Забур
КИТОБИ ПАНҶУМ
(Забур 107–150)
107 Яҳуваро шукр гӯед, зеро ӯ некуст.+
Меҳру вафои ӯ то абад аст,+
2 Бигзор онҳое, ки Яҳува раҳояшон кардааст, чунин гӯянд,
Касоне, ки ӯ аз чанголи душман раҳояшон намудааст.+
4 Онҳо дар дашту биёбон саргардон буданд,
Сӯйи шаҳре роҳ намеёфтанд, то дар он сокин шаванд.
5 Онҳо гушнаю ташна монданд,
Беҳолу бемадор шуданд.
8 Бигзор мардум Яҳуваро барои меҳру вафояш сипос гӯянд+
Ва барои корҳои аҷоибаш, ки баҳри фарзандони одам кардааст,+
9 Зеро ӯ ташнаро об нӯшондааст
Ва ҷони гушнаро аз чизҳои неку сер намудааст.+
10 Баъзеҳо дар торикии зулмот мезистанд,
Бандиёни мусибат ва занҷирҳои оҳанӣ буданд,
11 Зеро онҳо бар зидди Худо исён бардоштанд
Ва насиҳати Худои Таолоро зери по карданд.+
12 Аз ин рӯ бо сахтиҳо дилашонро хоксор гардонд,+
Онҳо пешпо мехӯрданд, лекин халосгаре набуд.
13 Дар вақти тангӣ Яҳуваро мехонданд
Ва ӯ аз андуҳашон халос мекард.
14 Худо онҳоро аз торикии зулмот берун овард
Ва занҷирҳояшонро пора-пора кард.+
15 Бигзор мардум Яҳуваро барои меҳру вафояш сипос гӯянд+
Ва барои корҳои аҷоибаш, ки баҳри фарзандони одам кардааст.
16 Ӯ дарҳои мисинро шикастааст
Ва ғалақаҳои оҳанинро пора-пора кардааст.+
18 Ҷонашон аз ҳар хӯрок безор шуд,
Пояшон ба дари гӯр расида буд.
19 Онҳо дар вақти тангӣ Яҳуваро мехонданд
Ва ӯ аз андуҳашон халос мекард.
20 Ӯ амр мефармуд ва онҳо шифо меёфтанд,+
Онҳоро аз чоҳе, ки афтода буданд, берун меовард.
21 Бигзор мардум Яҳуваро барои меҳру вафояш сипос гӯянд
Ва барои корҳои аҷоибаш, ки баҳри фарзандони одам кардааст.
22 Бигзор қурбонии шукргузорӣ пешкаш намоянд+
Ва корномаҳояшро бо нидои шодӣ эълон кунанд.
23 Касоне, ки бо киштиҳо дар баҳр сафар мекунанд
Ва дар обҳои бисёр бо тиҷорат машғул мешаванд,+
24 Корҳои Яҳуваро диданд,
Корҳои аҷоибашро дар қаъри баҳр.+
25 Диданд, ки чӣ тавр бо амри ӯ тундбод бархест+
Ва мавҷҳои баҳрро бардошт.
26 Онҳо то ба осмон баланд шуданд,
То ба қаъри баҳр фаромаданд.
Онҳо аз балое, ки ба сарашон меояд, беҷуръат шудаанд.
27 Мисли маст сарашон чарх мезанаду мекалаванд
Ва ҳунарашон фоидае намебахшад.+
28 Онҳо дар вақти тангӣ Яҳуваро мехонданд+
Ва ӯ аз андуҳашон халос мекард.
29 Ӯ тундбодро хомӯш мекунад
Ва мавҷҳои баҳр ором мешаванд.+
30 Онҳо аз ором шудани баҳр шодӣ мекунанд
Ва ӯ онҳоро ба ҷойи дилхоҳашон мебарад.
31 Бигзор мардум Яҳуваро барои меҳру вафояш сипос гӯянд
Ва барои корҳои аҷоибаш, ки баҳри фарзандони одам кардааст.+
32 Бигзор ӯро дар ҷамоати халқ болобардор кунанд+
Ва дар маҷлиси пирон ҳамду сано хонанд.
33 Ӯ дарёҳоро ба биёбон,
Чашмаҳоро ба замини хушк+
34 Ва замини ҳосилхезро ба шӯразор табдил медиҳад.+
Ҳамаи ин аз сабаби бадкории сокинонаш рӯй медиҳад.
35 Ӯ биёбонро ба кӯлҳои пур аз қамиш
Ва замини хушкро ба чашмаҳои об табдил медиҳад.+
38 Ӯ онҳоро баракат медиҳад ва онҳо хеле бисёр мешаванд,
Ӯ намегузорад, ки чорвояшон кам шавад.+
39 Вале аз ситам, бадбахтӣ ва ғам
Онҳо боз камшумору сарпаст мешаванд.