Забур
Маскил*. Таронаи Довуд. Вақте ӯ дар ғор буд.+ Дуо.
142 Сӯйи Яҳува хонда, аз ӯ мадад мепурсам,+
Яҳуваро зорӣ мекунам, ки ба ман лутф намояд.
Ту қадамҳоямро нигаҳбонӣ мекунӣ.+
Онҳо дар сари роҳам доме пинҳон кардаанд.
4 Ба ман бингар ва бубин,
Ки аз дасти ростам мададгоре надорам.+
Бароям ҷойи гурезе нест,+
Ҳеҷ кас парвои маро надорад.
5 Сӯйи ту мехонам, эй Яҳува, мадад кун.
Гуфтам: «Ту паноҳгоҳи манӣ,+
Ҳама буду набуди ман дар ин дунё туӣ».
6 Фиғони маро бишнав,
Зеро ҳоли зоре дорам.
Маро аз дасти озордиҳандагонам халос кун,+
Зеро онҳо аз ман пурзӯртаранд.
7 Маро аз зиндон берун ор,
То номи туро ситоиш кунам.
Бигзор дар гирди ман росткорон ҷамъ шаванд,
Зеро ту ба ман меҳрубонӣ.