3 Мӯсо
1 Яҳува Мӯсоро хонда, бо ӯ аз хаймаи ҷомеъ+ сухан ронд ва гуфт: 2 «Ба исроилиён чунин бигӯй: “Агар касе аз шумо барои Яҳува аз чорпоёни худ қурбонӣ оварданӣ бошад, бояд аз байни говон ва ё бузу гӯсфандон биёрад.+
3 Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтанӣ аз говон бошад, ӯ бояд чорпои нари солим биёрад.+ Бигзор онро бо ихтиёри худ+ ба ҳузури Яҳува назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ биёрад. 4 Ӯ бояд дасти худро бар сари қурбонии сӯхтанӣ гузорад ва он барои рӯпӯш кардани гуноҳҳояш* қабул мешавад.
5 Сипас буққаи ҷавон* бояд дар ҳузури Яҳува кушта шавад ва коҳинон*,+ писарони Ҳорун, хуни онро гирифта, гирдогирди қурбонгоҳе, ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ аст, бипошанд.+ 6 Қурбонии сӯхтаниро бояд пӯст канда, пора кунанд.+ 7 Писарони Ҳорун, яъне коҳинон, бояд бар қурбонгоҳ оташ даргиронда, бар он ҳезум чинанд.+ 8 Коҳинон, писарони Ҳорун, қисмҳои бадани қурбониро ҳамроҳи калла ва чарбуе, ки дар гирду атрофи гурдаҳост, гирифта, ба болои ҳезуме, ки бар оташи қурбонгоҳ аст, мегузоранд.+ 9 Рӯдаҳо ва почаҳои онро бо об мешӯянд ва коҳин тамоми қурбониро бар қурбонгоҳ чун қурбонии сӯхтанӣ сӯзонда, дуд мекунад. Ин қурбонии хушбӯест*, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешавад.+
10 Агар шахс аз рамаи худ қурбонии сӯхтанӣ орад,+ ӯ бояд нарбузи солим ё қӯчқори ҷавони солимеро биёрад.+ 11 Онро дар тарафи шимолии қурбонгоҳ, дар ҳузури Яҳува сар буранд ва писарони Ҳорун, яъне коҳинон, хуни онро гирифта, гирдогирди қурбонгоҳ бипошанд.+ 12 Ӯ бояд қурбониро пора кунад ва коҳин онро гирифта, бо калла ва чарбуи гирду атрофи гурдаҳояш ба болои ҳезуме, ки бар оташи қурбонгоҳ аст, мегузорад. 13 Бигзор рӯда ва почаҳои онро бо об бишӯяд ва коҳин ҳамаи онро оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад. Ин қурбонии сӯхтанист, қурбонии хушбӯест*, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешавад.
14 Вале, агар ӯ парандаеро чун қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува орад, бояд мусича ё кафтарбачаеро биёрад.+ 15 Коҳин онро назди қурбонгоҳ оварда, каллаашро меканад ва онро бар қурбонгоҳ сӯзонда, дуд мекунад, аммо хуни он бояд бар як тарафи қурбонгоҳ бичакад. 16 Ӯ бояд сангдон* ва парҳои онро ҷудо карда, назди қурбонгоҳ, ба тарафи шарқӣ, дар ҷойи хокистарҳо*,+ партояд. 17 Ӯ бояд онро аз миёни болҳояш чок кунад, аммо аз ҳам ҷудо накунад. Баъд аз ин коҳин онро бар болои ҳезуме, ки бар оташи қурбонгоҳ аст, сӯзонда, дуд мекунад. Ин қурбонии сӯхтанист, қурбонии хушбӯест*, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешавад.