3 Подшоҳон
13 Вақте Ёробъом назди қурбонгоҳ+ меистод ва қурбонӣ оварда, дуд мекард, бо амри Яҳува аз Яҳудо ба Байт-Ил марди Худо+ омад. 2 Он мард бо амри Яҳува сӯйи қурбонгоҳ фарёд зада гуфт: «Эй қурбонгоҳ, эй қурбонгоҳ! Яҳува чунин мегӯяд: “Инак, Юшиё+ ном писаре дар хонадони Довуд ба дунё меояд. Ӯ коҳинони баландиҳо, касонеро, ки бар ту қурбонӣ оварда, дуд мекарданд, бар ту қурбон мекунад ва бар ту устухонҳои одамонро месӯзонад”».+ 3 Марди Худо дар он рӯз дар бораи аломате сухан ронда гуфт: «Ин аст аломати он ки инро Яҳува гуфтааст: қурбонгоҳ мешиканад ва хокистаре*, ки бар он аст, мерезад».
4 Ҳамин ки подшоҳ сухани марди Худоро дар ҳаққи қурбонгоҳи Байт-Ил шунид, дасти худро аз қурбонгоҳ гирифта, сӯйи марди Худо дароз кард ва гуфт: «Дастгир кунед ӯро!»+ Ҳамон лаҳза дасте, ки ӯ дароз кард, хушк* шуд ва ӯ онро ҷунбонда натавонист.+ 5 Он гоҳ мувофиқи аломате, ки марди Худо бо амри Яҳува дар борааш гуфт, қурбонгоҳ шикаст ва хокистараш рехт.
6 Подшоҳ ба марди Худо гуфт: «Илтимос, аз Худоят Яҳува илтиҷо кун ва дар ҳаққи ман дуо гӯй, ки дастам шифо ёбад».+ Он гоҳ марди Худо сӯйи Яҳува илтиҷо кард ва дасти подшоҳ мисли пештара шуд. 7 Подшоҳ ба марди Худо гуфт: «Бо ман ба хонаам рафта, каме хӯрок бихӯр ва туҳфаеро аз дастам қабул кун». 8 Аммо марди Худо ба подшоҳ гуфт: «Нисфи хонаатро диҳӣ ҳам, бо ту намеравам ва дар ин макон нон намехӯраму об наменӯшам, 9 зеро Яҳува ба ман амр дода чунин гуфт: “Нон нахӯр, об нанӯш ва бо роҳе, ки омадӣ, барнагард”». 10 Ӯ бо роҳи дигаре рафт ва бо роҳе, ки ба Байт-Ил омада буд, барнагашт.
11 Дар Байт-Ил пайғамбари пиронсоле мезист ва писаронаш ба хона омада, ҳамаи корҳоеро, ки марди Худо он рӯз дар Байт-Ил ба амал овард, ва суханонеро, ки ба подшоҳ гуфт, ба ӯ нақл карданд. Вақте онҳо инро ба падарашон гуфтанд, 12 вай аз онҳо пурсид: «Ӯ бо кадом роҳ рафт?» Писаронаш ба вай нишон доданд, ки он марди Худо, ки аз Яҳудо омада буд, бо кадом роҳ рафт. 13 Ӯ ба писаронаш гуфт: «Харро бароям зин кунед». Онҳо харро зин карданд ва ӯ ба он савор шуд.
14 Ӯ аз паси марди Худо рафта, ӯро зери дарахти калоне нишаста ёфт ва ба вай гуфт: «Оё ту он марди Худо ҳастӣ, ки аз Яҳудо омадааст?»+ Ӯ ҷавоб дод: «Бале, манам». 15 Ӯ ба вай гуфт: «Ҳамроҳи ман ба хонаам рафта, нон бихӯр». 16 Аммо марди Худо гуфт: «Ман наметавонам бо ту равам ва таклифатро қабул кунам, дар ин ҷо низ бо ту нон хӯрда ва об нӯшида наметавонам, 17 зеро Яҳува ба ман амр додааст: “Дар он ҷо нон нахӯр, об нанӯш ва бо роҳе, ки омадӣ, барнагард”». 18 Ӯ бошад, гуфт: «Ман ҳам мисли ту пайғамбарам. Бо амри Яҳува фаришта ба ман гуфт: “Ӯро баргардонда, ба хонаат бар, то нон бихӯрад ва об бинӯшад”». (Аммо ӯ вайро фиреб дод.) 19 Марди Худо бо вай баргашт, то дар хонааш нон хӯрад ва об нӯшад.
