3 Мӯсо
21 Яҳува суханашро бо Мӯсо давом дода гуфт: «Ба коҳинон, писарони Ҳорун, чунин бигӯ: “Бигзор ҳеҷ яке аз шумо худро барои мурда нопок насозад.+ 2 Аммо шахс метавонад барои хеши наздикаш худро нопок созад: барои модараш, падараш, писараш, духтараш, бародараш, 3 барои хоҳар ё апааш, агар ӯ бокираи бешавҳар бошаду дар наздикии ӯ зиндагӣ кунад. 4 Аммо ӯ набояд ба хотири зане, ки аз миёни халқи худ шавҳар кардааст, худро нопок кунад, то беобрӯ нашавад. 5 Онҳо набояд сари худро кал кунанд+ ё канораи риши худро тарошанд ё бар бадани худ чокҳо гузоранд.+ 6 Онҳо бояд барои Худои худ пок бошанд+ ва номи Худояшонро беҳурмат нагардонанд,+ зеро онҳо нони Худои худ, яъне қурбониҳоеро пешкаш мекунанд, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонда мешаванд. Барои ҳамин онҳо бояд пок бошанд.+ 7 Онҳо набояд зани фоҳиша,+ занеро, ки номусашро аз даст додааст ё занеро, ки аз шавҳараш талоқ кардааст,+ ба занӣ гиранд, зеро коҳин бояд барои Худои худ пок бошад. 8 Ӯро муқаддас шуморед,+ зеро ӯ нони Худоятонро пешкаш мекунад. Ӯ бояд барои мардум поку муқаддас бошад, зеро ман, Яҳува, ки шуморо пок мегардонам, худам поку муқаддас ҳастам.+
9 Агар духтари коҳин фоҳиша шуда худро беобрӯ созад, падари худро беобрӯ месозад. Ӯро дар оташ бисӯзонед.+
10 Касе, ки аз миёни бародаронаш саркоҳин таъйин мешавад* ва бар сараш равғани тадҳин* мерезанду+ ӯ либосҳои коҳиниро мепӯшад,+ набояд мӯйи сари худро дароз кунад ё титу парешон гузорад ва либосашро чок занад.+ 11 Ӯ набояд ба ҳеҷ мурда* наздик шавад,+ хоҳ он модараш бошад, хоҳ падараш, то худро нопок насозад. 12 Ӯ набояд аз муқаддасгоҳ дур равад ва муқаддасгоҳи Худояшро беҳурмат гардонад,+ зеро аломати муқаддас*, яъне равғани тадҳини Худояш,+ бар сараш аст. Ман Яҳува ҳастам.
13 Ӯ бояд зани бокира бигирад.+ 14 Ӯ набояд бевазан, занеро, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, занеро, ки аз номуси худ маҳрум шудааст, ё фоҳишаеро ба занӣ гирад. Ӯ бояд бокираеро аз миёни халқи худ ба занӣ гирад. 15 Ӯ набояд насли худро миёни халқаш беобрӯ гардонад,+ зеро ман Яҳува ҳастам, ки ӯро поку муқаддас мегардонам”».
16 Яҳува суханашро бо Мӯсо давом дода гуфт: 17 «Ба Ҳорун бигӯ: “Ҳеҷ кас аз насли ту, ки дар баданаш айбе дошта бошад, набояд наздик шавад, то нони Худояшро пешкаш кунад. 18 Ҳар кӣ дар баданаш айбе дошта бошад, набояд наздик шавад: кӯр, шал, бинипачақ ё касе, ки даст ё пояш аз ҳад дароз бошад, 19 шикастапой ё шикастадаст, 20 кӯзапушт ё калта*, касе, ки чашмаш касал бошад, қубоъ* ё шукуфа* дошта бошад, хояҳояш маҷақ бошанд.+ 21 Ҳар касе аз насли Ҳорун, ки дар баданаш ягон айб бошад, наметавонад наздик шавад, то қурбониҳоеро, ки барои Яҳува бар оташ месӯзонанд, пешкаш кунад. Азбаски ӯ айб дорад, наметавонад нони Худояшро пешкаш кунад. 22 Ӯ метавонад аз нони Худояш бихӯрад, ҳам аз чизҳои хеле муқаддас+ ва ҳам аз чизҳои муқаддас.+ 23 Аммо ӯ наметавонад назди парда биёяд+ ва наметавонад ба қурбонгоҳ наздик шавад,+ зеро дар баданаш айбе дорад. Ӯ набояд муқаддасгоҳи маро беҳурмат созад,+ зеро ман Яҳува ҳастам, ки онҳоро поку муқаддас мегардонам”».+
24 Мӯсо ин суханонро ба Ҳоруну писаронаш ва ҳамаи исроилиён расонд.