Айюб
30 Аммо акнун онҳо ба ҳоли ман механданд+
Касоне, ки синнашон аз ман хурдтар аст,
Касоне, ки падаронашонро лоиқ намедонистам, ки бо сагонам бар рамаи худ посбон таъйин кунам.
2 Қуввати бозувони онҳо ба ман чӣ лозим буд?
Тавоноии онҳо суст шудааст.
3 Онҳо аз бенавоиву гуруснагӣ афгор шудаанд,
Аз замини хушк чизеро, ки ёбанд, мехӯранд,
Аз замине, ки вайронаву хароб шудааст.
4 Онҳо аз буттаҳо шӯргиёҳ ҷамъ мекунанд
Ва хӯрокашон решаи бед аст.
5 Онҳоро аз байни мардум пеш кардаанд.+
Бар сарашон дод мезананд, гӯё ки онҳо ягон дузд бошанд.
6 Онҳо дар доманаи водиҳо зиндагӣ мекунанд,
Дар чоҳҳои замин ва дар миёни харсангҳо.
7 Аз байни буттаҳо фиғони онҳо садо медиҳад,
Дар байни алафҳои газна* якҷоя паноҳ меёбанд.
8 Мисли мардуми бефаҳму гумном
Аз замин ронда шудаанд.
10 Онҳо аз ман нафрат доранд ва аз ман ҳазар мекунанд.+
Аз туф кардан ба рӯям шарм намекунанд.+
11 Азбаски Худо маро зору нотавон гардондааст* ва маро зеру забар кардааст,
Онҳо дар назди ман лаҷомашонро сар додаанд.
12 Онҳо тӯда шуда аз тарафи ростам бармехезанд,
Маро ба гурез меоранд
Ва дар пеши роҳам монеаҳои марговар мегузоранд.
13 Пайраҳаҳои маро вайрон месозанд,
Бар бадбахтиям андуҳ зам мекунанд+
Ва касе нест, ки пеши роҳашонро бигирад*.
14 Онҳо гӯё аз сӯрохи калони девор медароянд
Ва дар ин ҳоли харобам ба ман ҳуҷум мекунанд.
15 Маро даҳшат фаро гирифтааст,
Нангу номусам мисли шамол аз ман рафтааст
Ва халосиям монанди абре ғайб мезанад.
19 Худо маро ба лойқа партофтааст,
Ба хок ва хокистар яксон шудаам.
20 Нолаву фарёд мекунаму аз ту мадад мепурсам, аммо ту ба додам намерасӣ.+
Дар ҷоям рост мехезам, то пеши ту илтиҷо кунам, аммо ту ба ман назар мекуниву халос.
21 Ту бераҳмона бар зидди ман баромадӣ,+
Бо тамоми қувваи дастат ба ман зарба мезанӣ.
22 Маро бо бод гирифта, мебарӣ
Ва бар тундбод меафканӣ*.
23 Охир, ман медонам, ки ту маро ба марг мерасонӣ,
Ба хонае, ки ҳар ҷони зинда он ҷо ҷамъ меояд.
24 Аммо ҳеҷ кас марди шикастаеро зада намекушад,+
Дар ҳолате ки ӯ азоб мекашаду ёрӣ мепурсад.
25 Магар ман ба ҳоли касоне, ки рӯзи сахт ба сарашон омадааст, нола намекардам?
Оё ба ҳоли бечора намегиристам?+
26 Ба некӣ умед мебастам, аммо бадӣ омад,
Рӯшноиро интизор будам, лекин торикӣ омад.
27 Сӯзу гудози дилам бас намешавад,
Рӯзҳои ғаму андуҳ бар сарам омадаанд.
28 Ғамгин қадам мемонам.+ Нури офтоб нест.
Дар байни ҷамоат аз ҷоям хеста, барои кумак фарёд мезанам.
29 Барои шағолон бародар шудаам
Ва ҳамнишини духтарони шутурмурғ гаштаам.+
31 Чанги ман танҳо садои ғамангез мебарорад
Ва найи ман фақат овози мотам.