ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 3 Подшоҳон 16
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 3 Подшоҳон

      • Пешгӯйии Яҳува бар зидди Баъшо (1–7)

      • Элои шоҳи Исроил (8–14)

      • Зимрии шоҳи Исроил (15–20)

      • Омрии шоҳи Исроил (21–28)

      • Аҳъоби шоҳи Исроил (29–33)

      • Ҳиил Ериҳӯро аз нав бино мекунад (34)

3 Подшоҳон 16:1

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 19:2; 20:34
  • +2Вқ 16:7

3 Подшоҳон 16:2

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 2:8
  • +3Пш 13:33

3 Подшоҳон 16:3

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 14:10, 11; 15:29

3 Подшоҳон 16:6

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 15:21, 33

3 Подшоҳон 16:7

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 15:25–29

3 Подшоҳон 16:10

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 9:31

3 Подшоҳон 16:11

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «ҳар касеро, ки ба девор пешоб мекунад». Ин ибораи ибронӣ таҳқиромез буда, ба мардон ишора мекунад.

  • *

    Ё «хунхоҳон».

3 Подшоҳон 16:12

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 16:1–3

3 Подшоҳон 16:13

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 32:21; 1Пш 12:21; 4Пш 17:15; Иш 41:29

3 Подшоҳон 16:15

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 19:44, 48; 21:20, 23; 3Пш 15:27

3 Подшоҳон 16:16

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 8:26; Мик 6:16

3 Подшоҳон 16:18

Эзоҳҳо

  • *

    Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Оятҳои иловагӣ

  • +Дв 9:53, 54; 1Пш 31:4; 2Пш 17:23

3 Подшоҳон 16:19

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 12:28–30; 14:7, 9

3 Подшоҳон 16:24

Эзоҳҳо

  • *

    Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.

  • *

    Маънояш «аз они қабилаи Сомар».

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 20:1; 4Пш 17:24; Ом 6:1; Крн 8:5

3 Подшоҳон 16:25

Оятҳои иловагӣ

  • +Мик 6:16

3 Подшоҳон 16:26

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 12:28–30; 13:33

3 Подшоҳон 16:28

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 16:33; 21:4, 20–22; 4Пш 10:1

3 Подшоҳон 16:29

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 16:23, 24; Иш 7:9

3 Подшоҳон 16:30

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 16:25; 21:25; 4Пш 3:1, 2

3 Подшоҳон 16:31

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 12:28–30
  • +3Пш 18:4, 19; 21:7; 4Пш 9:30; Ошк 2:20
  • +1Мс 10:15
  • +Дв 2:11; 10:6; 4Пш 10:19; 17:16

3 Подшоҳон 16:32

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 10:21, 27

3 Подшоҳон 16:33

Эзоҳҳо

  • *

    Ашера — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 34:13; 4Пш 10:26, 28; 13:6

3 Подшоҳон 16:34

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 6:26

Асосӣ

3 Подш. 16:12Вқ 19:2; 20:34
3 Подш. 16:12Вқ 16:7
3 Подш. 16:21Пш 2:8
3 Подш. 16:23Пш 13:33
3 Подш. 16:33Пш 14:10, 11; 15:29
3 Подш. 16:63Пш 15:21, 33
3 Подш. 16:73Пш 15:25–29
3 Подш. 16:104Пш 9:31
3 Подш. 16:123Пш 16:1–3
3 Подш. 16:135Мс 32:21; 1Пш 12:21; 4Пш 17:15; Иш 41:29
3 Подш. 16:15Юш 19:44, 48; 21:20, 23; 3Пш 15:27
3 Подш. 16:164Пш 8:26; Мик 6:16
3 Подш. 16:18Дв 9:53, 54; 1Пш 31:4; 2Пш 17:23
3 Подш. 16:193Пш 12:28–30; 14:7, 9
3 Подш. 16:243Пш 20:1; 4Пш 17:24; Ом 6:1; Крн 8:5
3 Подш. 16:25Мик 6:16
3 Подш. 16:263Пш 12:28–30; 13:33
3 Подш. 16:283Пш 16:33; 21:4, 20–22; 4Пш 10:1
3 Подш. 16:293Пш 16:23, 24; Иш 7:9
3 Подш. 16:303Пш 16:25; 21:25; 4Пш 3:1, 2
3 Подш. 16:313Пш 12:28–30
3 Подш. 16:313Пш 18:4, 19; 21:7; 4Пш 9:30; Ошк 2:20
3 Подш. 16:311Мс 10:15
3 Подш. 16:31Дв 2:11; 10:6; 4Пш 10:19; 17:16
3 Подш. 16:324Пш 10:21, 27
3 Подш. 16:332Мс 34:13; 4Пш 10:26, 28; 13:6
3 Подш. 16:34Юш 6:26
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
  • 32
  • 33
  • 34
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
3 Подшоҳон 16:1–34

