3 Мӯсо
14 Яҳува суханашро бо Мӯсо давом дода гуфт: 2 «Ин аст қонун дар бораи махавӣ, дар рӯзе ки пок будани вай эълон мешавад, яъне дар рӯзе ки ӯ назди коҳин оварда мешавад:+ 3 коҳин берун аз хаймагоҳ меравад, то ӯро аз назар гузаронад. Агар махавӣ аз беморияш шифо ёфта бошад, 4 коҳин ба ӯ мефармояд, ки барои покшавияш ду парандаи поки зиндаро бо чӯби дарахти сидра, матои арғувонӣ ва кокутӣ биёрад.+ 5 Сипас коҳин мефармояд, ки яке аз парандагон бар зарфи гилин, ки дар он оби соф гирифта шудааст, кушта шавад. 6 Аммо парандаи зиндаро ӯ бояд ҳамроҳи чӯби сидра, матои арғувонӣ ва кокутӣ гирифта, ба хуни парандаи куштаву оби соф, ки дар зарфи гилинанд, тар кунад. 7 Сипас ӯ хуни он парандаро ба касе, ки аз махав пок шуда истодааст, ҳафт бор мепошад ва ӯро пок эълон мекунад, парандаи зиндаро бошад, ба саҳро сар медиҳад.+
8 Касе, ки худро пок месозад, бояд либоси худро бишӯяд, тамоми мӯяшро тарошад ва дар об шустушӯ кунад ва он гоҳ пок мешавад. Пас аз ин вай метавонад ба хаймагоҳ биёяд, лекин ҳафт рӯз бояд берун аз хаймаи худ зиндагӣ кунад. 9 Дар рӯзи ҳафтум ӯ бояд тамоми мӯйи сар, риш ва абруҳояшро тарошад. Баъди тарошидани тамоми мӯяш ӯ бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва он гоҳ пок мешавад.
10 Дар рӯзи ҳаштум ӯ бояд ду қӯчқори ҷавони солим, як барраи модаи солими яксола+ ё хурдтар, се даҳяк эфа* орди маҳини бо равған омехтаро чун ҳадияи ғалла+ ҳамроҳи як лӯҷ* равған биёрад.+ 11 Сипас коҳине, ки ӯро пок эълон мекунад, ӯро ҳамроҳи ҳадияҳо назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ оварда, ба ҳузури Яҳува пешкаш мекунад. 12 Коҳин яке аз қӯчқорони ҷавонро гирифта, онро чун қурбонии айб+ ҳамроҳи як лӯҷ равған пешкаш мекунад ва онҳоро ин тарафу он тараф чун ҳадияи ҷунбонданӣ ба ҳузури Яҳува меҷунбонад.+ 13 Сипас ӯ қӯчқори ҷавонро, дар ҷое ки қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтанӣ кушта мешаванд, сар мебурад.+ Ӯ онро дар ҷойи муқаддас сар мебурад, зеро қурбонии айб мисли қурбонии гуноҳ аз они коҳин аст.+ Он як чизи хеле муқаддас аст.+
14 Баъд коҳин каме аз хуни қурбонии айбро гирифта, ба нармаи гӯши рост, нарангушти дасти рост ва нарангушти пойи рости шахсе, ки худро пок месозад, мемолад. 15 Сипас аз як лӯҷ равған+ каме ба кафи дасти чапи худ мерезад 16 ва ангушти дасти рости худро ба равғане, ки дар дасти чапаш гирифтааст, тар карда, ҳафт бор ба ҳузури Яҳува мепошад. 17 Пас аз ин коҳин каме аз боқии он равғане, ки дар кафи дасташ аст, гирифта, ба нармаи гӯши рост, нарангушти дасти рост ва нарангушти пойи рости шахсе, ки худро пок месозад, аз болои хуни қурбонии айб мемолад. 18 Коҳин он чиро, ки аз равғани кафи дасташ боқӣ мондааст, гирифта, ба сари шахсе, ки худро пок месозад, мемолад ва коҳин барои вай ба ҳузури Яҳува товон медиҳад.+
19 Коҳин қурбонии гуноҳро сар мебурад,+ то барои шахсе, ки худро пок месозад, товон диҳад. Пас аз ин вай қурбонии сӯхтаниро сар мебурад. 20 Коҳин қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ғалларо+ бар қурбонгоҳ пешкаш мекунад ва барои он шахс товон медиҳад+ ва вай пок мегардад.+
21 Аммо, агар ӯ камбағал бошаду ба ин чизҳо зӯраш нарасад, бояд як қӯчқори ҷавонро чун қурбонии айб ва ҳадияи ҷунбонданӣ пешкаш кунад, то барои худ товон диҳад. Ғайр аз ин, ӯ бояд даҳяк эфа* орди маҳини бо равған омехтаро чун ҳадияи ғалла ҳамроҳи як лӯҷ равған 22 ва ду мусича ё ду кафтарбача мувофиқи шароиташ биёрад. Ӯ як парандаро чун қурбонии гуноҳ ва дигареро чун қурбонии сӯхтанӣ пешкаш мекунад.+ 23 Дар рӯзи ҳаштум+ ӯ барои пок эълон гаштанаш онҳоро ба коҳин, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, ба ҳузури Яҳува, меорад.+
24 Коҳин қӯчқори ҷавони қурбонии айбро+ ҳамроҳи як лӯҷ равған гирифта, онҳоро ба ҳузури Яҳува ин тарафу он тараф чун ҳадияи ҷунбонданӣ меҷунбонад.+ 25 Баъд ӯ қӯчқори ҷавони қурбонии айбро сар мебурад ва каме аз хуни он гирифта, ба нармаи гӯши рост, нарангушти дасти рост ва нарангушти пойи рости шахсе, ки худро пок месозад, мемолад.+ 26 Коҳин каме аз равғанро ба кафи дасти чапи худ мерезад+ 27 ва ангушти дасти росташро ба он равғани дасти чапаш тар карда, ҳафт бор ба ҳузури Яҳува мепошад. 28 Сипас коҳин аз он равғане, ки дар кафи дасташ аст, гирифта, ба нармаи гӯши рост, нарангушти дасти рост ва нарангушти пойи рости шахсе, ки худро пок месозад, аз болои хуни қурбонии айб мемолад. 29 Коҳин он чиро, ки аз равғани кафи дасташ боқӣ мондааст, гирифта, ба сари шахсе, ки худро пок месозад, мемолад, то барои вай ба ҳузури Яҳува товон диҳад.
