Забур
2 Чаро халқҳо ба шӯр омадаанд
Ва одамон дар сар фикрҳои ҳеҷу пуч мепарваранд?+
3 Онҳо мегӯянд: «Биёед занҷирҳояшонро пора созем
Ва бандҳояшонро канда, аз худ дур кунем!»
4 Дар осмон Нишинандаи тахт механдад,
Яҳува ба ҳоли онҳо писханд мезанад.
5 Он вақт ӯ бо қаҳр ба онҳо сухан меронад
Ва бо оташи ғазабаш онҳоро ба воҳима андохта мегӯяд:
7 Сухани Яҳуваро эълон мекунам,
Ӯ ба ман чунин гуфт: «Ту писари ман ҳастӣ,+
Имрӯз ман падари ту шудам.+
8 Аз ман хоҳиш кун
Ва ман ба ту ҳамаи халқҳоро мерос медиҳам
Ва заминро то гӯшаю канораш ба ту мебахшам.+
10 Пас, эй подшоҳон, ақлу хирадро ба кор баред
Ва, эй доварони замин, бохабар бошед*.
11 Бо шодию ҳаяҷон
Ва тарс Яҳуваро парастиш кунед.
12 Писарро иззат кунед*,+ то Худо ба хашм наояд
Ва шумо аз роҳи ростӣ нобуд нашавед,+
Зеро ғазаби Худо зуд аланга мегирад.
Ҳар кӣ ба ӯ паноҳ мебарад, хушбахт аст.