5 Мӯсо
22 Агар ту бубинӣ, ки гов ё гӯсфанди бародарат раҳгум задааст, худро ба нодонӣ назан.+ Онро ҳатман ба бародарат баргардон. 2 Вале, агар бародарат дар ҳамсоягият зиндагӣ накунад ва ё ту ӯро нашиносӣ, ҳайвони гумшударо ба хонаат биёр ва бигзор он, то даме ки бародарат барои кофтанаш биёяд, дар дасти ту бимонад. Он вақт онро ба вай баргардон.+ 3 Ту бояд бо хари ӯ, либоси ӯ ва ҳар чизе, ки бародарат гум кардаасту ту онро ёфтаӣ, ҳамин тавр амал кунӣ. Ту набояд дар ин ҳолат гузашта равӣ.
4 Агар хар ё гови бародаратро бубинӣ, ки дар сари роҳ афтодааст, аз пешаш гузашта нарав. Ба бародарат ҳатман кумак расон, то чорпояшро ба по хезонад.+
5 Зан набояд либоси мардона дар бар кунад ва мард набояд либоси занона пӯшад. Касе, ки чунин мекунад, дар назари Яҳува шум аст.
6 Агар дар роҳ лонаи парандаеро бубинӣ, ки дар дарунаш тухм ё чӯҷа бошад, хоҳ дар дарахт бошад, хоҳ дар замин ва бар тухмҳо ё чӯҷаҳо модарашон нишастааст, модарро бо чӯҷаҳояш нагир.+ 7 Чӯҷаҳоро метавонӣ барои худат бигирӣ, аммо модарро ҳатман сар деҳ. Агар ин тавр кунӣ, савоб мегирӣ ва умри дароз мебинӣ.
8 Агар хонае бино кунӣ, бар бомат панҷарае бисоз, то касе аз бомат наафтад+ ва хуни он шахс бар гардани хонаводаи ту набошад.
9 Токзори худро бо ду хел тухмӣ кишт накун.+ Агар ин хел кунӣ, ҳар он чӣ аз тухмии коштаат рӯяд, бо тамоми ҳосили токзорат аз муқаддасгоҳ мешавад.
10 Буққа ва харро якҷоя баста, ҷуфт накун.+
11 Либосе, ки ҳам аз пашм ва ҳам аз катон тайёр шудааст, напӯш.+
12 Бар чор канори ҷомаи худ шилшилаҳо бибоф.+
13 Агар мард зан бигирад, бо вай ҳамхоб шавад, вале баъдтар дилаш аз вай хунук шаваду 14 занашро айбдор кунад, ки гӯё вай покдоман нест ва ӯро бадном кунаду гӯяд: “Ман ӯро ба занӣ гирифтам, аммо, вақте бо вай ҳамхоб шудам, фаҳмидам, ки вай аллакай духтарияшро аз даст додааст*”, 15 пас, падару модари духтар далели бокирагии ӯро бояд ба пирон, назди дарвозаҳои шаҳр, биёранд. 16 Падари духтар бояд ба пирон бигӯяд: “Ман духтарамро ба ин мард ба занӣ додам, аммо ҳоло ӯ аз духтарам нафрат кардааст*. 17 Ҳозир ӯ духтарамро айбдор карда мегӯяд: “Духтари ту бокира набудааст”. Ин аст далели бокирагии духтари ман”. Сипас онҳо бояд он матоъро дар пеши назари пирони шаҳр паҳн кунанд. 18 Он гоҳ бигзор пирон+ он мардро гирифта, ҷазо диҳанд.+ 19 Бигзор ӯро ба қадри 100 сиқл* нуқра ҷарима кунанд ва он пулро ба падари духтар диҳанд, зеро он мард бокираи Исроилро туҳмат намуд.+ Ӯ тамоми умри худ бо он зан мемонад ва наметавонад аз занаш ҷудо шавад.
20 Аммо, агар гапи он мард рост бошад ва далеле пайдо нашавад, ки он зан бокира буд, 21 бигзор он занро назди дари хонаи падараш биёранд ва мардуми шаҳраш ӯро сангсор карда, кушанд, чунки вай дар хонаи падараш+ зино кардааст ва дар Исроил ба рафтори ифлосе даст задааст.+ Бадиро аз миёни худ дур соз.+
22 Агар марде бо зани шавҳардоре ҳамхоб шавад, ҳар ду бояд кушта шаванд: ҳам он марде, ки бо зан ҳамхоб шудааст, ва ҳам он зан.+ Бадиро аз Исроил дур кун.
23 Агар бокираеро, ки ба марде номзад шудааст, дар шаҳр марди дигаре бубинад ва бо вай ҳамхоб шавад, 24 ҳар дуяшонро назди дарвозаи шаҳр оварда, сангсор кунед ва бикушед: духтарро, барои он ки дар даруни шаҳр буд, вале дод назад, мардро, барои он ки ба номуси зани марди дигар даст дароз кард.+ Бадкориро аз миёни худ дур созед.
25 Аммо, агар он мард духтари номзадро дар саҳро бубинад ва ба зӯрӣ бо вай ҳамхоб шавад, он мардро бикушед, 26 аммо ба духтар даст нарасонед. Ӯ гуноҳи сазовори марг накардааст. Ин воқеа ба он монанд аст, ки як одам ба дигаре ҳамла кунаду ӯро бикушад.+ 27 Охир, он мард ӯро дар саҳро дид ва, ҳарчанд он духтар дод зад, ҳеҷ кас набуд, ки омада, ӯро халос кунад.
28 Агар марде бокираеро, ки ба касе номзад нашудааст, бубинаду ӯро дошта, бо вай ҳамхоб шавад ва ин маълум гардад,+ 29 марде, ки бо вай ҳамхоб шудааст, бояд ба падари он духтар 50 сиқл нуқра диҳад ва духтар зани вай мешавад.+ Азбаски он мард ба номуси духтар даст дароз намуд, ӯ тамоми умри худ наметавонад аз он духтар ҷудо шавад.
30 Ҳеҷ кас набояд зани падари худро бигирад, то падарашро бе нангу номус насозад.+