Айюб
28 Нуқра коне дорад
Ва тилло ҷое барои гудозиш.+
2 Оҳан аз замин гирифта мешавад
Ва мис аз кӯҳпора гудохта мешавад.+
3 Одам бар торикӣ ғолиб меояд
Ва дар ҷустуҷӯйи маъдан
Дар зулмоту торикии ғализ ҳар як кунҷро тафтиш мекунад.
4 Ӯ дур аз ҷойи зисти одамон чоҳ меканад,
Дар ҷойҳои фаромӯшшуда, ҷойҳое, ки қадами одам намерасад.
Баъзе одамон поён мефароянд ва овезон шуда алвонҷ мехӯранд.
5 Аз сатҳи замин нон мерӯяд,
Таги он бошад, гӯё аз оташ чаппагардон шудааст*.
6 Дар байни сангҳои он макон ёқути кабуд аст
Ва хоки он ҷо тилло дорад.
7 Ҳеҷ як парандаи соҳибчангол роҳи онро намедонад,
Чашми калхоти сиёҳ онро надидааст.
8 Ҷонварони дарранда ба он қадам намондаанд
Ва шери ҷавон дар он ҷо шикор накардааст.
9 Инсон санги сахтро бо дасташ зарба мезанад,
Кӯҳҳоро аз беху бунашон чаппа мекунад.
10 Ӯ дар кӯҳпора ҷӯйбор меканад,+
Ва ҳар як чизи қиматбаҳоро чашмаш мебинад.
11 Ӯ саробҳоро банд мекунад
Ва чизҳои ниҳонро ба рӯшноӣ мебарорад.
13 Ҳеҷ як инсон қадри онро нафаҳмидааст+
Ва онро дар замини зиндагон ёфта намешавад.
14 Қаъри обҳо мегӯяд: “Он дар ман нест!”
Баҳр мегӯяд: “Он бо ман нест!”+
15 Онро бо тиллои тоза харида намешавад,
Бар ивази он нуқра баркашида намешавад.+
16 Онро бо зари Ӯфир+ харида намешавад,
На бо рухоми ноёб ва на бо ёқути кабуд.
17 Зар ва шиша ба он баробар нест
Ва бо ҳеҷ зарфе аз тиллои беҳтарин онро иваз карда намешавад.+
18 Дар бораи марҷон ва булӯр ҳоҷати гап ҳам нест,+
Зеро як ҳамён хирад беҳ аз як ҳамён марворид.
19 Ёқути зарди+ Куш назди он ҳеҷ аст,
Ҳатто бо тиллои тоза онро харида намешавад.
20 Лекин хирад аз куҷо сар мезанад
Ва фаҳму фаросат аз куҷо сарчашма мегирад?+
21 Он аз чашми ҳар ҷони зинда пӯшида
Ва аз парандагони осмон пинҳон аст.+
22 Нестӣ ва марг мегӯянд:
“Гӯшҳои мо танҳо овозаи онро шунидаанд”.
23 Аммо Худо медонад, ки онро аз куҷо ёфтан мумкин аст,
Танҳо ӯ макони онро медонад,+
24 Зеро ӯ ҳар гӯшаю канори заминро мебинад
Ва ҳама чизи зери осмон дар назари ӯст.+
25 Вақте ӯ қувваи бодро муқаррар кард+
Ва обҳоро чен намуд,+
26 Вақте барои борон низоме қарор дод+
Ва барои абри раъду барқ роҳро муайян кард,+
27 Он гоҳ ӯ хирадро диду онро маънидод кард,
Онро бунёд кард ва тафтиш намуд.
28 Ӯ ба инсон гуфт: