5 Мӯсо
2 Сипас мо, ҳамон тавре ки Яҳува ба ман гуфт, гашта, бо роҳи баҳри Сурх сӯйи биёбон кӯч кардем.+ Мо муддати зиёде дар гирду атрофи кӯҳи Сеир гаштугузор кардем. 2 Оқибат Яҳува ба ман гуфт: 3 “Ин кӯҳро давр заданатон бас аст. Ба тарафи шимол рӯ оред. 4 Ба мардум чунин бифармо: “Шумо аз замини бародарони худ, фарзандони Эсов,+ ки дар Сеир зиндагӣ мекунанд,+ хоҳед гузашт. Онҳо аз шумо тарсон мешаванд,+ вале шумо сахт эҳтиёт шавед. 5 Бо онҳо ҷанҷол накунед, чунки ман замини онҳоро ҳатто ба қадри як кафи по ба шумо намедиҳам. Ман кӯҳи Сеирро ба Эсов мерос додаам.+ 6 Шумо бояд ба онҳо барои хӯроке, ки мехӯред ва барои обе, ки менӯшед, пул диҳед.+ 7 Охир, Худоятон Яҳува шуморо дар ҳама корҳоятон баракат додааст. Ӯ нағз медонад, ки шумо чӣ қадар дар ин биёбони бузург гаштугузор кардед. Дар муддати ин 40 сол Худоятон Яҳува бо шумо буд ва шумо аз ҳеҷ чиз камӣ надоштед”.+ 8 Аз ин рӯ мо аз замини бародаронамон, фарзандони Эсов,+ ки дар Сеир зиндагӣ мекунанд, қафо гашта, аз Аробо, Эйлат ва Эсюн-Ҷобар+ дур истодем.
Сипас мо гашта, бо роҳе равона шудем, ки сӯйи биёбони Мӯоб+ мебарад. 9 Яҳува ба ман гуфт: “Бо Мӯоб ҷангу ҷанҷол накун, чунки ман аз замини ӯ порчаеро ҳам ба ту намедиҳам. Ман Орро ба фарзандони Лут мерос додаам.+ 10 (Пеш дар он ҷо эмиён+ зиндагӣ мекарданд, ки мардуми пурзӯру сершумор буданд. Онҳо мисли аноқиён қадбаланд буданд. 11 Рафоиён+ низ мисли аноқиён+ ба ҳисоб мерафтанд ва мӯобиён онҳоро эмиён меномиданд. 12 Пеш дар замини Сеир ҳӯриён+ зиндагӣ мекарданд, вале фарзандони Эсов онҳоро аз он замин пеш намуданд ва нест карданд ва худашон дар он ҷо сокин шуданд.+ Исроил низ бо замини меросии худ, замине, ки Яҳува ҳатман ба ӯ медиҳад, ҳамин тавр мекунад). 13 Акнун бошад, рафта, аз водии Зорад гузаред”. Мо аз водии Зорад+ гузаштем. 14 Аз вақте ки аз Қодеш-Барнеа баромада, водии Зорадро гузаштем, 38 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат ҳама мардони ҷангӣ мурданд, ҳамон тавре ки Яҳува қасам хӯрда ба онҳо гуфта буд.+ 15 Дасти Яҳува бар зидди онҳо буд, то даме ки ҳамаашонро аз хаймагоҳ нест кард.+
16 Вақте ки ҳама мардони ҷангӣ аз миёни мардум мурданд,+ 17 Яҳува боз бо ман сухан ронда гуфт: 18 “Имрӯз ту аз канори замини Мӯоб, яъне Ор, мегузарӣ. 19 Вақте ба аммӯниён наздик шавӣ, онҳоро озор надеҳ ва бо онҳо ҷанҷол накун, чунки ман аз замини аммӯниён порчаеро ҳам ба ту мерос намедиҳам. Ман ин заминро ба фарзандони Лут мерос додаам.+ 20 Ин замин ҳам пеш замини рафоиён+ ба ҳисоб мерафт. (Пеш дар ин ҷо рафоиён зиндагӣ мекарданд ва аммӯниён онҳоро замзуммиён меномиданд. 21 Онҳо халқи пурзӯр ва сершумор ва мисли аноқиён+ қадбаланд буданд. Вале Яҳува онҳоро пеши аммӯниён шикаст дод ва аммӯниён онҳоро пеш карда, дар заминашон сокин шуданд. 22 Ӯ барои фарзандони Эсов, ки ҳозир дар Сеир+ зиндагӣ доранд, чунин кард, яъне ҳӯриёнро+ аз пеши онҳо нест кард. Фарзандони Эсов онҳоро аз он ҷо пеш карда, то ба имрӯз дар заминашон зиндагӣ мекунанд. 23 Аввиён бошанд, то ба Ғазза+ дар бошишгоҳҳояшон зиндагӣ мекарданд, то даме ки кафтӯриён,+ ки аз Кафтӯр* омада буданд, онҳоро несту нобуд карда, дар заминашон сокин шуданд).
