Айюб
21 Айюб ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Ба суханони ман бодиққат гӯш диҳед
Ва бигзор ин бароям аз ҷониби шумо тасаллӣ шавад.
3 Маро тоқат кунед, то гапамро гӯям,
Ана баъд метавонед маро масхара кунед.+
4 Магар ман ба инсон шикоят мекунам?
Агар чунин мебуд, оё тоқатам тоқ намешуд?
5 Ба ман нигоҳ кунеду ҳайрон шавед
Ва аз ҳайрат даст бар даҳон монед.
6 Вақте дар ин бора фикр кунам, ба ҳаяҷон меоям,
Тамоми баданам ба ларза меояд.
8 Фарзандонашон ҳамеша дар наздашон ҳастанд
Ва наслашон пеши назарашон.
9 Хонаҳояшон дар амон, аз хатар эмин аст,+
Худо онҳоро бо чӯби худ намезанад.
10 Буққаҳояшон ҳамеша бордор мекунанд,
Говҳояшон таваллуд мекунанд ва бача намепартоянд.
11 Писарони бадкорон мисли рама ба берун медаванд
Ва фарзандони онҳо давутоз мекунанд.
12 Онҳо бо дафу чанг суруд мехонанд
Ва бо садои най шодӣ мекунанд.+
13 Рӯзҳои худро дар сериву пурӣ мегузаронанд
Ва оромона* ба гӯр мераванд.
14 Ба Худо мегӯянд: “Моро ба ҳоли худ гузор!
Роҳҳои туро донистан намехоҳем.+
15 Худои Тавоно* кист, ки ба ӯ хизмат кунем?+
Аз шинохтани ӯ ба мо чӣ фоида?”+
16 Аммо ман медонам, ки некуаҳволиашон дар дасти худашон нест.+
Аз ниятҳои* бадкорон ман дурам.+
17 Магар чароғи бадкорон зуд-зуд хомӯш мешавад?+
Магар бар сари онҳо зуд-зуд бадбахтӣ меояд?
Магар Худо дар ғазаби худ бар сари онҳо зуд-зуд нобудӣ меорад?
18 Оё онҳо боре ҳам мисли хасе мешаванд, ки бод онро мебардорад?
Ё монанди коҳе, ки гирдбод онро мебарад?
19 Худо ҷазои инсонро барои писаронаш нигоҳ медорад,
Аммо бигзор Худо худи ӯро низ ҷазо диҳад, то ӯ ҳам бидонад.+
20 Бигзор мусибаташро бо чашмони худ бубинад
Ва бигзор аз косаи ғазаби Худои Тавоно бинӯшад,+
21 Зеро ӯ парвое надорад, ки, агар пеш аз вақт бимирад,+
Баъд аз сараш бо хонаводааш чӣ мешавад.
23 Яке дар авҷи қуввати худ мемирад+
Ва орому осуда аз олам чашм мепӯшад,+
24 Вақте ронҳояш равған бастааст
Ва устухонҳояш бақувват аст*.
25 Аммо дигаре зери бори ғаму андуҳ мемирад
Ва дар умраш чизҳои некро начашида аз олам чашм мепӯшад.
27 Инак, ман фикрҳои шуморо ба хубӣ медонам
Ва аз ниятҳои баде, ки бар зидди ман доред, огоҳам.+
28 Шумо мегӯед: “Куҷост хонаи калоншаванда
Ва куҷост хаймае, ки бадкор дар он мезист?”+
29 Магар шумо аз сайёҳон напурсидаед?
Оё мушоҳидаи онҳоро нағз наомӯхтаед,
30 Ки бадкор дар рӯзи бало халос мешавад
Ва дар рӯзи ғазаб наҷот меёбад?
31 Кӣ ҳад дорад ба ӯ гӯяд, ки роҳу рафтораш бад аст?
Кӣ метавонад ба ӯ сазои корҳояшро диҳад?
32 Вақте ӯро ба гӯристон баранд,
Дар назди қабраш бедорхобӣ хоҳанд кашид.
33 Кулӯхҳои водӣ барояш ширин хоҳанд буд+
Ва тамоми одамизод аз қафояш кашола шуда меравад,+
Чи тавре ки пеш аз ӯ ҳам одамони бешуморе рафта буданд.
34 Пас, чаро шумо маро тасаллии беҳуда медиҳед?+
Ҷавобҳоятон фиреби холист!»