3 Подшоҳон

16 Яҳува ба воситаи Еҳуи+ писари Ҳанонӣ+ бар зидди Баъшо сухан ронда гуфт: 2 «Ман туро, ки ба хоки замин баробар будӣ, гирифта, пешвои халқам Исроил гардондам,+ ту бошӣ, ба Ёробъом пайравӣ кардӣ ва халқам Исроилро ба гуноҳ тела додӣ ва онҳо бо гуноҳҳои худ маро ба хашм оварданд.+ 3 Ман Баъшо ва хонадони ӯро аз рӯйи замин пок месозам ва хонадони ӯро мисли хонадони Ёробъоми+ писари Набот мегардонам. 4 Ҳар касеро, ки аз Баъшо дар шаҳр бимирад, сагон ва ҳар касеро, ки дар саҳро бимирад, парандагони осмон мехӯранд».

5 Воқеаҳои дигари ҳаёти Баъшо, корҳои ӯ ва қудрати ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 6 Баъшо ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва дар Тирсо+ гӯронда шуд. Ба ҷойи ӯ писараш Эло подшоҳ гашт. 7 Яҳува ба воситаи Еҳуи писари Ҳанонии пайғамбар бар зидди Баъшо ва хонадони ӯ сухан гуфта буд, зеро ӯ мисли хонадони Ёробъом бо амали дастҳои худ Яҳуваро ба хашм оварда дар назари ӯ бадии зиёде кард ва ҳамчунин Нодобро кушт.+

8 Дар соли 26-уми Осои подшоҳи Яҳудо Элои писари Баъшо дар Тирсо бар Исроил подшоҳ гашт ва ду сол ҳукмронӣ кард. 9 Вақте Эло дар Тирсо, дар хонаи Арсо, ки дар Тирсо нозири дарбори ӯ буд, нӯшида маст шуд, ходимаш Зимрӣ, ки сардори нисфи аробаҳои ҷангии ӯ буд, ба ҷони ӯ суиқасд кард. 10 Зимрӣ омада, дар соли 27-уми Осои подшоҳи Яҳудо Элоро зарба зада кушт+ ва ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд. 11 Ҳамин ки Зимрӣ подшоҳ шуда, бар тахт нишаст, аҳли хонаводаи Баъшоро кушт. Ӯ ягон мардинаро*, на аз хешон* ва на аз дӯстони ӯ, зинда намонд. 12 Ҳамин тавр Зимрӣ мувофиқи сухане, ки Яҳува ба воситаи пайғамбар Еҳу бар зидди Баъшо гуфта буд, тамоми хонадони ӯро нобуд сохт.+ 13 Ин барои он рӯй дод, ки Баъшо ва писараш Эло гуноҳи зиёде карда буданд ва бо айби онҳо Исроил гуноҳ кард, яъне бутҳои бекораро+ парастиш карда Яҳува, Худои Исроилро, ба хашм овард. 14 Воқеаҳои дигари ҳаёти Эло, ҳамаи корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст.

