3 Мӯсо
27 Яҳува гапашро бо Мӯсо давом дода гуфт: 2 «Ба исроилиён бигӯ: “Агар касе назри* махсусе кунад,+ ки нархи барои шахсе муқарраршударо ба Яҳува диҳад, 3 нархе, ки барои марди аз 20 то 60-сола муқаррар шудааст, 50 сиқл* нуқра, аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас, аст. 4 Нархе, ки барои зан муқаррар шудааст, 30 сиқл мебошад. 5 Агар синни шахс аз 5-сола то 20-сола бошад, нархи муқарраршуда барои вай чунин аст: агар мард бошад, 20 сиқлу зан бошад, 10 сиқл. 6 Агар шахс аз якмоҳа то панҷсола бошад, нархи муқарраршуда барои вай чунин аст: писар бошад, панҷ сиқл нуқра, духтар бошад, се сиқл.
7 Агар шахс 60-сола ё калонтар бошад, нархи муқарраршуда барои вай чунин аст: мард бошад, 15 сиқл, зан бошад, 10 сиқл. 8 Агар ӯ ба дараҷае камбағал бошад, ки зӯраш ба додани нархи муқарраршуда нарасад,+ бояд назди коҳин равад ва коҳин барои ӯ нархе муқаррар мекунад. Коҳин барои касе, ки назр кардааст, нархеро, ки зӯраш ба он расад, муқаррар мекунад.+
9 Агар шахс назр кунад, ки ба Яҳува чорпои ҳалолеро пешкаш мекунад, он муқаддас мегардад, яъне аз они Яҳува мешавад. 10 Ӯ набояд ба ҷойи он чорпои дигареро диҳад ва ё чорпои хубро ба бад ё чорпои бадро ба хуб иваз кунад. Лекин, агар як чорпоро ба чорпои дигар иваз кунад, ҳар дуи онҳо аз они Худо мешаванд. 11 Агар ӯ чорпои нопокеро биёрад,+ ки барои ба Яҳува пешкаш кардан мувофиқ набошад, бояд онро ба назди коҳин орад. 12 Коҳин онро дида, вобаста ба ҳолаташ нарх мегузорад. Нархи чорпо ҳамоне мешавад, ки коҳин муқаррар мекунад. 13 Агар шахс онро бозхариданӣ шавад, бояд илова ба нархи муқарраршуда панҷякашро диҳад.+
14 Агар шахс хонаашро муқаддас гардонад, яъне барои хизмати Яҳува ҷудо кунад, коҳин онро дида, вобаста ба ҳолаташ нарх мегузорад. Нархи хона ҳамоне мешавад, ки коҳин муқаррар мекунад.+ 15 Вале, агар шахс онро бозхариданӣ шавад, бояд илова ба нархи муқарраршуда панҷякашро диҳад ва хона боз аз они вай мешавад.
16 Агар шахс қисми замини худро муқаддас гардонад, яъне барои хизмати Яҳува ҷудо кунад, он мувофиқи миқдори тухмие, ки дар он коштан мумкин аст, нархгузорӣ мешавад: агар дар замин як ҳӯмер* ҷав кошта шавад, нархи он 50 сиқл нуқра мешавад. 17 Агар ӯ замини худро дар Соли Озодӣ+ барои хизмати Худо ҷудо кунад, нархи он ҳамоне мешавад, ки муқаррар шудааст. 18 Агар ӯ замини худро баъди Соли Озодӣ барои хизмати Худо ҷудо кунад, коҳин мувофиқи солҳое, ки то Соли Озодии навбатӣ мондааст, нархи онро кам мекунад.+ 19 Лекин, агар шахсе, ки заминашро барои хизмати Худо ҷудо кардааст, онро бозхариданӣ шавад, ӯ бояд ба нархи муқарраршуда панҷякашро илова кунад ва заминаш дар ихтиёри вай мемонад. 20 Аммо, агар ӯ замини худро бознахарад ва он ба каси дигар фурӯхта шавад, замин дигар бозхарида намешавад. 21 Вақте замин дар Соли Озодӣ раҳо мешавад, он муқаддас, яъне ба Яҳува бахшида мешавад. Замин моликияти коҳинон мегардад.+
22 Агар шахс замини харидаашро, яъне заминеро, ки мерос нагирифтааст,+ барои хизмати Яҳува ҷудо кунад, 23 коҳин ҳисоб мекунад, ки то Соли Озодӣ чанд вақт мондааст, ва нархи онро муқаррар мекунад ва он шахс бояд ҳамон рӯз нархи муқарраршударо диҳад.+ Он як чизи муқаддасест, ки аз они Яҳува аст. 24 Дар Соли Озодӣ замин ба соҳибаш, яъне ба касе, ки он аз вай харида шуд, бармегардад.+
25 Ҳар нарх бояд аз рӯйи сиқли намунавии ҷойи муқаддас муқаррар шавад. Як сиқл бояд 20 геро* бошад.
26 Ҳеҷ кас набояд нахустзодаи чорпояшро барои хизмати Худо ҷудо кунад, зеро вай аз вақти таваллудаш аз они Яҳува аст.+ Хоҳ буққа бошад, хоҳ гӯсфанд, аллакай аз они Яҳува аст.+ 27 Агар он аз чорпоёни нопок бошад ва ӯ онро мувофиқи нархи муқаррашуда бозхарад, ӯ бояд ба нархи гузошта панҷякашро илова кунад.+ Вале, агар ӯ чорпояшро бознахарад, он мувофиқи нархи муқарраршуда фурӯхта мешавад.
28 Ягон чизе, ки шахс аз дороии худ пурра ба Яҳува бахшидааст*, хоҳ одам бошад, хоҳ чорпо ва хоҳ заминаш, фурӯхта ё бозхарида намешавад. Ҳар он чӣ ба Худо бахшида шудааст, як чизи хеле муқаддас буда, аз они Яҳува аст.+ 29 Ҳеҷ як шахсе, ки барои нобуд шудан ҷудо шудааст*, бозхарида намешавад.+ Ӯ бояд ҳатман кушта шавад.+
30 Ҳар даҳяки замин,+ хоҳ аз ҳосили замин, хоҳ меваи дарахтон, аз они Яҳува аст. Он як чизи муқаддасест, ки аз они Яҳува аст. 31 Агар касе яке аз даҳякҳояшро бозхаридан хоҳад, бояд ба нархи он панҷякашро илова кунад. 32 Ҳар даҳяки гову мол, яъне ҳар чорпои даҳуме, ки зери асои чӯпон мегузарад, муқаддас, яъне аз они Яҳува мешавад. 33 Кас набояд нигоҳ кунад, ки он чорпои хуб аст ё бад ва набояд онро иваз кунад. Аммо, агар онро иваз карданӣ шавад, ҳар ду чорпо муқаддас, яъне аз они Худо мешавад.+ Он бозхарида намешавад”».
34 Ин аст амрҳое, ки Яҳува дар кӯҳи Сино ба воситаи Мӯсо ба исроилиён дод.+