20 Вақте онҳо дар сари дастархон менишастанд, Яҳува ба пайғамбаре, ки ӯро баргардонд, паём фиристод 21 ва ӯ ба марди Худо, ки аз Яҳудо омада буд, муроҷиат карда гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Ту ба амри Яҳува зид баромадӣ ва фармудаи Худоят Яҳуваро ба ҷо наовардӣ, 22 балки баргаштӣ ва, дар ҷое ки ба ту гуфта шуд, ки “нон нахӯр ва об нанӯш”, нон хӯрдиву об нӯшидӣ, бинобар ин ҷасади туро дар қабри бобоёнат гӯр нахоҳанд кард”».+
23 Вақте марди Худо нон хӯрд ва об нӯшид, пайғамбари пиронсол барои пайғамбаре, ки баргардонда буд, харро зин кард. 24 Ӯ бо роҳи худ равона буд ки, шере аз пешаш баромад ва ӯро кушт.+ Ҷасади ӯ дар сари роҳ буд ва хараш дар назди он меистод ва шер низ дар назди ҷасади ӯ буд. 25 Роҳгузарон диданд, ки ҷасад дар сари роҳ партофта шудааст ва шер назди он меистад. Онҳо ба шаҳре, ки пайғамбари пиронсол мезист, омада, инро нақл карданд.
26 Ҳамин ки пайғамбаре, ки ӯро аз роҳаш гардонда буд, инро шунид, гуфт: «Ин марди Худост, ки ба амри Яҳува зид баромад.+ Аз ин рӯ Яҳува ӯро ба шер супурд ва вай ӯро дарида кушт, чуноне Яҳува ба ӯ гуфта буд».+ 27 Ӯ ба писаронаш гуфт: «Харро бароям зин кунед», ва онҳо харро зин карданд. 28 Ӯ равона шуд ва омада, дид, ки ҷасад дар сари роҳ партофта шудаасту дар наздаш хар ва шер истодаанд. Шер ҷасадро нахӯрда буд ва харро надарида буд. 29 Пайғамбар ҷасади марди Худоро бардошта, ба хар бор кард ва ба шаҳри худ овард, то мотам гирифта, ӯро гӯронад. 30 Ӯ ҷасадро дар қабри худ гузошт ва онҳо барояш навҳа карда гуфтанд: «Эй вой, бародарам!» 31 Баъд аз гӯрондани марди Худо вай ба писаронаш гуфт: «Вақте бимирам, маро, дар ин ҷое ки марди Худо хобидааст, гӯронед. Устухонҳоямро дар назди устухонҳои ӯ гузоред.+ 32 Сухане, ки ӯ бо амри Яҳува бар зидди қурбонгоҳи Байт-Ил ва ҳамаи ибодатхонаҳое, ки дар баландиҳои+ шаҳрҳои Сомарияанд, гуфта буд, ҳатман ба амал хоҳад омад».+
33 Ёробъом ҳатто баъди ин воқеа аз роҳи бади худ нагашт, балки аз мардуми одӣ коҳинони баландиҳоро таъйин мекард.+ Ӯ ҳар касеро, ки хоҳиш дошт, коҳин таъйин карда* мегуфт: «Бигзор ӯ яке аз коҳинони баландиҳо шавад».+ 34 Ин гуноҳи хонадони Ёробъом+ сабаби аз рӯйи замин несту нобуд шудани онҳо гашт.+