2 Воқеанома
1 Подшоҳии Сулаймони писари Довуд торафт пурзӯр мегашт. Худояш Яҳува бо Сулаймон буд ва ӯро беҳад бузург гардонда буд.+
2 Сулаймон тамоми Исроил, мириҳазорҳо, мирисадҳо, доварон, тамоми сардорони Исроил ва сарварони хонаводаҳоро, ба назди худ хонд. 3 Баъд аз ин Сулаймон ва тамоми ҷамоат сӯйи баландии Ҷибъӯн рафтанд,+ зеро хаймаи ҷомеи Худо, ки Мӯсои бандаи Яҳува дар биёбон сохта буд, дар он ҷо буд. 4 Сандуқи Худоро бошад, Довуд аз Қирят-Яърим ба Ерусалим оварда,+ дар хаймае, ки он ҷо барояш тайёр кард, гузошта буд.+ 5 Қурбонгоҳи мисине,+ ки Басалъили+ писари Урии писари Ҳур сохта буд, дар назди хаймаи муқаддаси Яҳува гузошта шуда буд ва Сулаймону ҷамоат дар пеши он дуо мегуфтанд*. 6 Сулаймон дар он ҷо ба ҳузури Яҳува ҳадияҳо пешкаш кард ва бар қурбонгоҳи мисине, ки назди хаймаи ҷомеъ буд, 1000 қурбонии сӯхтанӣ овард.+
7 Он шаб Худо ба Сулаймон намудор шуда, гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».+ 8 Сулаймон ба Худо ҷавоб дод: «Ту ба падарам Довуд меҳру вафои бузурге кардӣ+ ва маро ба ҷояш подшоҳ намудӣ.+ 9 Пас, эй Яҳува Худо, бигзор ваъдае, ки ба падарам Довуд дода будӣ, иҷро гардад,+ зеро ту маро бар халқе, ки мисли ғубори замин сершумор аст, подшоҳ кардӣ.+ 10 Ба ман хирад ва дониш ато кун,+ то ин халқро роҳбарӣ кунам*, зеро кист, ки ин халқи бузурги туро доварӣ карда тавонад?»+
11 Худо ба Сулаймон ҷавоб дод: «Азбаски орзуи дили ту ҳамин аст ва ту аз ман сарвату боигарӣ, шуҳрат, ҷони душманон ё умри дароз* наталабидӣ, балки барои доварӣ кардани халқам, ки туро бар он подшоҳ намудаам, хираду дониш пурсидӣ,+ 12 ман ба ту хираду дониш ато мекунам ва, илова бар ин, ба ту чунон сарвату боигарӣ ва шуҳрати зиёде мебахшам, ки ягон подшоҳ пеш аз ту надошт ва баъд аз ту нахоҳад дошт».+
13 Сулаймон аз баландии Ҷибъӯн,+ аз пеши хаймаи ҷомеъ, ба Ерусалим омад ва бар Исроил ҳукмронӣ кард. 14 Сулаймон аспу* аробаҳояшро торафт зиёд мекард: ӯ 1400 ароба ва 12 000 асп*+ дошт ва онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо+ ва дар назди шоҳ, дар Ерусалим, нигоҳ медошт.+ 15 Подшоҳ нуқраву тиллоро дар Ерусалим чун сангҳо ва чӯби сидраро чун тутанҷирҳои Шефило фаровон сохт.+ 16 Аспҳои Сулаймонро аз Миср меоварданд+ ва тоҷирони подшоҳ барои харидани галаи аспон* маблағи муайян медоданд.+ 17 Ҳар як аробае, ки аз Миср мехариданд, 600 сиқл нуқра ва ҳар як асп 150 сиқл нуқра арзиш дошт. Онҳо ҳамчунин аспу аробаҳоро ба ҳамаи шоҳони ҳиттиён ва шоҳони Арам* мефурӯхтанд.