4 Подшоҳон
10 Аҳъоб+ дар Сомария 70 писар дошт. Аз ин рӯ Еҳу ба Сомария, ба мирони Изреъил, пирон+ ва парасторони фарзандони Аҳъоб*, номаҳо фиристода, гуфт: 2 «Писарони хоҷаатон бо шумоянд, ҳамчунин шумо аспу ароба, шаҳри ҳисордор ва аслиҳа доред. Вақте ин нома ба шумо бирасад, 3 писари беҳтарину муносибтарини* хоҷаатонро интихоб карда, бар тахти падараш шинонед ва барои хонадони хоҷаатон биҷангед».
4 Аммо онҳо ба тарсу ваҳм афтода гуфтанд: «Ду подшоҳ дар пеши ӯ истодагӣ карда натавонисту+ мо чӣ гуна истодагӣ кунем?» 5 Он гоҳ нозири дарбор, ҳокими шаҳр, пирон ва парасторон ба Еҳу чунин паём фиристоданд: «Мо бандагони туем ва ҳар чиро, ки гӯӣ, ба ҷо меорем. Мо касеро подшоҳ намекунем. Ҳар чиро, ки дар назарат писанд бошад, бикун».
6 Сипас Еҳу бори дуюм ба онҳо нома навишта гуфт: «Агар шумо бо ман бошед ва ба ман итоат кунед, каллаҳои писарони хоҷаатонро гирифта, пагоҳ, дар ҳамин вақт, назди ман ба Изреъил биёед».
Он вақт 70 писари подшоҳ ҳамроҳи бузургони шаҳр буданд, ки онҳоро тарбия мекарданд. 7 Ҳамин ки онҳо ин номаро гирифтанд, писарони шоҳро, ки 70 нафар буданд, куштанд+ ва каллаҳои онҳоро ба сабадҳо гузошта, ба Изреъил, ба Еҳу, фиристоданд. 8 Хабаррасон омада, ба ӯ гуфт: «Каллаҳои писарони шоҳро оварданд». Ӯ гуфт: «Онҳоро ду тӯда карда, то саҳар дар даҳани дарвозаи шаҳр бимонед». 9 Ӯ саҳарӣ баромад ва пеши тамоми мардум истода, гуфт: «Шумо гуноҳе надоред*. Бале, ман ба ҷони хоҷаи худ суиқасд карда, ӯро куштам,+ вале ҳамаи инҳоро кӣ кушт? 10 Пас, бидонед, ки аз суханони Яҳува, ки Яҳува бар зидди хонадони Аҳъоб гуфта буд, ягонтоаш бенатиҷа намемонад*+ ва ҳоло Яҳува он чиро, ки ба воситаи бандааш Илёс гуфта буд, ба амал овард».+ 11 Пас аз ин Еҳу ҳамаи онҳоеро, ки аз хонадони Аҳъоб дар Изреъил боқӣ монда буданд, ва ҳамчунин бузургон, ошноён ва коҳинонашро*+ кушт, ба тавре ки касе аз ӯ зинда намонд.+
12 Баъд Еҳу бархоста, ба Сомария равона шуд. Вақте ӯ то хонаи пашмтарошон* расид, 13 бо бародарони Аҳазёи+ шоҳи Яҳудо дучор шуд. Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо кистед?» Онҳо гуфтанд: «Мо бародарони Аҳазё ҳастем ва ҳоло ба хабаргирии писарони шоҳ ва писарони малика рафта истодаем». 14 Еҳу дарҳол гуфт: «Онҳоро зинда дастгир кунед!» Одамони ӯ онҳоро, ки 42 нафар буданд, зинда дастгир карда, дар назди обанбори хонаи пашмтарошон куштанд. Ӯ ягонтои онҳоро зинда намонд.+
15 Еҳу аз он ҷо баромада, бо Юнодоби+ писари Рекоб,+ ки ба пешвозаш баромада буд, вохӯрд ва бо ӯ саломалейк карда*, гуфт: «Оё дили ту пурра бо ман аст, чуноне ки дили ман бо дили туст?»
Юнодоб гуфт: «Бале!»
«Ин хел бошад, дастатро бидеҳ».
