Наҳемё
12 Инҳоянд коҳинон ва левизодагоне, ки ҳамроҳи Зарубобили+ писари Шаалтиил+ ва Ешуа+ баромаданд: Сароё, Ирмиё, Эзро, 2 Амарё, Маллук, Ҳаттуш, 3 Шаканё, Раҳум, Маримут, 4 Иддӯ, Ҷинтуй, Абиё, 5 Миёмин, Маадиё, Билҷо, 6 Шамаъёҳу, Юриб, Ядоё, 7 Саллу, Омуқ, Ҳилқиёҳу ва Ядоё. Инҳо дар рӯзҳои Ешуа сардори коҳинон ва бародарони онҳо буданд.
8 Инҳоянд левизодагон: Ешуа, Биннуй, Қадмиил,+ Шарабё, Яҳудо ва Маттанё,+ ки ҳамроҳи бародаронаш сароидани таронаҳои шукргузориро роҳбарӣ мекард. 9 Бақбуқиё ва Уннӣ, бародарони онҳо, дар рӯ ба рӯяшон истода, посбонӣ мекарданд*. 10 Ешуа Юёқимро ба дунё овард, Юёқим Элёшибро ба дунё овард, Элёшиб+ Юёдоқро+ ба дунё овард, 11 Юёдоқ Юнотонро ба дунё овард ва Юнотон Яддуаро ба дунё овард.
12 Инҳоянд касоне, ки дар рӯзҳои Юёқим коҳин ва сарвари хонаводаҳо буданд: дар хонаводаи Сароё+ — Мароё, дар Ирмиё — Ҳананё, 13 дар Эзро+ — Машуллом, дар Амарё — Еҳуҳонон, 14 дар Малику — Юнотон, дар Шабанё — Юсуф, 15 дар Ҳорим+ — Адно, дар Мароют — Ҳелқой, 16 дар Иддӯ — Закарё, дар Ҷинтун — Машуллом, 17 дар Абиё+ — Зикрӣ, дар Минёмин — ...* дар Муадё — Филтой, 18 дар Билҷо+ — Шамуа, дар Шамаъёҳу — Еҳунотон, 19 дар Юриб — Матнай, дар Ядоё+ — Уззӣ, 20 дар Саллай — Қаллай, дар Омуқ — Эбар, 21 дар Ҳилқиёҳу — Ҳашабё ва дар Ядоё — Натанъил.
22 Номҳои сарварони хонаводаҳои левизодагон ва ҳамчунин коҳинон дар рӯзҳои Элёшиб, Юёдоқ, Юҳонон ва Яддуа,+ то замони подшоҳии Дориюши Форс, рӯйхат карда шуданд.
23 Номҳои левизодагоне, ки сарвари хонаводаҳо буданд, то рӯзҳои Юҳонони писари Элёшиб дар китоби воқеаҳои замон рӯйхат карда шуданд. 24 Инҳоянд сарварони левизодагон: Ҳашабё, Шарабё ва Ешуаи+ писари Қадмиил.+ Бародарони онҳо дар рӯ ба рӯйи онҳо истода, мувофиқи дастуроти Довуди марди Худо ҳамду сано ва шукргузорӣ мекарданд.+ Як гурӯҳи ин посбонон дар наздикии гурӯҳи дигари посбонон меистод. 25 Маттанё,+ Бақбуқиё, Убадё, Машуллом, Талмӯн ва Аққуб+ дарбон буданд ва анборҳои назди дарвозаҳоро посбонӣ мекарданд.+ 26 Онҳо дар замони Юёқими писари Ешуаи+ писари Юсодоқ ва дар замони Наҳемёи ҳоким ва Эзрои+ коҳини нусхабардор хизмат мекарданд.
27 Дар арафаи маросими боз кардани деворҳои Ерусалим левизодагонро ҷустуҷӯ карда, аз ҳамаи ҷойҳои зисташон ба Ерусалим оварданд, то бо шодӣ, сурудҳои шукргузорӣ,+ санҷу соз ва чангҳо ин маросимро ҷашн гиранд. 28 Сарояндагони таълимёфта* аз ноҳия*, тамоми гирду атрофи Ерусалим, маҳалҳои зисти натуфоиён,+ 29 Байт-Ҷилҷол,+ саҳроҳои Ҷабъа+ ва Азмавт+ ҷамъ омаданд, зеро сарояндагон дар гирду атрофи Ерусалим барои худ маҳалҳои зист бунёд карда буданд. 30 Коҳинону левизодагон худро, мардум,+ дарвозаҳо+ ва деворро+ пок сохтанд.