24 Бархеста, кӯч кунед ва аз водии Арнӯн+ гузаред. Инак, ман Сиҳӯни+ амӯрӣ, подшоҳи Ҳешбӯнро, ба дасти ту додаам. Забт намудани замини ӯро сар кун ва бо ӯ биҷанг. 25 Аз имрӯз сар карда ман тарси туро дар миёни ҳама мардуми зери осмон, ки овозаи туро мешунавад, паҳн мекунам. Ваҳми ту онҳоро фаро мегирад ва онҳо ба ларза меоянд*”.+
26 Сипас ман хабаррасонҳоро аз биёбони Қадимӯт+ назди Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, бо суханони сулҳҷӯёна+ фиристода, гуфтам: 27 “Иҷозат деҳ, ки аз заминат гузарам. Ман бо роҳ меравам ва аз он ба тарафи рост ё чап намегардам.+ 28 Хӯрокро ба ман ба ивази пул бифурӯш ва обро пулакӣ ба ман бидеҳ. Фақат иҷозат деҳ, ки пойи пиёда аз заминат гузарам. 29 Фарзандони Эсов, ки дар Сеир зиндагӣ мекунанд ва мӯобиён, ки дар Ор сокинанд, розӣ шуда буданд. Аз ту ҳам ҳаминро хоҳиш мекунам. Ман мехоҳам аз Урдун гузашта, ба замине, ки Худоямон Яҳува ба мо медиҳад, биравам”. 30 Аммо Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, розӣ нашуд, ки мо аз замини вай гузарем, чунки Худоятон Яҳува гузошт, то ӯ якрав+ ва дилсахт шавад ва ӯро ба дасти шумо бидиҳад, чуноне ки имрӯз воқеъ шудааст.+
31 Яҳува ба ман гуфт: “Инак, ман замини Сиҳӯнро ба дасти ту дода истодаам. Онро соҳиб шудан гир”.+ 32 Вақте Сиҳӯн бо тамоми мардумаш бар зидди мо дар Ёҳас+ ба ҷанг баромад, 33 Худоямон Яҳува ӯро ба дасти мо супурд ва мо ӯро бо писаронаш ва тамоми халқаш шикаст додем. 34 Он вақт мо ҳамаи шаҳрҳояшро забт намудем ва ҳар як шаҳрро бо мардон, занон ва кӯдакон ба нестӣ супурдем. Мо ҳеҷ касро зинда намондем,+ 35 фақат чорворо ҳамроҳи ғанимати шаҳрҳои забткардаамон барои худ гирифтем. 36 Аз Арӯэр,+ ки дар канори водии Арнӯн аст (бо шаҳр, ки дар водӣ аст), то ба Ҷилъод, ҳеҷ шаҳре набуд, ки зӯрамон ба он нарасад. Худоямон Яҳува ҳамаи онҳоро ба дасти мо супурд.+ 37 Аммо шумо ба замини аммӯниён,+ тамоми соҳили водии Яббӯқ+ ва шаҳрҳои кӯҳистон ва дигар ҷойҳое, ки Худоямон Яҳува манъ карда буд, наздик нашудед.