Пандгӯ
8 Кист мисли шахси хирадманд? Кист, ки ҳалли мушкилиро бидонад? Хиради одам рӯяшро равшан ва қиёфаашро нарм месозад.
2 Ман мегӯям: «Фармони подшоҳро ба хотири қасамат пеши Худо+ ба ҷо ор.+ 3 Шитоб накун, ки аз пешаш баромада равӣ.+ Ба кори бад даст назан,+ зеро ӯ ҳар чӣ хоҳад, мекунад. 4 Охир, гапи подшоҳ қонун аст.+ Кист, ки ба ӯ бигӯяд: “Чаро чунин мекунӣ?”»
5 Ҳар кӣ фармонбардор аст, аз осебу зиён эмин аст+ ва дили хирадманд роҳу равиши масъала ва вақти ҳалли онро медонад.+ 6 Ҳар чиз роҳу равиш ва вақти ҳалли худро дорад,+ зеро душвориҳои одамизод бисёр аст. 7 Ҳеҷ кас пешомади худро намедонад. Пас, оё касе метавонад пешакӣ ба одам бигӯяд, ки воқеа чӣ ранг мегирад?
8 Чи тавре ки инсон бар рӯҳ* қудрат надорад ва онро нигоҳ дошта наметавонад, ҳамин тавр ҳам касе бар рӯзи маргаш қудрат надорад.+ Чуноне ки ҳеҷ касро дар вақти ҷанг ҷавоб намедиҳанд, бадӣ низ касеро, ки ба он даст мезанад, сар намедиҳад*.
9 Ҳамаи инро дидам ва ба ҳар кори зери осмон диққат додам. Дар давоми ин ҳама вақт медидам, ки одам ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад.+ 10 Ман гӯручӯб шудани бадкоронро дидам. Онҳо пеш ба ҷойи муқаддас медаромаданду мебаромаданд, вале дар шаҳре, ки бадӣ мекарданд, зуд фаромӯш шуданд.+ Ин ҳам ҳеҷу пуч аст.
11 Азбаски ҷазои кори бад ба зудӣ намеояд,+ одам дар бадкорӣ шерак мешавад*.+ 12 Гунаҳкор сад бор гуноҳ кунаду умри дароз бинад ҳам, ман медонам, ки оқибати кори худотарсон хуб мешавад, зеро аз Худо метарсанд.+ 13 Вале оқибати бадкор хуб намешавад+ ва ӯ умри худро, ки мисли соя зудгузар аст, наметавонад дароз кунад,+ зеро аз Худо наметарсад.
14 Дар замин як чизи ҳеҷу пуче рӯй медиҳад: росткороне ҳастанд, ки бо онҳо мисли бадкорон муносибат мекунанд,+ ва бадкороне ҳастанд, ки бо онҳо мисли росткорон муносибат мекунанд.+ Гуфтам, ки ин ҳам ҳеҷу пуч аст.
15 Аз ин рӯ хушиву хурсандиро писандидам,+ зеро барои одам зери осмон чизи беҳтаре аз ин нест, ки бихӯраду бинӯшад ва шодӣ кунад. Ӯ бояд тамоми умри худододаш, ки зери осмон бо заҳмат мегузаронад,+ ҳамин тавр кунад.
16 Ман аз пайи он шудам, ки хирад ба даст орам ва ҳамаи корҳои рӯйи заминро бубинам.+ Аз пайи ин кор шуда, ман на рӯз хоб доштаму на шаб*. 17 Сипас ман ба ҳама корҳои Худо диққат додам ва дарк кардам, ки одам наметавонад ба чизе, ки зери осмон рӯй медиҳад, сарфаҳм равад.+ Ҳар қадар ки одамон зӯр назананд, наметавонанд ба ин сарфаҳм раванд. Ҳатто агар гӯянд, ки барои фаҳмидани он хиради кофӣ доранд, наметавонанд онро нағз дарк кунанд.+