Ишаъё
39 Дар он айём подшоҳи Бобил, Мерӯдак-Балъадони писари Балъадон, ба Ҳизқиё номаҳо ва туҳфа фиристод,+ зеро дар бораи бемор будан ва шифо ёфтани ӯ шунида буд.+ 2 Ҳизқиё одамони ӯро бо дили шод қабул кард ва чизҳои ганҷхонаи худ:+ нуқра, тилло, равғани хушбӯю дигар равғанҳои қимат, тамоми аслиҳаи худ ва ҳар чизеро, ки дар ганҷинаҳояш буд, нишон дод — чизе намонд, ки Ҳизқиё дар қасри худ ва тамоми қаламрави худ ба онҳо нишон надода бошад.
3 Баъд аз он Ишаъёи пайғамбар назди подшоҳ Ҳизқиё омада, пурсид: «Ин одамон чӣ гуфтанд ва аз куҷо омадаанд?» Ҳизқиё гуфт: «Онҳо аз сарзамини дур, аз Бобил, омадаанд».+ 4 Ӯ боз пурсид: «Онҳо дар қасри ту чиро диданд?» Ҳизқиё ҷавоб дод: «Онҳо ҳар чизеро, ки дар қасри ман аст, диданд — чизе дар ганҷинаҳои ман намонд, ки ба онҳо нишон надода бошам».
5 Он гоҳ Ишаъё ба Ҳизқиё гуфт: «Каломи Яҳува, Худои лашкарҳоро, бишнав: 6 “Рӯзҳое меоянд, ки ҳар он чӣ дар қасри туст ва ҳар он чӣ бобоёни ту то имрӯз ҷамъ овардаанд, ба Бобил бурда мешавад ва чизе намемонад,+— мегӯяд Яҳува.+— 7 Чанде аз писарони туро, ки ба дунё меорӣ, гирифта мебаранд ва онҳо ходимони дарбори подшоҳи Бобил мешаванд”».+
8 Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Яҳува, ки ту онро ба забон овардӣ, некуст,— ва илова кард,— зеро дар рӯзҳои умри ман тинҷиву амонӣ мешавад».+