15 Дар соли 27-уми Осои подшоҳи Яҳудо Зимрӣ дар Тирсо подшоҳ шуд ва ҳафт рӯз ҳукмронӣ кард. Он вақт лашкари Исроил бар зидди Ҷибтӯн,+ ки дар дасти фалиштиён буд, урду зада буд. 16 Пас аз чанде дар урдугоҳ хабар ёфтанд, ки Зимрӣ суиқасд карда, подшоҳро куштааст, ва тамоми Исроил дар он рӯз сарлашкарашон Омриро+ дар урдугоҳ подшоҳи Исроил кард. 17 Омрӣ ҳамроҳи тамоми Исроил аз Ҷибтӯн сӯйи Тирсо рафта, онро муҳосира кард. 18 Вақте Зимрӣ дид, ки шаҳрро забт кардаанд, ба бурҷи* истеҳкомдори қасри подшоҳ рафта, хонаеро, ки дар дарунаш буд, оташ зад ва мурд.+ 19 Ин барои он шуд, ки ӯ мисли Ёробъом он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал оварда гуноҳ кард ва Исроилро низ ба гуноҳ тела дод.+ 20 Воқеаҳои дигари ҳаёти Зимрӣ ва суиқасди ӯ дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст.

21 Он вақт халқи Исроил ба ду қисм ҷудо шуд: як қисмаш Тибнии писари Ҷинатро тарафдорӣ карда, ӯро подшоҳ карданӣ буд, қисми дигараш — Омриро. 22 Мардуме, ки тарафдори Омрӣ буд, бар мардуме, ки тарафдори Тибнии писари Ҷинат буд, дастболо шуд. Тибнӣ мурду Омрӣ подшоҳ гашт.

23 Дар соли 31-уми Осои подшоҳи Яҳудо Омрӣ бар Исроил подшоҳ шуд ва 12 сол ҳукмронӣ кард. Ӯ шаш сол дар Тирсо ҳукмронӣ кард. 24 Ӯ аз Сомар ба ду киккар* нуқра кӯҳи Сомарияро харид ва бар он шаҳре бино кард. Ӯ он шаҳрро ба номи Сомар, ки соҳиби кӯҳ буд, Сомария*+ номид. 25 Омрӣ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард ва аз ҳамаи онҳое, ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор мекард.+ 26 Ӯ ба тамоми корҳои Ёробъоми писари Набот пайравӣ намуд ва мисли Исроил, ки бо айби Ёробъом бутҳои бекораро парастиш намуда Яҳува, Худои Исроилро, ба хашм меовард, гуноҳ мекард.+ 27 Воқеаҳои дигари ҳаёти Омрӣ, корҳои ӯ ва қудрати ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 28 Омрӣ ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва дар Сомария гӯронда шуд. Ба ҷойи ӯ писараш Аҳъоб+ подшоҳ гашт.

29 Аҳъоби писари Омрӣ дар соли 38-уми Осои подшоҳи Яҳудо бар Исроил подшоҳ шуд. Ӯ дар Сомария+ 22 сол бар Исроил ҳукмронӣ кард. 30 Аҳъоби писари Омрӣ дар назари Яҳува аз ҳамаи онҳое, ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор кард.+ 31 Ба гуноҳҳои Ёробъоми писари Набот пайравӣ карданаш кам буд+ ки, ӯ Изобали+ духтари Этбаал, подшоҳи сидӯниёнро,+ ба занӣ гирифту ба Баал+ саҷда намуда ӯро парастиш кард. 32 Ӯ ҳамчунин дар ибодатхонаи Баал,+ ки дар Сомария бино карда буд, барои Баал қурбонгоҳе сохт. 33 Илова бар ин, Аҳъоб Ашера*+ сохт. Аҳъоб Яҳува, Худои Исроилро, аз ҳамаи подшоҳони Исроил, ки пеш аз ӯ буданд, бештар ба ғазаб овард.

34 Дар рӯзҳои ӯ Ҳиили байтилӣ Ериҳӯро аз нав бино кард. Ӯ мувофиқи сухане, ки Яҳува ба воситаи Юшаи писари Нун гуфта буд, таҳкурсии онро ба қимати ҷони писари калониаш Абиром гузошт ва дарвозаҳояшро ба қимати ҷони писари хурдиаш Саҷуб шинонд.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан