳ, тамоми ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҳайвонҳои хонагиеро, ки дар киштӣ бо ӯ буданд,+ ба ёд овард ва Худо шамоле бар замин вазонд ва обҳо паст шудан гирифтанд. 2 Чашмаҳои оби азим аз рехтан бозистоданду равзанаҳои* осмон баста шуданд ва борон бас кард.+ 3 Об оҳиста-оҳиста аз рӯйи замин паст шудан гирифт ва баъди 150 рӯз кам шуд. 4 Дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи 17-уми моҳ, киштӣ бар кӯҳҳои Арарат қарор гирифт. 5 Обҳо то моҳи даҳум кам шудан гирифтанд ва дар рӯзи аввали моҳи даҳум қуллаҳои кӯҳҳо намоён шуданд.+
6 Баъди 40 рӯз Нӯҳ тирезаеро,+ ки дар киштӣ сохта буд, кушод 7 ва зоғро ба берун сар дод. Вай парида мерафту бармегашт, то даме ки обҳои замин хушк шуданд.
8 Чанде пас ӯ кафтарро сар дод, то бубинад, ки оё обҳои рӯйи замин кам шудаанд ё не. 9 Кафтар барои худ ҷойи нишаст наёфт ва назди ӯ ба киштӣ баргашт, зеро тамоми рӯйи заминро ҳанӯз об пӯшонда буд.+ Нӯҳ дасти худро дароз карда, кафтарро ба даруни киштӣ даровард. 10 Ӯ ҳафт рӯзи дигар интизор шуд ва бори дигар кафтарро сар дод. 11 Қарибиҳои бегоҳ кафтар сӯйи ӯ баргашт ва дар нӯлаш барги тару тозаи зайтун дошт. Он гоҳ Нӯҳ фаҳмид, ки оби рӯйи замин кам шудааст.+ 12 Ӯ ҳафт рӯзи дигар интизор шуд ва боз кафтарро сар дод, лекин вай дигар назди ӯ барнагашт.
13 Дар соли 601-ум,+ дар рӯзи якуми моҳи якум, обҳо аз рӯйи замин рафта буданд. Нӯҳ сарпӯши киштиро бардошта, дид, ки замин хушк шуда истодааст. 14 Дар моҳи дуюм, дар рӯзи 27-уми моҳ, рӯйи замин хушк шуд.
15 Худо ба Нӯҳ гуфт: 16 «Ту ҳамроҳи занат, писаронат ва занони писаронат аз киштӣ баро.+ 17 Тамоми ҷонварони зиндаро бо худ берун барор+ — ҷонварони болдорро, ҳайвонҳоро ва ҳамаи хазандагонро, то серфарзанд ва сершумор шаванд ва бар тамоми замин паҳн гарданд».+
18 Нӯҳ ҳамроҳи писаронаш,+ занаш ва занони писаронаш аз киштӣ баромад. 19 Ҳар ҷонзод, ҳар ҳайвони хазанда ва ҳар паранда, яъне ҳар он чӣ дар замин ҳаракат мекард, мувофиқи ҷинсаш аз киштӣ берун омад.+ 20 Нӯҳ барои Яҳува қурбонгоҳе сохт+ ва баъзе аз ҳайвонҳои пок ва парандаҳои покро+ гирифта, бар қурбонгоҳ қурбониҳои сӯхтанӣ овард.+ 21 Вақте бӯйи хуши* қурбонӣ ба димоғи Яҳува расид, Яҳува дар дили худ гуфт: «Дигар ҳеҷ гоҳ заминро аз барои одам лаънат намекунам,+ зеро фикру андешаҳои дили инсон аз кӯдакиаш фақат бад аст,+ ва дигар ҳеҷ гоҳ тамоми ҷонзодро несту нобуд намекунам.+ 22 Минбаъд дар рӯйи замин киштукор ва дарав, сармою гармо, тобистону зимистон ва рӯзу шаб беист давом хоҳад ёфт».+