3 Подшоҳон
3 Сулаймон домоди фиръавн, подшоҳи Миср, шуд. Ӯ духтари фиръавнро ба занӣ гирифта,+ ба Шаҳри Довуд+ овард ва ӯ, то даме ки Сулаймон сохтани хонаи худ,+ хонаи Яҳува+ ва девори гирдогирди Ерусалимро+ ба охир расонд, дар он ҷо мезист. 2 Мардум он вақт дар баландиҳо қурбонӣ меовард,+ зеро хонае ба номи Яҳува ҳанӯз сохта нашуда буд.+ 3 Сулаймон Яҳуваро дӯст медошт ва мувофиқи фармудаҳои падараш Довуд рафтор менамуд, фақат ки дар баландиҳо қурбонӣ оварда дуд мекард.+
4 Рӯзе подшоҳ ба Ҷибъӯн рафт, то дар он ҷо қурбонӣ оварад, зеро он баландии асосӣ* буд.+ Бар қурбонгоҳе, ки он ҷо буд, Сулаймон 1000 қурбонии сӯхтанӣ пешкаш кард.+ 5 Дар Ҷибъӯн Яҳува ба Сулаймон дар хоби шаб намудор шуд. Худо ба ӯ гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».+ 6 Сулаймон ба ӯ гуфт: «Ту ба бандаат Довуд, падари ман, ки пеши ту вафодорона ва бо росткориву дили соф роҳ мерафт, меҳру вафои бузурге кардӣ. Ту то ба имрӯз ба ӯ чунин меҳру вафои бузург мекунӣ, зеро ба ӯ писаре додӣ, ки бар тахташ нишинад.+ 7 Акнун, эй Худоям Яҳува, ту бандаатро ба ҷойи падарам Довуд подшоҳ кардӣ, аммо ман ҷавону* камтаҷриба ҳастам*.+ 8 Бандаат дар миёни халқи туст, ки онро ту интихоб кардаӣ,+ халқи чунон азиме, ки на шумурда мешавад ва на ҳисоб карда. 9 Пас, ба бандаат дили итоаткор бибахш, то халқи туро доварӣ кунад+ ва ба фарқи неку бад биравад,+ зеро кист, ки ин халқи сершумори* туро доварӣ карда тавонад?»
10 Ин талаби Сулаймон ба Яҳува маъқул шуд.+ 11 Худо ба ӯ гуфт: «Азбаски ту ин чизро талаб кардӣ ва барои худат умри дароз*, боигарӣ ё ҷони душманонатро напурсидӣ, балки барои доварӣ кардан фаҳмиш талабидӣ,+ 12 ман хоҳишатро ба ҷо меорам.+ Ман ба ту дили бофаҳму хирад ато мекунам,+ ба тавре ки пеш аз ту касе мисли ту набуд ва баъд аз ту нахоҳад буд.+ 13 Илова бар ин, ман он чизеро, ки наталабидӣ, ҳам боигарӣ ва ҳам ҷалолро,+ ба ту ато мекунам,+ ба тавре ки дар рӯзҳои ту подшоҳе мисли ту нахоҳад буд.+ 14 Агар ту мисли падарат Довуд+ дастуру амрҳоямро риоя намуда бо роҳҳои ман равона шавӣ, ба ту умри дароз ҳам медиҳам*».+
15 Вақте Сулаймон бедор шуд, фаҳмид, ки хобе дидааст. Сипас ӯ ба Ерусалим рафта, назди сандуқи аҳди Яҳува истод ва қурбониҳои сӯхтаниву осоиштагӣ+ пешкаш кард ва барои ҳамаи ходимонаш зиёфате орост.
16 Боре ду зани зинокор ба назди подшоҳ омада, ба ҳузураш истоданд. 17 Яке аз занон гуфт: «Эй хоҷаам, ману ин зан дар як хона зиндагӣ мекунем ва, ҳангоме ки ӯ дар хона буд, ман таваллуд кардам. 18 Дар рӯзи сеюми баъд аз таваллуд карданам ин зан низ таваллуд кард. Мо ҳар ду якҷоя мезистем ва дар он хона ғайр аз мо касе набуд. 19 Шабона писари ин зан мурд, зеро вай нафаҳмида ба болои писараш хобиду ӯро нафасгир кард. 20 Ӯ нисфи шаб хеста, писарамро, ҳангоме ки канизат хоб буд, аз бари ман гирифту ба бағали худ гузошт, писари мурдаи худро бошад, ба бағали ман монд. 21 Вақте ман саҳарӣ хестам, то писарамро сина диҳам, дидам, ки ӯ мурдааст. Лекин ба ӯ бодиққат нигоҳ карда, фаҳмидам, ки ин писари навзоди ман нест». 22 Вале зани дигар гуфт: «Не, бачаи зинда писари ман аст, бачаи мурда бошад, писари туст!» Зани якум бошад, мегуфт: «Не, писари ту мурда аст, писари ман бошад, зинда аст». Ҳамин тавр онҳо пеши подшоҳ баҳс мекарданд.
23 Ниҳоят подшоҳ гуфт: «Ин зан мегӯяд: “Писари ман зинда аст, писари ту бошад, мурда”. Дигаре мегӯяд: “Не, писари ту мурда асту писари ман зинда”». 24 Подшоҳ гуфт: «Ба ман шамшере биёред». Онҳо ба подшоҳ шамшер оварданд. 25 Сипас подшоҳ гуфт: «Кӯдаки зиндаро ду пора карда, нисфашро ба як зан ва нисфи дигарашро ба дигар зан диҳед». 26 Ҳамон лаҳза меҳри модарии зане, ки писараш зинда буд, ҷӯш зад ва ӯ подшоҳро зора карда гуфт: «Эй хоҷаам, илтимос, бигзор бачаи зиндаро ба вай бидиҳанд! Фақат ки ӯро накушед!» Аммо зани дигарӣ мегуфт: «Ӯ на аз они ман мешаваду на аз они ту! Бигзор ӯро ду пора кунанд!» 27 Он гоҳ подшоҳ гуфт: «Кӯдакро накушед, балки ба зани якум диҳед, чунки вай модари кӯдаки зинда аст».
28 Тамоми Исроил дар бораи доварии подшоҳ шунида аз ӯ тарсид,+ зеро фаҳмид, ки ӯ бо хиради худодод доварӣ мекунад.+