30 Ӯ яке аз мусичаҳо ё кафтарбачаҳоро, мувофиқи шароиташ,+ 31 ба кадоме ки зӯраш расад, чун қурбонии гуноҳ ва дигарашро чун қурбонии сӯхтанӣ биёрад.+ Ӯ ҳамчунин бояд ҳадияи ғалларо биёрад ва коҳин барои касе, ки худро пок месозад, ба ҳузури Яҳува товон медиҳад.+
32 Ин аст қонун дар бораи касе, ки гирифтори махав буд, вале барои пок эълон шуданаш дороияш басанда нест».
33 Баъд Яҳува ба Мӯсо ва Ҳорун гуфт: 34 «Вақте ба замине, ки ман ба шумо медиҳам,+ яъне ба замини Канъон,+ биёед ва ман дар замини шумо хонаеро гирифтори махав созам,+ 35 соҳиби хона бояд назди коҳин омада, гӯяд: “Дар хонаи ман доғе пайдо шудааст. Он ба монанди махав аст”. 36 Коҳин мефармояд, ки пеш аз омада, хонаро диданаш онро холӣ кунанд, то ӯ вақти омаданаш ҳар он чиро, ки дар хона аст, нопок эълон накунад. Баъд аз ин коҳин омада, хонаро тафтиш мекунад. 37 Ӯ ҷоеро, ки доғ пайдо шудааст, аз назар мегузаронад ва, агар дар деворҳо чуқурчаҳои сабзи зардчатоб ё сурх пайдо шавад, 38 коҳин аз хона баромада, онро ба муддати ҳафт рӯз маҳкам мекунад.+
39 Сипас коҳин дар рӯзи ҳафтум баргашта, хонаро тафтиш мекунад. Агар доғ ба деворҳои хона паҳн шуда бошад, 40 ӯ мефармояд, то сангҳои махавдорро аз девор канда, берун аз шаҳр, ба ҷойи нопок, бурда, партоянд. 41 Сипас андоваи хонаро аз дарун нағзакак метарошанд ва онро берун аз шаҳр, ба ҷойи нопок, бурда, мепартоянд. 42 Ба ҷойи он сангҳо дар девор сангҳои дигарро мегузоранд ва хоки дигаре гирифта, хонаро аз нав андова мекунанд.
43 Вале, агар, баъди он ки сангҳо аз девори хона гирифта шуданд ва андоваи хонаро тарошида, аз нав андова карданд, доғ боз пайдо шавад, 44 коҳин рафта, онро тафтиш мекунад. Агар доғ дар хона паҳн шуда бошад, он махави сирояткунанда аст.+ Он хона нопок аст. 45 Онро бояд бо сангҳо, тахтаҳо ва тамоми лою андовааш вайрон кунанд ва берун аз шаҳр, ба ҷойи нопок, бурда, партоянд.+ 46 Агар касе дар муддати рӯзҳое, ки хона маҳкам аст,+ ба он дарояд, то бегоҳ нопок ҳисобида мешавад+ 47 ва касе, ки дар он хона хоб равад ё хӯрок хӯрад, бояд либоси худро бишӯяд.
48 Вале, агар, баъди он ки хонаро аз нав андова карданд, коҳин биёяду бубинад, ки доғи махав барнагаштааст, ӯ хонаро пок эълон мекунад, зеро он тоза шудааст. 49 Барои хонаро аз нопокӣ* пок намудан, ӯ бояд ду паранда, чӯби дарахти сидра, матои арғувонӣ ва кокутӣ биёрад.+ 50 Ӯ бояд як парандаро бар зарфи гилин, ки дар он оби соф гирифта шудааст, кушад. 51 Сипас ӯ бояд парандаи зиндаро ҳамроҳи чӯби сидра, кокутӣ ва матои арғувонӣ гирифта, ба хуни парандаи куштаву оби соф, ки дар зарфи гилинанд, тар кунад ва ба сӯйи хона ҳафт бор бипошад.+ 52 Ӯ хонаро бо хуни паранда, оби соф, парандаи зинда, чӯби сидра, кокутӣ ва матои арғувонӣ аз нопокӣ* пок месозад. 53 Сипас ӯ парандаи зиндаро берун аз шаҳр, ба саҳро сар медиҳад ва барои хона товон медиҳад ва он пок мешавад.
54 Ин аст қонун дар бораи ҳар навъ махав, захми пӯсти сар ё манаҳ,+ 55 махави либос+ ё хона,+ 56 дар бораи варам, карахш ва доғ,+ 57 то бидонанд, ки кай ягон чиз пок ё нопок аст.+ Ин аст қонун дар бораи махав».+