3 Мӯсо
10 Баъдтар писарони Ҳорун — Нодоб ва Абиҳу,+ ҳар яке бухурдони худро гирифта, оташ бар он монданд ва бар он бухур+ гузоштанд. Сипас онҳо ба ҳузури Яҳува оташи ғайриқонуниро+ пешкаш намуданд, оташеро, ки ӯ ба онҳо нафармуда буд. 2 Он гоҳ оташе аз ҷониби Яҳува фуруд омада, онҳоро сӯзонд+ ва онҳо дар ҳузури Яҳува мурданд.+ 3 Мӯсо ба Ҳорун гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Касоне, ки ба ман наздиканд, бояд дар хотир доранд, ки ман поку муқаддасам.+ Ман дар назари тамоми мардум ҷалол меёбам”». Ҳорун бошад, хомӯш монд.
4 Мӯсо Мишоил ва Элисофон, писарони Узиили+ амаки Ҳорунро хонда, ба онҳо гуфт: «Омада, бародарони худро аз пеши ҷойи муқаддас бардошта, аз хаймагоҳ берун баред». 5 Онҳо наздик омада, мурдаҳоро, ки куртаҳояшон дар танашон буд, бардошта, берун аз хаймагоҳ бурданд, ҳамон тавре ки Мӯсо ба онҳо гуфта буд.
6 Баъд Мӯсо ба Ҳорун ва писарони дигараш — Элъозор ва Итомор, гуфт: «Мӯйи саратонро дароз накунеду онро титу парешон нагузоред ва либоси худро чок назанед*,+ то намиред ва Худо бар тамоми мардум хашм нагирад. Бародарони шумо аз тамоми хонадони Исроил дар ҳаққи касоне, ки Яҳува бо оташ куштааст, мотам мегиранд. 7 Шумо набояд аз даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ берун равед, то намиред, зеро равғани тадҳини* Яҳува бар шумост».+ Онҳо, ҳамон тавре ки Мӯсо гуфт, амал намуданд.
8 Сипас Яҳува ба Ҳорун гуфт: 9 «Ҳангоми ба хаймаи ҷомеъ даромаданатон туву писаронат набояд шароб ва ё дигар нӯшокиҳои мастиовар нӯшед,+ то намиред. Ин амри бардавом аст барои наслҳои шумо, 10 то шумо чизи муқаддасро аз ҳаром ва покро аз нопок фарқ кунед+ 11 ва ба исроилиён тамоми дастурҳои Яҳуваро, ки ӯ ба воситаи Мӯсо гуфтааст, таълим диҳед».+
12 Сипас Мӯсо ба Ҳорун ва писаронаш Элъозор ва Итомор, ки зинда монда буданд, гуфт: «Аз қурбониҳое, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонда мешаванд, он чиро, ки аз ҳадияи ғалла боқӣ мондааст, бигиред ва аз он нони бехамиртуруш тайёр кунед ва назди қурбонгоҳ бихӯред,+ зеро он як чизи хеле муқаддас аст.+ 13 Онро дар ҷойи муқаддас бихӯред,+ зеро он ҳиссаи ту ва писарони туст аз ҳадияҳое, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонида мешаванд, зеро ба ман чунин фармуда шудааст. 14 Синаи ҳадияи ҷунбониданиро низ бо пойи ҳиссаи муқаддас+ дар ҷойи пок бихӯред: ту, писаронат ва духтаронат бо ту бихӯранд,+ зеро ин чизҳо аз қурбониҳои осоиштагии исроилиён ҳиссаи ту ва писарони туст. 15 Онҳо пойи ҳиссаи муқаддас ва синаи ҳадияи ҷунбониданиро бо чарбуи қурбониҳое, ки дар оташ сӯзонида мешаванд, меоранд, то ҳадияи ҷунбониданиро дар ҳузури Яҳува ин тарафу он тараф ҷунбонанд. Ин ҳиссаи доимист барои ту ва писаронат,+ ҳамон тавре ки Яҳува фармудааст».
16 Мӯсо бузи қурбонии гуноҳро+ хуб ҷустуҷӯ кард ва фаҳмид, ки онро сӯзондаанд. Он гоҳ қаҳри ӯ бар писарони Ҳорун — Элъозор ва Итомор, ки зинда монда буданд, аланга зад ва ӯ гуфт: 17 «Барои чӣ шумо қурбонии гуноҳро дар ҷойи муқаддас нахӯрдед?+ Охир, он як чизи хеле муқаддас аст ва ҳиссаест, ки ба шумо дода шудааст, то шумо онро хӯрда, гуноҳи мардумро бардоред* ва ба ҳузури Яҳува барои гуноҳҳои онҳо товон биёред! 18 Хуни он ба ҷойи муқаддас оварда нашуда буд.+ Шумо онро бояд дар ҷойи муқаддас мехӯрдед, ҳамон тавре ки ба ман фармуда шудааст». 19 Ҳорун дар ҷавоб ба Мӯсо гуфт: «Имрӯз онҳо қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтаниро ба ҳузури Яҳува пешкаш карданд+ ва, инак, ин бадбахтӣ бо ман рӯй дод. Пас, агар ман имрӯз аз қурбонии гуноҳ мехӯрдам, оё ин ба Яҳува маъқул мешуд?» 20 Вақте Мӯсо ин суханонро шунид, ором шуд.