Забур
99 Яҳува Подшоҳ шуд.+ Бигзор халқҳо ба ларза оянд.
2 Яҳува дар Сион бузург
Ва бар ҳамаи халқҳо баланд аст.+
3 Бигзор онҳо номи бузургатро ситоиш кунанд,+
Зеро номи покат пуршукӯҳ аст.
4 Ӯ подшоҳи пурзӯру адолатдӯст аст.+
Ту ростиро пойдор намудаӣ.
Ту адолату инсофро дар Яъқуб барқарор кардаӣ.+
5 Худоямон Яҳуваро болобардор кунед+ ва пеши қадамгоҳи ӯ саҷда баред.+
Ӯ муқаддас аст.+
Онҳо сӯйи Яҳува мехонданд
Ва ӯ ба дуояшон ҷавоб медод.+
7 Ӯ аз сутуни абр ба онҳо сухан мегуфт,+
Онҳо ёдовариҳои ӯ ва ҳукмеро, ки ба онҳо дода буд, риоя мекарданд.+
8 Эй Худоямон Яҳува, ту ба дуои онҳо ҷавоб додӣ.+