Айюб
24 Чаро Худои Тавоно* барои доварии худ вақте муқаррар намекунад+
Ва касоне, ки ӯро медонанд, рӯзашро* намебинанд?
3 Хари ятимонро гирифта мебаранд,
Буққаи бевазанро ба гарав мегиранд.+
4 Камбағалонро аз роҳ мегурезонанд
Ва бечорагон аз онҳо пинҳон мешаванд.+
5 Камбағалон мисли гӯрхарон+ дар дашт аз пайи хӯроканд,
Онҳо дар биёбон барои фарзандонашон ризқу рӯзӣ меҷӯянд.
6 Онҳо маҷбуранд, ки дар киштзори каси дигар дарав кунанд*
Ва дар токзори бадкорон ангур чинанд.
7 Онҳо бе либос ва луч шабро мегузаронанд,+
Дар хунукӣ кӯрпае надоранд.
8 Аз борони кӯҳсорон тап-тар мешаванд
Ва барои паноҳ ёфтан кӯҳпораҳоро оғӯш мекунанд.
9 Ятимро аз сина ҷудо карда, мебаранд.+
Либоси камбағалонро ба гарав мегиранд,+
10 Ба тавре ки онҳо маҷбуранд бе либос ва бараҳна гарданд
Ва шиками гурусна бандҳои гандумро бардошта баранд.
11 Онҳо дар гармои рӯз дар байни деворҳои токзор заҳмат мекашанд*,
Дар чархуштҳо ангурро зер мекунанд, вале худашон ташналаб мераванд.+
12 Касе, ки дар дами марг аст, дар шаҳр оҳу нола мекашад
Ва касе, ки захми марговар гирифтааст, мадад меҷӯяд,+
Лекин Худо парвои инро надорад*.
13 Касоне ҳастанд, ки бар зидди равшанӣ исён мебардоранд.+
Назари онҳо роҳҳои рӯшноиро намегирад
Ва бо пайраҳаҳои нур намераванд.
14 Одамкуш баробари кафидани чашми рӯз мехезад,
Бечораву камбағалро мекушад,+
Шабона бошад, аз пайи дуздӣ мешавад.
Ва рӯйи худро мепӯшонад.
16 Шабона онҳо ба хонаҳои одамон зада медароянд,
Рӯзона бошад, дар хонаҳои худ пинҳон мешаванд.
Рӯшноӣ барои онҳо бегона аст.+
17 Саҳар барояшон мисли зулмот аст
Ва онҳо бо даҳшатҳои шаби тор ошноянд.
18 Аммо обҳо онҳоро дар як дам шуста мебарад.
Қитъаи заминашон лаънат карда мешавад.+
Онҳо ба токзорҳои худ дигар барнамегарданд.
19 Чи тавре ки хушкиву гармо барфи обшударо фурӯ мебарад,
Ҳамин тавр гӯр гунаҳкоронро ба коми худ мекашад.+
20 Модараш* ӯро фаромӯш мекунад ва ҷисми ӯ барои кирм зиёфат мешавад.
Аз ӯ ному нишоне намемонад+
Ва бадкорӣ мисли дарахт мешиканад.
21 Ӯ зани нозойро шикор мекунад
Ва ба бевазан ситам менамояд.
22 Худо бо қудрати худ пурзӯронро нест мекунад,
Бархезанд ҳам, ҳаёташон аз хатар эмин нест.
24 Муддати кӯтоҳе сарбаланд мегарданд, лекин баъд несту нобуд мешаванд.+
Онҳо сарнагун мегарданд+ ва мисли ҳамаи одамон ҷамъ оварда мешаванд,
Мисли саракҳои ғалла даравида мешаванд.
25 Кӣ исбот мекунад, ки ман дурӯғгӯям
Ва кӣ гапамро ноҳақ мебарорад?»