5 Мӯсо
9 Бишнав, эй Исроил! Имрӯз ту аз Урдун+ гузашта, замини халқҳои аз худ бузургтар ва пурзӯртареро забт мекунӣ.+ Ту шаҳрҳоеро соҳиб мешавӣ, ки ҳисорҳояшон сар ба фалак кашидаанд,+ 2 ва халқи бузургу қадбаландро мағлуб месозӣ, яъне аноқиёнро,+ ки дар бораашон ту медонӣ ва шунидаӣ, ки чунин гуфтаанд: “Кист, ки зӯраш ба писарони Аноқ расад?” 3 Пас, имрӯз бидон, ки Худоят Яҳува пешопеши ту мегузарад.+ Ӯ оташи сӯзанда аст+ ва онҳоро несту нобуд мекунад. Яҳува онҳоро дар пеши назарат мағлуб месозад, то ту онҳоро ба зудӣ бадар ронӣ ва несту нобуд кунӣ, ҳамон тавре ки ӯ ба ту ваъда додааст.+
4 Вақте Худоят Яҳува онҳоро аз пеши ту биронад, дар дил чунин нагӯ: “Яҳува маро аз сабаби росткориам ба ин замин овардааст, то онро соҳиб шавам”.+ Не, Яҳува онҳоро на аз сабаби росткории ту, балки аз сабаби бадкории онҳо+ аз пешат ронда истодааст. 5 Ту ин заминро на аз сабаби росткорӣ ва софдилият соҳиб мешавӣ. Худоят Яҳува ин халқҳоро аз сабаби бадкориашон аз пеши ту бадар меронад.+ Яҳува ҳамчунин ин корро барои он мекунад, то қавлеро, ки ба бобоёнат Иброҳим,+ Исҳоқ+ ва Яъқуб,+ дода буд, иҷро кунад. 6 Пас, бидон, ки Худоят Яҳува ин замини хубро ба ту на аз сабаби росткориат медиҳад, чунки ту халқи якрав* ҳастӣ.+
7 Дар ёд дор ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накун, ки чӣ тавр ту Худоят Яҳуваро дар биёбон ба хашм овардӣ.+ Аз рӯзи баромадан аз Миср то ба ин ҷо омаданатон шумо ба Яҳува зиддият мекардед.+ 8 Шумо ҳатто дар Ҳӯриб Яҳуваро ба хашм овардед ва Яҳува чунон ба ғазаб омада буд, ки мехост шуморо несту нобуд кунад.+ 9 Вақте ман барои гирифтани лавҳаҳои сангин+ ба кӯҳ баромадам, барои гирифтани лавҳаҳои аҳде, ки Яҳува бо шумо баста буд,+ дар кӯҳ 40 рӯзу 40 шаб мондам+ ва на хӯрок хӯрдаму на об нӯшидам. 10 Яҳува ба ман ду лавҳаи сангинеро дод, ки ангушти Худо бар онҳо навишта буд. Бар он лавҳаҳо ҳама суханоне навишта шуда буданд, ки Яҳува аз даруни оташ дар кӯҳ дар рӯзи ҷамъомад ба шумо гуфта буд.+ 11 Дар охири 40 рӯзу 40 шаб Яҳува ба ман ду лавҳаи сангин, лавҳаҳои аҳдро, дод. 12 Яҳува ба ман гуфт: “Бархез ва зуд поён фаро, зеро халқи ту, ки онро аз замини Миср берун овардӣ, ба кори ифлос даст задааст.+ Онҳо дарҳол аз роҳе, ки бо он рафтанро фармуда будам, дур шуда, барои худ бути рехтае сохтанд”.+ 13 Яҳува ба ман гуфт: “Ман дидам, ки ин халқ халқи якрав* аст.+ 14 Пас, маро бигзор, то онҳоро нобуд созам, ному нишонашонро аз зери осмон нест кунам ва ба ҷойи онҳо аз ту халқи пурзӯртар ва сершумортаре ба вуҷуд орам”.+
15 Баъд ман тоб хӯрда, бо ду лавҳаи аҳд дар даст аз кӯҳ фаромадам,+ дар ҳолате ки кӯҳ дар оташ месӯхт.+ 16 Сипас ман назар андохта, дидам, ки шумо бар зидди Худоятон Яҳува гуноҳ кардаед ва барои худ гӯсолаи рехтае сохтаед. Шумо аз роҳе, ки Яҳува фармуда буд, то бо он биравед, зуд дур шудед.+ 17 Аз ин рӯ ман ду лавҳаро гирифта, дар пеши чашмони шумо бо ду даст ба замин зада, шикастам.+ 18 Сипас ман мисли бори аввал пеши Яҳува афтода, дар давоми 40 рӯзу 40 шаб саҷда намудам. Ман ҳеҷ чиз намехӯрдаму наменӯшидам,+ зеро шумо гуноҳ карда, дар назари Яҳува бадкорӣ намудед ва ӯро ба хашм овардед. 19 Оташи ғазаби Яҳува бар шумо аланга зада буд+ ва ман аз ин сахт тарсида будам. Яҳува мехост шуморо несту нобуд созад, аммо ӯ ин дафъа ҳам ба овози ман гӯш дод.+
20 Яҳува чунон ба хашм омада буд, ки мехост Ҳорунро нест кунад,+ аммо ман он вақт дар ҳаққи ӯ ҳам аз Худо илтиҷо намудам. 21 Сипас ман гуноҳи шумо, яъне он гӯсоларо,+ гирифта, дар оташ сӯзондам. Ман онро зада-зада пора кардам, ба тавре ки мисли хок майда шуд ва сипас он хокро ба ҷӯе, ки аз кӯҳ мефаромад, партофтам.+
22 Баъд аз ин дар Табъира,+ дар Массо+ ва дар Қибрӯт-Ҳатааво+ низ шумо Яҳуваро ба хашм овардед. 23 Яҳува шуморо аз Қодеш-Барнеа+ фиристода, гуфт: “Баромада, он заминро соҳиб шавед, зеро ман онро ҳатман ба шумо медиҳам!” Аммо шумо боз ба фармони Худоятон Яҳува зид баромадед,+ ба ӯ имон наовардед+ ва ба гапи ӯ гӯш надодед. 24 Аз вақте ки ман шуморо мешиносам, шумо бар зидди Яҳува мебароед.
25 Ман дар давоми 40 рӯзу 40 шаб+ пеши Яҳува саҷда менамудам, зеро Яҳува гуфта буд, ки шуморо нобуд месозад. 26 Ман аз Яҳува илтиҷо намуда мегуфтам: “Эй Яҳува, Парвардигор! Халқи худро нест накун. Онҳо молу мулки туянд,+ ки онҳоро бо бузургият раҳо кардӣ* ва бо дасти пурзӯрат аз Миср берун овардӣ.+ 27 Бандагонат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқубро ба ёд овар.+ Аз якравии ин халқ, аз бадкорӣ, аз гуноҳи онҳо чашм пӯш.+ 28 Вагарна мардуме, ки аз заминашон моро берун овардӣ, чунин мегӯяд: “Яҳува натавонист халқашро ба замине, ки ваъда карда буд, биёрад ва, азбаски бадашон медид, онҳоро берун овард, то дар биёбон бикушад”.+ 29 Охир, онҳо халқи ту ва молу мулки туянд,+ ки онҳоро бо қуввати бузург ва бозуи пурзӯрат берун овардӣ”.+