2 Воқеанома
21 Еҳушофот ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва дар Шаҳри Довуд бо падаронаш гӯронда шуд ва писараш Еҳуром ба ҷойи ӯ подшоҳ шуд.+ 2 Бародарони ӯ, писарони Еҳушофот, Азарё, Яҳиил, Закарё, Азарё, Микоил ва Шафатёҳу буданд. Ҳамаи онҳо писарони Еҳушофоти шоҳи Исроил буданд. 3 Падарашон ба онҳо нуқраву тиллои зиёде, чизҳои қиматбаҳо, ҳамчунин шаҳрҳои ҳисордори Яҳудоро ҳадия кард,+ лекин подшоҳиро ба Еҳуром дод,+ чунки ӯ писари калонӣ буд.
4 Вақте Еҳуром бар тахти падараш нишаст, ҳамаи бародаронаш ва баъзе аз мирони Исроилро бо шамшер кушта,+ мавқеи худро мустаҳкам кард. 5 Еҳуром дар вақти подшоҳ шуданаш 32-сола буд ва ҳашт сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+ 6 Ӯ мисли хонадони Аҳъоб подшоҳони Исроилро пайравӣ кард,+ зеро духтари Аҳъоб зани вай шуда буд.+ Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард. 7 Аммо Яҳува ба хотири аҳде, ки бо Довуд баста буд,+ нахост хонадони Довудро нобуд созад, зеро ваъда дода буд ба ӯ ва писаронаш чароғе диҳад, ки доимо фурӯзон хоҳад буд.+
8 Дар рӯзҳои ӯ Адӯм бар зидди Яҳудо исён бардошт+ ва барои худ подшоҳе гузошт.+ 9 Ба ин сабаб Еҳуром ва сардоронаш бо тамоми аробаҳои худ ба он ҷо гузаштанд ва шабона бархеста, адӯмиёнро, ки ӯву сардорони аробаҳоро иҳота карда буданд, шикаст дод. 10 Бо вуҷуди ин исёни Адӯм бар зидди Яҳудо то ба имрӯз бас нашудааст. Он вақт Либно+ низ бар зидди ӯ исён бардошт, зеро ӯ Яҳува, Худои бобоёнашро, тарк кард.+ 11 Ӯ инчунин дар кӯҳҳои Яҳудо баландиҳо сохта,+ сабаби он шуд, ки сокинони Ерусалим хиёнаткорона худоёни бегонаро парастиш кунанд*, ва ӯ Яҳудоро аз Худо дур кард.
12 Ниҳоят ба ӯ аз Илёси+ пайғамбар чунин мактубе омад: «Яҳува, Худои бобоят Довуд, чунин мегӯяд: “Ту бо роҳҳои падарат Еҳушофот+ ва Осои+ шоҳи Яҳудо равона нашудӣ, 13 балки бо роҳи шоҳони Исроил рафтӣ+ ва Яҳудову сокинони Ерусалимро ба он тела додӣ, ки мисли хонадони Аҳъоб+ хиёнаткорона худоёни бегонаро парастиш кунанд*.+ Ту ҳатто бародарони худ, хонадони падаратро, ки аз ту беҳтар буданд, куштӣ.+ 14 Аз ин рӯ Яҳува халқи ту, писарони ту, занони ту ва тамоми дороии туро ба балои сахте гирифтор мекунад. 15 Ту аз дардҳои зиёде, аз ҷумла аз дарди рӯда, азоб мекашӣ ва касалиат рӯз ба рӯз вазнин мешаваду рӯдаҳоят берун меоянд”».
16 Баъд аз ин Яҳува фалиштиён*+ ва арабҳоро,+ ки назди ҳабашиён мезистанд, бар зидди Еҳуром бархезонд.+ 17 Онҳо ҳамла оварда ба Яҳудо даромаданд ва тамоми дороиеро, ки дар қасри подшоҳ буд, ҳамчунин писарону занонашро гирифта бурданд,+ танҳо писари хурдиаш Еҳуоҳозро* бо ӯ монданд.+ 18 Пас аз ҳамаи ин Яҳува ӯро ба дарди бедавои рӯда гирифтор кард.+ 19 Баъдтар, бо гузашти ду соли расо, рӯдаҳояш ба сабаби касалӣ берун омаданд ва ӯ сахт азоб кашида мурд. Пас аз маргаш халқ барои ӯ оташ наафрӯхт, чуноне ки барои бобоёнаш меафрӯхт.+ 20 Ӯ дар 32-солагиаш подшоҳ шуд ва ҳашт сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Вақте ӯ мурд, касе зиқ нашуд. Еҳуромро дар Шаҳри Довуд, вале на дар қабри шоҳон, гӯронданд.+