5 Мӯсо
24 Агар марде зане бигирад, вале аз сабаби ягон рафтори норавояш аз ӯ норозӣ гардад, ӯ бояд талоқнома+ навишта ба дасти он зан бидиҳад ва ӯро аз хонааш ҷавоб диҳад.+ 2 Баъд аз он ки вай аз хонаи шавҳараш меравад, метавонад зани марди дигаре шавад.+ 3 Аммо чунин шуданаш мумкин аст, ки марди дуюм низ ӯро бад бинад ва талоқнома навишта, ба дасташ диҳад ва ӯро аз хонааш ҷавоб диҳад. Дар ин сурат ва ё дар сурати аз олам гузаштани он мард, 4 шавҳари аввалаш, ки ӯро сар дода буд, наметавонад ӯро гашта ба занӣ бигирад, зеро он зан барои вай нопок гаштааст. Агар ӯ он занро дубора бигирад, дар назари Яҳува кори нафратоваре мекунад. Ба замине, ки Худоят Яҳува ба ту мерос медиҳад, гуноҳ наовар.
5 Агар марде нав зан гирифта бошад, ӯ набояд ба хизмати ҳарбӣ равад ва ба вай набояд ягон вазифаи дигар бор кунанд. Бигзор ӯ муддати як сол озод бошад, дар хонаи худ зиндагӣ кунад ва зани худро шод гардонад.+
6 Ҳеҷ кас набояд дастос* ё санги болои онро гарав бигирад,+ зеро ҳар кӣ чунин мекунад, ҷони касро* гарав мегирад.
7 Агар шахсе ёфт шавад, ки яке аз бародарони исроилии худро дуздида, ба вай зулм карда бошад ва ӯро фурӯхта бошад,+ он одамдузд бояд кушта шавад.+ Бадиро аз миёни худ дур кун.+
8 Вақте бемории махав* сар занад, бохабар бошед, то мувофиқи ҳама дастури коҳинони левизода амал кунед.+ Бохабар бошед, то айнан ҳамон тавре ки ман ба онҳо фармудам, амал кунед. 9 Дар ёд доред, ки Худоятон Яҳува, вақте ки шумо аз Миср берун меомадед, бо Марям чӣ тавр рафтор намуд.+
10 Агар ту ба ёрат чизе қарз диҳӣ,+ барои гирифтани гараве, ки ӯ доданист, ба хонааш надаро. 11 Дар берун истода интизор шав, то ӯ худаш гаравро бароварда, ба ту диҳад. 12 Агар шахс муҳтоҷ бошад, то гаравашро барнагардонӣ, хоб нарав.+ 13 Гарави ӯро ҳатман то нишастани офтоб баргардон ва ӯ бо либоси худ хобида,+ туро дуои нек кунад ва ин дар назари Худоят Яҳува кори савоб хоҳад буд.
14 Мардикореро, ки муҳтоҷ ва камбағал бошад, фиреб надеҳ, хоҳ ӯ бародарат бошад, хоҳ ғарибе, ки дар замини ту, дар шаҳри ту зиндагӣ мекунад.+ 15 Худи ҳамон рӯз, пеш аз нишастани офтоб, муздашро бидеҳ,+ чунки ӯ муҳтоҷ аст ва музди ӯ ҳаёти* ӯст. Агар чунин накунӣ, ӯ аз дасти ту сӯйи Яҳува фиғон мебардорад ва ту гуноҳ мегирӣ.+
16 Падарон барои гуноҳи фарзандон ва фарзандон барои гуноҳи падарон набояд кушта шаванд.+ Ҳар кас бояд барои гуноҳи худаш кушта шавад.+
17 Вақти ҳал кардани масъалаи ғариб ё ятим инсофро пушти по назан+ ва либоси бевазанро ба гарав нагир.+ 18 Дар хотир дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ ва Худоят Яҳува туро аз он ҷо раҳо кард*.+ Ана барои ҳамин ман имрӯз ба ту чунин амр медиҳам.
19 Агар, вақти дарави ҳосили саҳроят дарзаеро фаромӯш кунӣ, барои гирифтани он барнагард. Онро барои ғариб, ятим ва бевазан бигузор,+ то Худоят Яҳува туро дар ҳама корҳоят баракат диҳад.+
20 Вақте дарахти зайтунро зада афшонӣ, шохҳояшро дубора назан. Он чӣ боқӣ мондааст, бигзор барои ғариб, ятим ва бевазан бошад.+
21 Вақте ангури токзоратро мечинӣ, баргашта боқимондаи ангурҳоро начин. Он чӣ мондааст, бигзор аз они ғариб, ятим ва бевазан бошад. 22 Дар хотир дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ. Ана барои ҳамин ман имрӯз ба ту чунин амр медиҳам.