Забур
Суруди болобароӣ.
3 «Ба хаймаи худ, ба хонаи худ, намедароям.+
Бар ҷойхоби худ, бар бистари худ, хоб намеравам.
4 Ба чашмонам хобро роҳ намедиҳам
Ва мижа таҳ намекунам,
5 То даме ки барои Яҳува маконе пайдо кунам,
Барои Худои Тавонои Яъқуб хаймаи муқаддасу бузурге».+
9 Бигзор коҳинонат ҷомаи росткорӣ бипӯшанд
Ва бандагони бовафоят нидоҳои шодӣ бароранд.
11 Яҳува ба Довуд қасам хӯрдааст,
Ӯ ҳеҷ гоҳ аз гапаш намегардад.
Ӯ гуфт: «Як нафарро аз насли ту бар тахтат мешинонам.+
12 Агар писаронат аҳди маро нигаҳ доранд
Ва ёдовариҳоеро, ки ба онҳо таълим медиҳам, риоя намоянд,+
Писарони онҳо низ то абад бар тахти ту хоҳанд нишаст».+
14 Ӯ гуфтааст: «Ин ҷо то абад осоишгоҳи ман аст,
Ин ҷо ҷойгоҳи ман хоҳад буд,+ зеро ҳамин хел хостаам.
15 Ҳосилашро ба таври фаровон баракат медиҳам,
Камбағалони онро бо нон сер мекунам.+
17 Дар он ҷо қуввати Довудро афзун мекунам.
Дар он ҷо барои масеҳи худ чароғе тайёр кардаам.+
18 Душманони ӯро ҷомаи шармандагӣ мепӯшонам,
Вале тоҷи сари ӯ дурахшон хоҳад буд».+