4 Мӯсо
17 Яҳува ба Мӯсо гуфт: 2 «Бо исроилиён сухан бирон ва аз ҳар хонадон, аз ҳар сардори хонадон,+ яктоӣ асо бигир, ҳамагӣ 12 асо. Номи ҳар яки онҳоро дар асояшон бинавис. 3 Номи Ҳорунро дар асои Левӣ бинавис, чунки сари ҳар хонадон бояд як асо бошад. 4 Асоҳоро дар хаймаи ҷомеъ, назди сандуқи шаҳодат,+ дар ҷое ки ман доимо ба шумо намудор мешавам,+ гузор. 5 Асои шахсе, ки ман ӯро интихоб кунам,+ гул мекунад ва ман шикваю шикояти исроилиёнро, ки аз ману шумо мекунанд,+ хомӯш месозам».
6 Мӯсо бо исроилиён гап зад ва ҳар сардори хонадон асояшро ба ӯ дод, сари ҳар хонадон як асо, ҳамагӣ 12 асо ва асои Ҳорун дар байни онҳо буд. 7 Баъд Мӯсо асоҳоро ба ҳузури Яҳува дар хаймаи шаҳодат гузошт.
8 Рӯзи дигар, вақте Мӯсо ба хаймаи шаҳодат даромад, дид, ки асои Ҳорун аз хонадони Левӣ муғҷа бароварда, гул кардааст ва бодом овардааст. 9 Мӯсо ҳама асоҳоро, ки дар ҳузури Яҳува буданд, ба назди тамоми исроилиён баровард. Онҳо асоҳоро диданд ва ҳар яке асои худро гирифт.
10 Баъд Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Асои Ҳорунро+ аз нав назди сандуқи шаҳодат гузор ва он барои писарони исёнгар+ аломате+ хоҳад буд, то шикваю шикояте, ки онҳо аз ман карданд, бас шавад ва онҳо намиранд». 11 Мӯсо дарҳол он чиро, ки Яҳува амр фармуд, ба ҷо овард. Ӯ айнан ҳамин тавр кард.
12 Исроилиён ба Мӯсо гуфтанд: «Акнун мо мемирем, мо ҳатман нобуд мешавем, ҳамаи мо нобуд мешавем! 13 Ҳар кӣ ба хаймаи муқаддаси Яҳува ҳатто наздик шавад, мемирад!+ Наход мо ҳамин хел бимирем?»+