31 Баъд ман мирони Яҳудоро ба болои девор овардам. Ҳамчунин ман ду гурӯҳи калони сарояндагонеро, ки сурудҳои шукргузорӣ мехонданд, ва мардумеро, ки бояд аз паси онҳо мерафтанд, таъйин намудам. Яке аз он гурӯҳҳо сар-сари девор ба тарафи рост, сӯйи дарвозаи Хокистартӯдаҳо,+ равона шуд. 32 Ҳушаъё ва нисфи мирони Яҳудо аз қафои онҳо мерафтанд 33 ва ҳамроҳи онҳо Азарё, Эзро, Машуллом, 34 Яҳудо, Бинёмин, Шамаъёҳу ва Ирмиё буданд. 35 Бо онҳо баъзе писарони коҳинон бо карнайҳо+ буданд: Закарёи писари Юнотони писари Шамаъёҳуи писари Маттанёи писари Микойҳуи писари Заккури писари Осаф+ 36 ва бародаронаш Шамаъёҳу, Азаръил, Милалай, Ҷилалай, Моай, Натанъил, Яҳудо ва Ҳанонӣ, ки созҳои Довуди+ марди Худоро дар даст доштанд. Эзрои+ нусхабардор пешопеши онҳо мерафт. 37 Онҳо дар назди дарвозаи Чашма+ Зинапояи+ Шаҳри Довудро+ гузашта, бо ҷое, ки девор боло меравад, болотари Хонаи Довуд рафтанд ва ба дарвозаи Об,+ ки дар шарқ буд, расиданд.
38 Гурӯҳи дигари сарояндагон сар-сари девор ба тарафи муқобил рафт ва ман бо нисфи мардум аз паси онҳо равона шудам. Онҳо аз бурҷи* Танӯр,+ девори Васеъ,+ 39 дарвозаи Эфроим,+ дарвозаи Шаҳри Куҳна,+ дарвозаи Моҳӣ,+ бурҷи Ҳананъил,+ бурҷи Меоҳ ва дарвозаи Гӯсфанд+ гузашта, дар назди дарвозаи Посбонон бозистоданд.
40 Ниҳоят ҳар ду гурӯҳи сарояндагон дар назди хонаи Худо истоданд. Ман низ ҳамроҳи нисфи сардорон, 41 ҳамроҳи коҳинон — Элёқим, Маасиёҳу, Минёмин, Микойҳу, Элюинай, Закарё, Ҳананё, ки дар даст карнай доштанд, 42 ва ҳамчунин Маасиёҳу, Шамаъёҳу, Элъозор, Уззӣ, Еҳуҳонон, Малкиё, Элом ва Эсар чунин кардам. Пас аз ин сарояндагон зери роҳбарии Израҳё бо овози баланд сароиданд.
43 Дар он рӯз онҳо қурбониҳои зиёде оварданд ва шодиву хурсандӣ карданд,+ зеро Худо онҳоро бениҳоят шод гардонд. Занону кӯдакон низ хурсандӣ мекарданд+ ва шодие, ки дар Ерусалим буд, то ҷойҳои дур шунида мешуд.+
44 Дар он рӯз бар анборҳои+ хайрияҳо,+ навбарҳо+ ва даҳякҳо+ одамон таъйин карда шуданд, то аз киштзорҳои шаҳрҳо барои коҳинон ва левизодагон мувофиқи Шариат ҳиссаҳо ҷамъ кунанд,+ зеро аҳли Яҳудо шод буданд, ки коҳинон ва левизодагон+ хизмати худро ба ҷо меоранд. 45 Онҳо хизмати Худои худ ва хизмати поксозиро ба ҷо овардан гирифтанд ва сарояндагону дарбонон низ чунин карданд, ҳамон тавре ки Довуд ва писараш Сулаймон дастур дода буданд. 46 Дар замонҳои пеш низ, дар рӯзҳои Довуд ва Осаф, касоне буданд, ки сарвари сарояндагон буданд ва сароидани сурудҳои васфу ситоиш ва шукргузории Худоро роҳбарӣ мекарданд.+ 47 Дар рӯзҳои Зарубобил+ ва Наҳемё тамоми Исроил ба сарояндагон+ ва дарбонон+ мувофиқи ниёзҳои ҳаррӯзаашон ҳиссаҳо медод. Онҳо ҳамчунин барои левизодагон ҳисса ҷудо мекарданд.+ Левизодагон бошанд, ба писарони Ҳорун ҳисса медоданд.