4 Подшоҳон
24 Дар рӯзҳои Еҳуёқим Набукаднесари+ подшоҳи Бобил бар зидди ӯ лашкар кашид. Еҳуёқим се сол ба Набукаднесар хизмат кард, аммо баъд исён бардошт. 2 Он вақт Яҳува дастаҳои ғоратгарони калдонӣ,+ арамӣ, мӯобӣ ва аммӯниро бар зидди ӯ фиристодан гирифт. Яҳува мувофиқи каломе, ки ба воситаи бандагонаш пайғамбарон гуфта буд,+ онҳоро бар зидди Яҳудо мефиристод, то онро нобуд созад. 3 Ҳамаи ин бо амри Яҳува ба сари Яҳудо омад,+ то онро барои тамоми гуноҳҳои Менашше+ 4 ва ҳамчунин барои хуни ноҳаққе, ки ӯ рехта буд,+ аз назари худ дур созад, зеро Менашше Ерусалимро аз хуни ноҳақ пур карда буд ва Яҳува бахшидан нахост.+
5 Воқеаҳои дигари ҳаёти Еҳуёқим, тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст.+ 6 Еҳуёқим ором гирифта бо бобоёни худ хобид+ ва писараш Еҳуёкин ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд.
7 Подшоҳи Миср дигар аз замини худ лашкар накашид, зеро подшоҳи Бобил тамоми заминҳои подшоҳи Мисрро, аз водии Миср+ то дарёи Фурот,+ забт кард.+
8 Еҳуёкин+ дар 18-солагиаш подшоҳ шуд ва се моҳ дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+ Модараш Наҳуштои духтари Элнотони ерусалимӣ буд. 9 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард, ҳамон тавре ки падараш мекард. 10 Он вақт ходимони Набукаднесари подшоҳи Бобил бар зидди Ерусалим баромаданд ва шаҳрро муҳосира карданд.+ 11 Вақте шаҳр дар муҳосира буд, Набукаднесари подшоҳи Бобил ба он ҷо омад.
12 Еҳуёкини подшоҳи Яҳудо ҳамроҳи модараш, хизматгузоронаш, миронаш ва ходимони дарбораш+ ба назди подшоҳи Бобил баромада,+ ба вай таслим шуд ва подшоҳи Бобил дар соли ҳаштуми ҳукмронии худ ӯро асир кард.+ 13 Сипас ӯ тамоми ганҷҳои хонаи Яҳува ва ганҷҳои қасри подшоҳро гирифт+ ва тамоми ашёи тиллоиеро, ки Сулаймони подшоҳи Исроил барои ибодатгоҳи Яҳува сохта буд, майда-майда кард,+ ҳамон тавре ки Яҳува пешгӯйӣ карда буд. 14 Ӯ тамоми сокинони Ерусалим, тамоми мирон,+ ҷанговарони пурзӯр ва ҳунармандону оҳангаронро*+ — 10 000 нафарро, ба асирӣ бурд. Дар он замин ғайр аз мардуми камбағалтарин касе боқӣ намонд.+ 15 Подшоҳи Бобил Еҳуёкинро+ асир карда, ба Бобил бурд.+ Ӯ ҳамчунин модари шоҳ, занони шоҳ, ходимони дарбор ва калоншавандагони он заминро аз Ерусалим ба Бобил бурд. 16 Подшоҳи Бобил ҳамчунин ҳамаи ҷанговаронро, ки 7000 нафар буданд, ва 1000 нафар ҳунарманду оҳангарро*, ки ҳамаашон мардони ҷангии таълимёфта буданд, асир карда, ба Бобил бурд. 17 Подшоҳи Бобил Маттанёи амаки Еҳуёкинро+ ба ҷойи ӯ подшоҳ кард ва номашро Сидқиёҳу монд.+
18 Сидқиёҳу дар 21-солагиаш подшоҳ шуд ва 11 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Ҳамутали+ духтари Ирмиёи либноӣ буд. 19 Ӯ мисли Еҳуёқим он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард.+ 20 Ҳамаи ин барои он ба сари Ерусалим ва Яҳудо омад, ки онҳо ғазаби Яҳуваро оварданд, ва ӯ онҳоро аз назари худ дур кард.+ Сидқиёҳу бошад, бар зидди подшоҳи Бобил исён бардошт.+