Ирмиё
47 Ин аст паёми Яҳува ба пайғамбар Ирмиё дар бораи фалиштиён,+ пеш аз он ки фиръавн Ғазаро зарба занад: 2 «Яҳува чунин мегӯяд:
“Инак, аз шимол дарёе меояд,
Он ба селобе табдил меёбад
Ва замину ҳар чиро, ки дар он аст,
Шаҳр ва сокинони онро, рӯпӯш мекунад.
Одамон фиғон хоҳанд бардошт
Ва ҳар сокини ин замин нола хоҳад кард.
3 Аз овози сумҳои аспони ӯ,
Аз тарақ-туруқи аробаҳои ҷангияш
Ва гулдурроси чархҳояш
Падарон барои фарзандонашон қафо намегарданд,
Зеро аз тарс дасту по хӯрдаанд.
4 Рӯзи нобудии ҳамаи фалиштиён фаро мерасад.+
Ҳар як ҳампаймони боқимондаи Сӯр+ ва Сидӯн+ нест карда мешавад.
Яҳува фалиштиёнро,
Бақияи ҷазираи Кафтӯрро*,+ нобуд месозад,
5 Калӣ ба Ғазза меояд*,
Хомӯшӣ ба Ашқалӯн.+
Эй бақияи водии онҳо,
То кай бар бадани худ чокҳо мекунӣ?+
6 Эй шамшери Яҳува,+
То ба кай ором намешавӣ?!
Ба ғилофат баргард,
Бозист ва ором шав!
7 Чӣ тавр он ором шавад,
Дар ҳоле ки Яҳува ба он амр фармудааст?
Ӯ онро ба сари Ашқалӯну соҳили баҳр+ фиристодааст”».