Ҳушаъ
8 «Шохро ба даҳон гузоред!+
Касе мисли уқоб бар зидди хонаи Яҳува меояд,+
Зеро онҳо аҳди маро шикастанд+ ва шариати маро поймол намуданд.+
2 Онҳо сӯйи ман фарёд мезананд: “Эй Худоям! Мо — Исроил, туро мешиносем!”+
3 Исроил некиро тарк кардааст.+
Бигзор душман аз пасаш сур кунад.
4 Онҳо подшоҳонро таъйин мекунанд, вале на бо хости ман,
Миронро таъйин мекунанд, вале бе ризои ман.
Онҳо барои нобудии худ+ аз нуқра ва тиллояшон бут месозанд.+
5 Гӯсолаи ту сарнагун шудааст, эй Сомария!+
Хашми ман бар онҳо аланга гирифтааст.+
То ба кай онҳо нопок мемонанд?
6 Он аз Исроил аст.
Онро усто сохтааст, он Худо нест.
Гӯсолаи Сомария пора-пора мешавад.
7 Онҳо шамолро мекоранд,
Аз ин рӯ тундбодро хоҳанд даравид.+
Ғаллае, ки қад кашидааст, хӯша намебандад,+
Он чӣ рӯйидааст, орд намедиҳад,
Диҳад ҳам, онро бегонагон фурӯ мебаранд.+
8 Исроилро фурӯ мебаранд.+
Акнун онҳо дар миёни халқҳо+
Мисли зарфи нодаркоре мешаванд.
9 Онҳо мисли гӯрхари танҳое назди Ошур+ рафтаанд.
Эфроим барои худ хушдорҳоро киро кардааст.+
10 Ҳарчанд онҳоро аз миёни халқҳо киро кардаанд,
Ман онҳоро ҷамъ меорам.
Онҳо аз боре, ки подшоҳу мирон ба гарданашон мегузоранд, азоб хоҳанд кашид.+
11 Эфроим қурбонгоҳҳои худро зиёд кардааст, то ки гуноҳ кунад.+
Ӯ барои гуноҳ кардан қурбонгоҳҳо сохтааст.+
13 Онҳо бароям ҳадияҳо оварда, қурбонӣ мекунанд ва гӯшташро мехӯранд,
Вале Яҳува онҳоро хуш надорад.+
Ӯ хатоҳои онҳоро ба хотир меорад ва барои гуноҳҳояшон онҳоро ҷазо медиҳад.+