Ӯ дасташро дод ва Еҳу ӯро ба аробаи худ баровард. 16 Еҳу гуфт: «Бо ман биё ва бубин, ки ман тобу тоқати бевафоиеро, ки нисбати Яҳува мекунанд, надорам*»,+ ва ӯро ба аробаи ҷангиаш савор карда, бурд. 17 Еҳу ба Сомария омада, ҳамаи онҳоеро, ки аз хонадони Аҳъоб дар Сомария боқӣ монда буданд, кушт. Ӯ, чуноне ки Яҳува ба воситаи Илёс гуфта буд,+ онҳоро нест кард.+
18 Сипас Еҳу тамоми мардумро ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Аҳъоб Баалро кам парастиш кард,+ вале Еҳу ӯро бисёртар парастиш мекунад. 19 Пас, тамоми пайғамбарони Баал,+ парастандагон ва коҳинонашро+ ба назди ман даъват кунед. Бигзор ҳамаашон, якто намонда, ба ин ҷо оянд, зеро барои Баал қурбонии бузурге оварданиам. Ҳар касе наояд, зинда намемонад». Лекин Еҳу бо макру ҳила парастандагони Баалро нобуд карданӣ буд.
20 Еҳу гапашро давом дода гуфт: «Барои Баал ҷамъомади махсусе эълон кунед», ва онҳо эълон карданд. 21 Баъд аз ин Еҳу дар саросари Исроил паём фиристод ва ҳамаи парастандагони Баал омаданд. Касе набуд, ки наомада бошад. Онҳо ба ибодатхонаи Баал+ даромаданд ва он сар то сар пур шуд. 22 Ӯ ба нозири ҳуҷраи либос гуфт: «Барои ҳамаи парастандагони Баал либос барор», ва ӯ барои онҳо либос овард. 23 Пас аз ин Еҳу ҳамроҳи Юнодоби+ писари Рекоб ба ибодатхонаи Баал даромад. Ӯ ба парастандагони Баал гуфт: «Бодиққат нигоҳ кунед ва бубинед, ки дар ин ҷо ягон парастандаи Яҳува набошад, фақат парастандагони Баал бошанд». 24 Ниҳоят онҳо даромаданд, то қурбониҳо ва қурбониҳои сӯхтанӣ оранд. Еҳу бошад, аз берун 80 марди худро гузошта, ба онҳо гуфта буд: «Агар нафаре аз касоне, ки ба дасти шумо месупорам, халос хӯрад, ҷони шумо ба ивази ҷони ӯ хоҳад буд».
25 Ҳамин ки ӯ қурбонии сӯхтанӣ овард, Еҳу ба посбонон* ва фармондеҳон гуфт: «Дароед ва онҳоро бикушед! Намонед, ки касе халос шавад!»+ Он гоҳ посбонону фармондеҳон онҳоро бо шамшер кушта, берун партофтан гирифтанд ва ҳамин тавр то муқаддасгоҳи* дарунии ибодатхонаи Баал расиданд. 26 Сипас онҳо аз ибодатхонаи Баал сутунҳоеро, ки барои парастиш буданд,+ берун оварда, якто-якто сӯзониданд.+ 27 Онҳо сутуни парастиши Баалро шикастанд+ ва ибодатхонаи Баалро+ валангор карда, онро ба ҳоҷатхона табдил доданд, ки то ба имрӯз чунин аст.
28 Ҳамин тавр Еҳу Баалро аз Исроил нест кард. 29 Аммо Еҳу аз гуноҳҳое, ки Исроил бо айби Ёробъоми писари Набот мекард, дур нашуд ва гӯсолаҳои тиллоиеро, ки дар Байт-Ил ва Дон буданд, парастиш намуд.+ 30 Аз ин рӯ Яҳува ба Еҳу гуфт: «Ту он чизеро, ки дар назари ман дуруст буд, ба ҷо овардӣ ва ҳар он чиро нисбати хонадони Аҳъоб дар дил доштам,+ иҷро намуда кори хуб кардӣ, барои ҳамин писаронат то насли чорум бар тахти Исроил мешинанд».+ 31 Вале Еҳу кӯшиш накард, ки Шариати Яҳува, Худои Исроилро, бо тамоми дили худ риоя кунад.+ Ӯ аз гуноҳҳое, ки Исроил бо айби Ёробъом содир мекард, дур нашуд.+
32 Дар он рӯзҳо Яҳува замини Исроилро кам кардан гирифт. Он вақт Ҳазоил ба саросари Исроил ҳамла меовард.+ 33 Ӯ аз Урдун ба тарафи шарқ, ба тамоми замини Ҷилъод, ки замини Ҷод, Реубен ва Менашше мебошад,+ аз Арӯэр, ки дар назди водии Арнӯн аст, то Ҷилъоду Бошон, ҳамла мекард.+
34 Воқеаҳои дигари ҳаёти Еҳу, тамоми корҳои ӯ ва тамоми қудрати ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 35 Еҳу ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар Сомария гӯронданд. Ба ҷойи ӯ писараш Еҳуоҳоз+ подшоҳ шуд. 36 Еҳу 28 сол дар Сомария бар Исроил ҳукмронӣ кард.