2 Мӯсо
11 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ман бар сари фиръавн ва замини Миср як балои дигар меорам. Баъд аз ин ӯ шуморо ҷавоб медиҳад.+ Ӯ, бешак, шуморо аз замини худ пеш мекунад.+ 2 Ҳозир бошад, ба мардум бигӯй, ки ҳама мардону занон аз ҳамсоягони худ нуқраву тилло биталабанд».+ 3 Яҳува тавре кард, ки мардум дар назари мисриён писанд афтоданд. Мӯсо бошад, дар назари мардуми Миср ва хизматгорони фиръавн обрӯю эътибор пайдо карда буд.
4 Мӯсо гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Дар ними шаб ман аз миёни Миср мегузарам+ 5 ва ҳар нахустзода+ дар замини Миср, аз нахустзодаи фиръавни бар тахт нишаста сар карда то нахустзодаи канизаке, ки дастос мекунад*, ва нахустзодаи ҳар чорво, мемирад.+ 6 Дар саросари замини Миср чунон оҳу фиғони баланде бармехезад, ки касе то ин дам нашунидааст ва баъд аз ин ҳам нахоҳад шунид.+ 7 Аммо бар сари исроилиён, бар сари онҳо ва ё чорвояшон, саге ҳам намеҷакад*, то шумо бидонед, ки Яҳува метавонад миёни мисриён ва исроилиён фарқ гузорад”.+ 8 Он вақт тамоми хизматгоронат пеши ман омада, зону мезананд ва мегӯянд: “Бирав, ту ва тамоми мардуме, ки туро пайравӣ мекунад”.+ Пас аз ин ман баромада меравам». Баъд Мӯсо бо қаҳру ғазаб аз пеши фиръавн баромада рафт.
9 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Фиръавн ба гапи шумо гӯш нахоҳад дод,+ то ман дар замини Миср муъҷизаҳои бештаре ба амал орам».+ 10 Мӯсо ва Ҳорун тамоми ин муъҷизаҳоро дар пеши фиръавн ба амал оварданд,+ аммо Яҳува гузошт, ки дили фиръавн якрав шавад, ва ӯ исроилиёнро аз замини худ ҷавоб надод.+